Ноябрь 17, 2025 16:20
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориашон ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудаанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфу маҳбуб гардидаанд:
Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан. Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хизматгори шоистаи халқи худ буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи худ умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама, ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи 34 соли мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки дар мадди аввал ҳомии истиқлоланду содиқ ба миллат. Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Сарвари давлат хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайриимкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Ҳама талошу заҳмат ва ҷонисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда буд. Сарвари давлат савганд ёд намуда, гуфтанд: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар раванди 34 соли мактаби давдатдориашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намуда истодаанд.
Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз дарди халқ бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намоянд. Аз байни халқ баромадан ва ҳамеша бо халқ будан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуб гардонид. Хизмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуданд. Бо ин хизмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид. Пешвои миллат ба таври хеле хуб дарк карда буданд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёди давлати навини миллиро рӯёрӯ гузоштааст.
Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми сиёсати давлатиро ба дӯш гирифтанд, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад, ҳеҷ аркони собиту устувори давлатӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳиме, ба монанди Конститутсия, артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта, ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро пеш гирифта буданд. Хатари ба тамомияти арзии ҷумҳурӣ таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди иҷлосия қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳамияти муҳим доштанд. Муҳимтарин хизмати Роҳбари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандиашон мебошад, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.
Таҳкими робита бо халқ ва дарки ниёзу мушкилоти ӯ. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Сарвари давлат ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта, таъкид намуданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Пешвои миллат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ намуданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсиашонро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ намуданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ думболи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад. Муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. Ҳамчунин ташрифи Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки ба ҳукми анъана даромадааст, нишоне аз мардумӣ буданашон аст.
Ворид будан ба сиёсати бузурги ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибат ба роҳ мондааст. Ҳамчунин давоми 34 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, бо оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардиданд. Маҳз баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҷумҳурии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид.
Ҳимояи мақом ва манфиатҳои давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда мақом ва ҷойгоҳи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро тавассути ташаббусҳои башардӯстонаашон устувор намуданд. Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, барои таҳкими мақоми ҷумҳурӣ корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ифтихори миллӣ. Бе муболиға, барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби «Авасто» (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абӯалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2009), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани ин гуфтаҳост. Ҳамаи ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати бағоят бузург баргузор гардиданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон «Авасто» мебошад. Таҷлили бошукуҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби «Авасто» ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.
Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон солҳои охир дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст. Мақсади он босаводкунии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва ғайра ба боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.
Маҳз сиёсати дурандешона ва хирдамандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо назардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз бо боварии хосса метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2025/11/emomal-ra-mon-peshvoi-so-ibmaktab-va-siyosatmadori-a-on-e-do-ba-r-zi-prezidenti-to-ikiston/
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, академик

