Перейти к основному содержанию

12 ноябри соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ бахшида ба “16-уми ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.

Дар оғоз ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии миллати тоҷикон баён намуд.

Баъдан маърӯзаи мутахассиси шуъба Шукуфа Мавлододова шунида шуд.

Зикр гардид, гиромидошти Рӯзи Президент, ки аз соли 2016 инҷониб таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст, нишонае аз қадрдонии миллати мо ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.

Аз он рӯзи тақдирсоз, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд), ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, солҳои зиёде сипарӣ гардид. Мардуми кишвар дар симои ин Марди сиёсатмадор ва хирадманд Роҳбареро пайдо намуданд, ки сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзиашон шукуфоии кишварро боло бардошта, осоиштагиву беҳбудии зиндагиро боз ҳам хубтару беҳтар гардониданд. Маҳбубияти Сарвари миллат хурду бузургро фаро гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Кишвар дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дорои иқтидори хеле тавонои илмӣ гардид, ки ин дастовард вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари миллат мебошад.

Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар кишвар таҳия ва татбиқ мегарданд. Ин тамоми соҳаҳои илмро дар бар мегирад.

Имрӯз саҳми олимони тоҷик дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошад, махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа ҷолиби диққат аст. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар корҳои илмӣ –тадқиқотӣ рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.

Дар рафти ҳамоиш кормандони дигари шуъба зикр намуданд, ки ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри шукуфоии Ватан мебошад, ки мардуми шарифи он атрофашон муттаҳид шуда, ҷонибдориашон намуданд. Таҷлили ин Рӯзи саид нишонаи эҳтироми миллати мо нисбат ба Президенти маҳбуб аст.