Перейти к основному содержанию

21 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии фалсафа” дар мавзуи «Ташаккул ва таҳаввули парадигмаҳои нави илмӣ-фалсафӣ дар шароити муосири Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз ёфт. Ӯ доираи васеи масъалаҳои марбут ба нақши фалсафа дар раванди рушди ҷомеаи муосир, зарурати таҳкими тафаккури илмӣ ва татбиқи дастовардҳои фалсафаи ҷаҳониро дар муҳити илмиву фарҳангии кишвар мавриди баррасӣ қарор дод.

Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода дар сухани табрикотии хеш қайд намуданд, ки фалсафа ҳамчун неруи созандаи тафаккур дар давраҳои пуртазод ва пуртаҳаввули ҷаҳони муосир нақши муҳим дорад.

Дар қисмати илмии ҳамоиш олимону муҳаққиқон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффарӣ М. дар мавзуи «Масъалаи мубрами фалсафӣ: зарурати гузариш аз дарки ҳиссӣ-ҳушӣ ба тафаккури тафридӣ», доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов А.А. дар мавзӯи «Философия и когнитивные науки», доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Р.З. дар мавзӯи «Мушкилоти истилоҳсозӣ дар забони илмии фалсафаи муосири тоҷик», муҳаққиқ-коромӯз Башир Азизӣ дар мавзӯи «Фалсафа ва зеҳни сунъӣ» бо маърузаҳои худ баромад карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии китоби нави муҳаққиқ Саидҷон Аҳмадов бо унвони “Назарияҳо ва методологияи илмии диншиносӣ” баргузор гардид. Муаррифиро профессорон Х.М. Зиёӣ ва Н.С. Саид анҷом дода, аҳамияти илмиву амалии китобро дар соҳаи диншиносӣ ва фалсафаи дин баланд арзёбӣ намуданд.

Сипас доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидҷон Аҳмадов бо суханронӣ дар мавзуии “Вазъи таҳқиқи фалсафаи дин ва дурнамои он дар Тоҷикистон” баромад карда, самтҳои нави тадқиқоти илмиву фалсафӣ дар соҳаи диншиносиро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар бахши муҳокимаҳо иштирокчиён доир ба масъалаҳои рӯзмарраи фалсафа, масъалаҳои методологӣ, мушкилоти истилоҳот ва имкониятҳои рушди таҳқиқоти когнитивӣ ва фалсафаи дин мулоҳизаҳои муфид баён намуданд.

Дар фарҷом ба чанде аз муҳаққиқон ва иштирокчиёни фаъоли Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва факултети фалсафаи ДМТ Ифтихорнома ва мукофотҳо супорида шуданд.

Конференсия дар фазои илмиву эҷодӣ баргузор гардида, ҳамчун як чорабинии муҳим дар таҳкими фарҳанги фалсафии ҷомеа ва рушди фикри илмии кишвар арзёбӣ мешавад.