Перейти к основному содержанию
Паёми навбатии Пешвои миллат тараннуми қудрату дастовардҳои миллат дар давоми даврони истиқлол, ба таври возеҳу равшан ба тамаддуни ҷаҳон намоиш додани он аст, ки чӣ тавр дар шароити озодиву амну осоиштагӣ як миллати куҳанбунёди мутамаддин метавонад ба комёбиҳои ҳамаҷонибаи назаррас ноил гардад.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дастоварҳои мазкур, ки ба он халқу миллати тоҷик таи даҳ соли ахир бо меҳнати шарафмандона, иттиҳоду ваҳдати комил ба пешвози ҷашни ҳуҷастаи 35-мин солгарди Истиқлоли худ расиданд, бешак намоёнгари қудрату неруи халқ, хираду дониши азалии он, вафодорӣ ба арзиши олӣ-сулҳу осудагӣ ва фарҳангсолориву илмдустии он мебошад. Ин комёбиҳо ва ободкориҳои ҳамасамта қудрату тавоноии моро афзун карда ояндаи некро ба фарзандони мо омодаву фароҳам меоранд.

Зимни баршумории дастовардҳои назаррасии халқи шарафманди тоҷик дар арсаи сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодиёти хоҷагии халқ, соҳибкориву тиҷорат, ободонии кишвар ва ҳалли мушкилаҳои энергияву коммуникатсия ва баҳодиҳии хуби онҳо, Пешвои миллат нуктаҳои муҳиму стратегии рушди минбаъдаи давлати тоҷиконро муайян ва мушаххас намуданд. Дар ин самт нақши илми тоҷик ва махсусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ягона ниҳоди таҳқиқоти бунёдӣ таъкид ва мушаххас карда шуд. Аслан, хусусияти паёми Пешвои миллат дар соли 2025 дар он аст, ки нақши илму маъориф дар он ба сафи аввал бароварда шуда аст. Дар он таъкид гардид, ки ҳуқумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат аз рузҳои аввали расидан ба истиқлол, рузҳои сахту вазнини 90-ми асри ХХ мақоми илму олимро дар рушди минбаъдаи кишвар хеле хуб медонистанд ва аз аввалин иқдомҳои давлати навтаъсиси Тоҷикистони мустақил дастгирии Академияи миллии илмҳо ва нагузоштани пошхурӣ ва аз баён рафтани неруи заҳнии он будааст. Бинобар ин Паёми навбатиро агар равонашуда ба рушди илму маориф, арҷгузорӣ ба мақому мартабаи илму донишу таҳқиқот дар замони муосир номем, хато нахоҳем кард. Боиси таъкид аст, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз панҷ маротиба муроҷиат намуда ба аҳли илм супоришҳои мушаххас доданд.

Яке аз вазифаҳои муҳими олимони академиро Пешвои миллат таъмини пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ номиданд, ки ҳоло дар ҷаҳони муосир яке аз равандҳои босуръат рушдкунанда мебошад. Ин вазъият тақозо менамояд, ки ин дастовардҳои илмӣ дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Пешвои миллат зимнан парламенти кишварро вазифадор намуданд ки чораҳои заруриро барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ андешанд.

Ҳамчунин Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Пешвои миллат аз зарурати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ёдовар шуда ниёзмандии ҷомеаро дар таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ таъкид намуданд ва андешидани чораҳои фавриро дар ин соҳа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия супориш доданд.

Ҳамчунин ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз самтҳои муҳими рушди давлати муосири мо қувват бахшидани гардиши ғайринақдии пул мебошад, ки бевосита ба рушди иқтисодии кишвар таъсири мусбат дорад. Дар самт ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшида Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои боз ҳам содда кардани раванди пардохтҳои ғайринақди барои аҳолӣ ҳаракатҳои муассир намояд. Дар ин самт супориш дода шуд, ки ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Тавре возеҳу равшан аст ва аз таъкидҳои зиёди Пешвои миллат бармеояд, ояндаи башар вобаста ба рушди илму техника, технологияҳо ва алалхусус зеҳни сунъӣ мебошад. Давлат ва миллате, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ба рушди илму маърифат, донишу пажуҳиш аҳамият намедиҳад, натанҳо аз равандҳои ҷаҳонӣ дур мемонад, балки дар он хавфи аз байн рафтан таҳдид мекунад. Бинобар ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи мо ҳарчӣ зудтар фароҳам овардани шароити воридшавии бемайлон ба равандҳои муосири рушди зеҳни сунъи ва дар ин масир пайдо намудани ҷою мақоми худ мебошад. Бинобар ин яке аз супоришҳои аввалин дар ин соҳа таъсиси Дата сентрҳо гардид, ки маркази ягонаи серверӣ ва нигаҳдории иттилоот мебошад. Пешвои миллат шароити Тоҷикистонро, ки обҳои сард дорад, барои ташкили ин гуна марказҳои технологии муосир мусоид ва даромади аз онҳо ба даст меомадаро хеле самаранок номиданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки замони муосир ва вазъи муташанниҷи он моро маҷбур менамояд, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

