Перейти к основному содержанию

(Таҳлили вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио)

Дар рӯзҳои 18-20 декабри соли 2025 шаҳри Токиои Ҷопон мизбони аввалин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мегардад. Ин чорабинӣ, ки баъд аз 20 соли фаъолияти қолаб дар сатҳи вазирон ва коршиносон баргузор шуд, марҳилаи нави ҳамкориҳои минтақавиро ифтитоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон 18 декабри соли 2025 ташриф оварда, дар арафаи ин як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд. Ин сафар на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, имкониятҳои навро барои ҷалби сармоя, технологияҳо ва ҳамкории иқтисодӣ боз менамояд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон бо як қатор вохӯриҳои муҳим ҳамроҳ буд, ки ҳар кадоме дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба саҳми калон мегузоранд:

1. Вохӯрӣ бо Раиси Гурӯҳи байнипарумониии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон – Ҷопон» Кейҷи Фуруя (19 декабр). Дар ин мулоқот саҳми дипломатияи парлумонӣ дар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияи иттилотӣ, технопаркҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин вохӯрӣ аҳамияти байнипарлумониро ҳамчун механизми муассири ҳуқуқии таҳкими муносибатҳо нишон медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон-Ҷопон» як механизми муҳими дипломатияи парлумонӣ аст, ки барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Парламенти Миллии Ҷопон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мерасонад. Ин гурӯҳ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки аз 2 феврали соли 1992 оғоз ёфтааст, фаъолият мекунад. Гурӯҳ дар Парламенти Миллии Ҷопон солҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо аъзоҳои нави он дар аввали соли 2018 ташкил шудаанд. Ин навсозӣ пас аз интихоботҳои парлумонӣ дар Ҷопон сурат гирифт ва ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ буд. Аввалин вохӯрии расмии гурӯҳ дар соли 2019 баргузор шудааст, ки ин марҳилаи фаъолшавии онро нишон медиҳад. Аз тарафи Тоҷикистон гурӯҳ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст. Ин муносибатҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи парлумонӣ аз солҳои 2010-ум фаъолтар шудаанд, аммо таъсиси расмии гурӯҳҳои дӯстӣ ба солҳои 2018-2019 рост меояд. Нақши гурӯҳ дар таҳкими муносибатҳо пас аз таъсиси Сафорати Ҷопон дар Душанбе (соли 2002) ва сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ афзоиш ёфт. Масалан, дар соли 2018 сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо раҳбарияти гурӯҳ вохӯрд ва интихоби навро табрик кард. Гурӯҳ асосан дар тарафи Ҷопон ташкил шудааст ва ҳамчун лигаи парлумонӣ фаъолият мекунад. Аъзоҳо асосан аз парлумонҳои ду кишвар иборатанд ва ҳадафи онҳо пешбурди муколамаи байнипарлумонӣ аст. Гурӯҳ ҳамчун василаи ғайрирасмӣ барои муҳокимаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ хидмат мекунад. Гурӯҳ нақши калидӣ дар густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон мебозад, хусусан дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ. Соли 2018 вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Соли 2019 аввалин вохӯрии расмӣ, ки ба масъалаҳои амният ва рушди муштарак бахшида шуда буд, баргузор гардид. Соли 2024-2025 вохӯриҳо бо сафирони Тоҷикистон дар Ҷопон иштирок дар EXPO-2025 дар Осака ва конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гузаронида шудаанд. Гурӯҳ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод (ҷалби сармояи Ҷопон), иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф), сайёҳӣ, технологияҳои нав (технологияи иттилотӣ, технопаркҳо) ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ мекунад. Он ҳамчун василаи муҳим барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар чаҳорчӯби кӯмакҳои расмии рушди Ҷопон (ODA) шинохта шудааст. Гурӯҳ дар пешбурди дипломатияи парлумонӣ кӯмак мерасонад, ки ин ба таҳкими муносибатҳои умумӣ байни ду кишвар мусоидат мекунад. Масалан, сафарҳои Кейҷи Фуруя ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар ташаккули сиёсати Ҷопон нисбат ба Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидаанд. Ин гурӯҳ қисми низоми васеътари лигаҳои дӯстии парлумонии Ҷопон аст, ки бо кишварҳои гуногун (масалан, Куба, Тайван) ҳамкорӣ мекунад.

2. Вохӯрӣ бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака. ҶАЙКА ҳамчун шарики асосии рушди Тоҷикистон шинохта шуда, лоиҳаҳои муштарак дар энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ гардиданд. Имзои созишномаҳои нави грантӣ ва ҷалби қарзҳои имтиёзноки иенӣ аз натиҷаҳои муҳим буданд. Ин ҳамкорӣ барои татбиқи «технологияҳои сабз» ва энергетикаи барқароршаванда аҳамияти калон дорад.

ҶАЙКА (JICA) — ин Агентии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон ва масъули асосии расонидани кӯмаки расмии рушд барои кишварҳои рӯ ба рушд аст. Он солҳои 1950-ум оғоз ёфта, соли 2003 ҳамчун муассисаи мустақили маъмурӣ ташкил шудааст. Ҳадафҳои фаъолияти он кӯмак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, пешбурди ҳамкории байналмилалӣ, таъмини амнияти инсонӣ (масалан, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор) мебошад. Расонидани грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, ҳамкории техникӣ, фиристодани ихтиёриён, омӯзиши мутахассисон дар Ҷопон ба самтҳои асосии фаъолияти он дохил мешаванд. ҶАЙКА яке аз калонтарин ташкилотҳои дуҷонибаи кӯмакрасонии рушд бо қароргоҳои худ дар зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон аст. Ҳамкорӣ ҶАЙКА бо Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз шудааст (бо даъвати мутахассисон ба Ҷопон барои омӯзиш дар соҳаҳои идоракунӣ ва иқтисод). Қароргоҳи расмӣ дар Душанбе соли 2006 кушода шуда, зиёда аз 2000 нафар тоҷикон дар Ҷопон ба омӯзиш сафарбар гардиданд. Соҳаҳои асосии фаъолияти он рушди деҳот ва кишоварзӣ (масалан, ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои тухмии картошка ва агробизнес), таъминоти об ва санитария (беҳтаркунии системаҳои обтаъминкунӣ, масалан, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиёда аз 50 ҳазор нафар), тандурустӣ (ҳифзи саломатии модар ва кӯдак), нақлиёт (сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо, беҳбуди фурудгоҳи Душанбе), маориф, энергетика ва дигар соҳаҳо. ҶАЙКА волонтёрон (ихтиёриён) ва мутахассисон мефиристад, масалан, барои омӯзонидани забони ҷопонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷиистон.

3. Вохӯриҳо бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ (РОТОБО ва JOGMEC). Дар мулоқотҳо бо Масами Ииҷима ва Ичиро Такаҳара имкониятҳои сармоягузорӣ дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, дорусозӣ, энергетикаи барқароршаванда ва истихроҷи маъданҳо муҳокима шуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои нодир ва мавқеи муносиби логистикӣ муаррифӣ гардид.

РОТОБО - Ассотсиатсияи савдо бо Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад, ки дар Ҷопон таъсис ёфта, ҳамчун ниҳоди ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ширкатҳо ва муассисаҳои ҷопон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии РОТОБО мусоидат ба густариши савдо ва сармоягузорӣ байни Ҷопон ва кишварҳои ИДМ, пешниҳоди маълумоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва бозор ба ширкатҳои ҷопон; дастгирии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ; таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва институтсионалӣ. Самтҳои фаъолияти РОТОБО ташкил ва баргузории форумҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои тиҷоратӣ, мусоидат ба сафарҳои кории намояндагони ширкатҳо, таҳлили бозорҳо ва омода намудани ҳисоботҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ. РОТОБО ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Тоҷикистон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самтҳои инфрасохтор, энергетика, захираҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ҳамкориро ташвиқ мекунад.

JOGMEC - Созмони Ҷопон оид ба амнияти металлҳо ва энергетика ниҳоди давлатӣ-нимҳукуматии Ҷопон буда, бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва захираҳои табиии кишвар фаъолият мекунад. JOGMEC дар натиҷаи муттаҳид шудани чанд сохтор соли 2004 таъсис ёфтааст. Вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии JOGMEC таъмини дастрасии устувори Ҷопон ба захираҳои нафту газ, ангишт ва металлҳои стратегӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва манбаъҳои энергетикӣ, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ дар хориҷ, нигоҳдории захираҳои стратегии нафту газ, рушди технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои энергетика ва маъданкорӣ аст. Самтҳои фаъолияти JOGMEC маблағгузорӣ ва кафолати қарз барои лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии истихроҷи захираҳо, тадқиқоти геологӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика мебошад. JOGMEC бо бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Африка ва Амрикои Лотинӣ ҳамкорӣ дошта, ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нафту газ, металлҳои нодир ва стратегӣ, энергияи устувор мусоидат менамояд. Аҳамияти JOGMEC барои кишварҳои шарик (аз ҷумла Тоҷикистон) дар ҷалби сармоя ва технологияҳои ҷопон, омӯзиши мутахассисон, рушди соҳаи маъдан ва энергетика тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

4. Вохӯрӣ бо Императори Ҷопон Наруҳито. Ин мулоқоти протоколии олӣ рамзи эҳтироми мутақобила ва таҳкими муносибатҳои дӯстона буд. Дар ҷараёни ин мулоқоти сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба таъкид гардида, саҳми Ҷопон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус тавассути Кӯмакҳои расмӣ барои рушд (ODA) баланд арзёбӣ шуд, масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои байни мардумон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Императори Акихито ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ғании халқи тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии ҷониби Ҷопонро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳо иброз доштанд. Муҳтарам Наруҳито Императори кунунии Ҷопон мебошад. Ӯ 1 майи соли 2019 пас аз истеъфои падаронашон — Императори пешини Ҷопон муҳтарам Акихито — ба тахти императорӣ нишаст. Тибқи Конститутсияи Ҷопон Император рамзи давлат ва ваҳдати миллат буда, дар фаъолияти сиёсӣ мустақиман иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, ӯ дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Самтҳои таваҷҷуҳи Император Наруҳито ин масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои об, ҳамкории байналмилалӣ ва сулҳ, рушди фарҳанг ва табодули тамаддунҳо щисобида мешавад. Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито дар таҳкими равобити дӯстона миёни Ҷопон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

5. Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу. Дар ин ҷо дипломатияи парлумонӣ ва ҳамкории иқтисоди рақамӣ, «технологияҳои сабз» ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Парлумони Ҷопон, ки Коккай номида мешавад, аз ду палата иборат аст: 1. Палатаи намояндагон ва 2. Палатаи мушовирон. Палатаи мушовирон қонунҳоро баррасӣ, таҳрир ва тасдиқ мекунад, инчунин ба қонунҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ менамояд. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои ин палата баррасии қонунҳо ва пешниҳоди тағйиротҳо, назорат бар фаъолияти ҳукумат, тасдиқи номзадҳо ба вазифаҳои муҳими давлатӣ (масалан, муовинони вазирон, баъзе мақомоти судӣ), тавсия додан ва машварат бо палатаи намояндагон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ аст. Палатаи мушовирон бештар ҳамчун палатаи баррасии таҳрирӣ ва машваратӣ амал мекунад. Қонунҳо одатан аввал аз Палатаи намояндагон мегузаранд, баъд ба Палатаи мушовирон меоянд, агар палатаҳо ба қонун мувофиқ набошанд, қарорҳо аксаран бо тасмими палатаи намояндагон ҳал карда мешаванд. Ба таври умум, Палатаи мушовирон ҳамчун ниҳоди баррасии қонунҳо ва машварат дар низоми парлумонии Ҷопон нақши калидӣ дорад, ки ба мувозинат ва назорати ҳукумат мусоидат мекунад.

Ин вохӯриҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти калон доранд, зеро онҳо заминаи ҳуқуқии созишномаҳои нав, ҷалби сармоя ва ҳифзи манфиатҳои миллиро мустаҳкам мекунанд. Дар вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми Ҷопон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ - энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ - муайян гардиданд.

Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» соли 2004 таъсис ёфта, то имрӯз ҳамчун платформаи муҳими ҳамкории минтақавӣ фаъолият мекунад. Баргузории аввалин ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо дар Токио нишонаи гузариш аз кӯмакҳои рушдӣ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Барои Тоҷикистон ин формат имконият медиҳад, ки захираҳои табиӣ, мавқеи географӣ ва сармояи инсонии худро ҳамчун омилҳои ҷалби сармояи ҷопон пешниҳод кунад.

Вохӯриҳои дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ гардиданд. Ин чорабиниҳо имкониятҳои навро барои рушди иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузориҳои мустақим боз намуданд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Токиои Ҷопон барои анҷом додани вохуриҳо бо намояндагони воломақоми Ҷопон ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ояндаро мустаҳкам карда, ба таъмини рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор