Перейти к основному содержанию

Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки илм, технология ва иттилоот ба унсури асосии пешрафт табдил ёфтаанд, нақши занон ҳамчун нерӯи созанда ва омили муҳими такомули зеҳнии миллат бештар аз ҳар вақти дигар равшан мегардад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи рушди устувори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб намуд, маҳз тавассути ҷалби неруи муассири занон дар соҳаҳои илм, маориф, технология ва идоракунии давлатӣ тавонист заминаҳои муҳим барои пешрафти илми миллӣ ва рушди кадрҳои баландихтисос фароҳам созад. Дар ин раванд, нақши олима-занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, ҳамчун неруи фаъоли зеҳнӣ самтҳои муҳими илму техника, гуманитария, тиб, биология, физика, математика, химия, ҷомеашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангиро рушд медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки рушди илми миллӣ бе иштироки фаъоли занон имконнопазир аст. Дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи илм Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Занони бомаърифат ва соҳибтаҷриба дар ҷомеа неруи бузурги зеҳнӣ мебошанд ва иштироки онҳо дар таҳқиқотҳои илмӣ яке аз омили муҳимтарини пешрафти кишвар ба шумор меравад». Ин суханон на танҳо ҷиҳати арзёбии фаъолияти олима-занони тоҷик аст, балки ҳамчун дастур барои сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии неруи зани илмдӯст дар кишварамон хизмат мекунанд.

Агар ба таърихи рушди илми тоҷик назар афканем, мебинем, ки фаъолияти занон дар илм ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт, аммо маҳз даврони Истиқлолият шароити воқеӣ барои рӯй додани таҳаввулоти ҷиддӣ дар самти иштироки занон дар илму технология фароҳам овард. Солҳои аввали Истиқлолият, ки ба кишвар вазъияти қариб фалокатбори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳмил карда буд, боиси коҳиши фаъолияти бисёр муассисаҳои илмӣ гардид. Бо вуҷуди ин, маҳз сиёсати ояндабинона ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имкон дод, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на танҳо аз бӯҳронҳои пасоҷангӣ раҳо ёбад, балки ба маркази қавии илмӣ табдил ёфта, неруи нав ва ҷавони муҳаққиқон, аз ҷумла занон, ба фаъолияти илмӣ ҷалб карда шаванд.

Имрӯз даҳҳо зани олим дар сохторҳои мухталифи Академияи миллии илмҳо кору фаъолият доранд: дар Институти физика ва математика, Институти химия, Институти биофизика ва физиологияи растаниҳо ва ҳайвонот, Институти шарқшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Институти таърих, археология ва мардумшиносӣ, Институти иқтисод ва демография ва даҳҳо самтҳои дигар. Ҳузури онҳо нишон медиҳад, ки илми тоҷик дар заминаи гендерӣ мутавозин ва устувор рушд мекунад.

Меҳнати занони олим дар солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ, қадами муҳиме дар рушди неруи технологӣ ва инноватсионии Тоҷикистон аст. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодиёт дар асоси технологияҳои муосир такя кунад ва дар ин кор занон бояд нақши фаъол дошта бошанд. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Бе иштироки занони соҳибмаърифат дар рушди илм ва технология пешрафти воқеии кишвар имкон надорад. Мо вазифадорем, ки барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам созем ва неруи зеҳнии онҳоро ба манфиати ҷомеа равона созем». Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди баробарҳуқуқонаи илм ва дастгирии зани омӯзанда, муҳаққиқ ва биноқкор равона шудааст.

Олима-занони Академияи миллии илмҳо имрӯз дар самтҳои муҳими таҳқиқотӣ фаъолияти густурда доранд. Дар илмҳои табиӣ, махсусан химия, биология, геология, физика ва математика, олимаҳо дар таҳқиқоти асосӣ ва амалӣ ширкат меварзанд. Бисёре аз онҳо дар таҳқиқоти марбут ба экологияи Тоҷикистон, кашфи хӯлаҳои нав дар асоси металҳои ранга ба монанди рӯҳу алюмини, мис ав ғайра, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, омӯзиши таҳияи маводҳои нав, таҳқиқи обҳои зеризаминӣ ва омӯзиши равандҳои биохимиявӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ олима-занон дар таҳқиқи таърихи тоҷикон, ҳифзи мероси ғайримоддӣ, омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанг, таҳлилҳои ҷомеашиносӣ ва равандҳои иҷтимоӣ пешсаф мебошанд. Ин фаъолияти густурда на танҳо илми моро ғанӣ мегардонад, балки симои байналмилалии илмии Тоҷикистонро низ муаррифӣ менамояд.

Бартарии фаъолияти занони олим дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо дар баробари тадқиқоти илмӣ ба рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Зани олима на танҳо муҳаққиқ аст, балки устод, тарбиягар, роҳнамо ва илҳомбахш низ мебошад. Маҳз фаъолияти онҳо буд, ки имрӯз даҳҳо духтарони ҷавон ба илм рӯ овардаанд, дар магистратура, докторантура ва унвонҳои илмӣ таҳсил мекунанд ва худро дар нигоҳ доштани иқтидори зеҳнии кишвар масъул ҳис менамоянд. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин равандро чун дастоварди муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд: «Духтарон ва занони тоҷик имрӯз дар раванди таҳсил ва илм пешсаф буда, ин амали неки онҳо барои рушди устувори давлату миллат хизмат мекунад».

Нақши занон дар илм ба сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо вобаста аст. Қонуну барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Қонун дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон», «Стратегияи миллии фаъолсозии нақши занон», «Барномаи давлатии дастгирии занони шаҳрванд» ва дигар санадҳои меъёрӣ имкон доданд, ки иштироки занон дар илм афзоиш ёбад. Ин ҳуҷҷатҳо шароити мусоид барои таҳсил, такмили ихтисос, дастрасӣ ба грантҳои илмӣ, иштирок дар лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои байналмилалиро фароҳам намудаанд.

Ҳамин тавр, давлати Тоҷикистон тавассути меъёрҳои қонунгузорӣ раванди густариши неруи илмии занонро таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ - аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар - заминаи мустаҳкам мегузорад.

Илова бар ин, фаъолияти олима-занон дар Академияи миллии илмҳо на танҳо ба илми миллӣ, балки ба муносибатҳои байналмилалии илмӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Онҳо дар форумҳои байналмилалӣ, семинарҳо, конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ иштирок мекунанд, бо донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии кишварҳои ҷаҳон робитаи илмӣ барқарор намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои неруи зеҳнии қавӣ муаррифӣ мекунанд. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани эътибори иҷтимоӣ ва илмии занони тоҷик мусоидат намуда, ҳамкориҳои илмиро бо кишварҳои пешрафта густариш медиҳанд.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки фаъолияти олима-занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифодаи равшани сиёсати давлат оид ба рушди неруи инсонӣ, баробарии гендерӣ ва такя ба неруи зеҳнии занон дар пешрафти илм ва ҷомеа мебошад. Саҳми онҳо дар рушди илмҳои табиӣ, гуманитарӣ, техникиву иҷтимоӣ на танҳо аҳамияти илмӣ дорад, балки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар низ муҳим аст. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханони худ таъкид намуда буданд: «Зани тоҷик имрӯз рамзи маърифат, неруи созанда ва пояи устувори давлатдорист». Ин арзёбӣ на танҳо воқеияти ҷомеаи морост, балки ҳадафи стратегӣ барои рушди минбаъдаи илми миллӣ мебошад. Ба ҳамин тартиб, нақши занон дар таҳкими пешрафти илм ва технология дар Тоҷикистон имрӯз ба унсури ҷудонопазири рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ин амр дар заминаи сиёсати давлат, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати беинтиҳои олимаҳои тоҷик амалӣ мегардад.

Аминова Нигора Аминовна, н. и. т., мудири Озмоишгоҳи Маводшиносии Институти химияи ба номи В.И. Никитин.

Шарифзода Сурайё, Раиси шурои занон «Бонувони муваффақ»-и Раёсати АМИТ