Дар баробари баршумории дастоварҳои назарраси кишвар аз ворид намудани техника ва технологияҳои нави рақамӣ дар соҳаи ҳисоб ва сарфаи барқ, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва соҳибкориву андоз Пешвои миллат боз ҳам ривоҷу равнақ додани онро аз соҳаҳои марбута талаб намуда бо мисолҳои мушаххас фоидаи ба даст омадаро нишон доданд ва ояндабинии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро аз ин ҳисоб пешниҳод карданд.

Дар паём нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид гардида гуфта шуд, ки гузашти айём аҳамиятнокии афзояндаи ташаббусҳои байналмилалиро нисбат ба ҳифзи обу иқлим, пиряхҳо, муҳити зист, сулҳу амнияти сартосарӣ, мубориза бо зуҳуроти манфури экстремизму терроризм ва ҳар гуна ифротгароиро нишон медиҳад. Махсусан зарурати омузиши пиряхҳоро дар ҳифзи обу иқлим таъкид намуда Пешвои миллат супориш доданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Аз ҷумлаи ташаббусҳои фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардидани як идда ёдгориҳои таърихии тоҷикон, аз ҷумла Навруз, Саразм, Хулбук, Хутал, ҳунарҳои мардумӣ монанди чакан, сузанӣ, шахсиятҳои таърихӣ монанди Борбади Марвазӣ ва Робиаи Балхӣ ва дигарон сухан ронда ин чорабиниҳоро дар рушди тафаккур ва ҳувияти миллӣ, густариши анъанаҳои мусбати аҷдодӣ, таъмини инкишофи фарҳанги миллии тоҷик калидӣ ва идомаи онро муфид номиданд.

Дар паёми навбатии Пешвои миллат сипосу миннатдории ҳуқумати кишвар аз фаъолнокии соҳибкорону хайрандешон ироа гардида нақши онҳо дар ободонии гушаву канори ватан барҷаставу таърихӣ дониста шуд.

Дар самти иҷтимоӣ низ пешниҳодҳои навбатии Пешвои миллат барои рушду нумуи кушишу ғайрат ва ташаббускориву саҳмгузории ҳар як фарди ҷумҳурӣ равона гардида оид ба зуд кардани музди меҳнати соҳаҳои буджетӣ аз 1 сентябри соли 2026 аз 20 то 25 фоиз зиёд шудан, расонидани ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба 1300 сомонӣ ва ба андозаи на камтар аз 15 фоиз индексатсияи нафақа супориш дода шуд.

Бо муроҷиат ба ҷавонону занон нақши ин қишри аҳолӣ дар рушду нумуи кишвар таъкид карда шуда пешгирӣ аз хавфи гаровидани ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб ва занону бонувон ба расму оин ва анъанҳои фарҳангии бегона таъкид гардид. Ба занон муроҷиат намуда Пешвои миллат зарурати ҳифзи арҳишҳои волои миллӣ, либосу фарҳанги аҷдодии либоспуширо ҳамчун вазифаи ҷонии занону бонувон номбар карда аз онҳо даъват намуданд, ки аз сулҳу амнияти кишвар, озодиву ободии ватани азизи худ шукргузорӣ намоянд ва ба қадри онҳо бирасанд. Бо арзи эътимоди комил Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.

Пешвои миллат аз вазъи мураккаби ҷаҳон ва манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ёдовар шуда дар ин вазъият барҷаста шудани нақши мақомоти қудратӣ ва амниятиро таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки қувваҳои мазкур ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард»ро шуронида, яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалиро ба бур овардаанд, ки ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит бешак нақши мақомоти амниятӣ бамаротиб афзуда аз кормандони он матонату зиракӣ ва сатҳу сифати олии иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар ҳифзи бехатариву амнияти кишварро талаб менамояд. Хеле ҷиддӣ будани вазъияти мазкурро бори дигар таъкид намуда Пешвои миллат афзуданд, ки дар чунин шароит зарурати дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвият бахшидани саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир аҳамиятнок ва муҳим мегардад.

Пешвои миллат азми Тоҷикистонро дар татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қавӣ номида, идомаи фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» эълом доштанд.

Барои сазовор ва дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Муҳиба Маҳмадҷонова - сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор.