Нимаи дуюми рӯзи 24 майи соли равон дар толори калони маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» бахшида ба бузургдошти файласуф ва санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов баргузор гардид.
Дар оғоз директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки воқеан, фарҳанг сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеа, неруи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ки дар шаклу намудҳои гуногуни ташкили ҳаёт, таҳияи арзишҳои моддию маънавӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад. Ченаки муайянкунанда, асоси ҳаётии инсон ва чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баҳо додаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Қайд гардид, ки вобаста ба вусъатёбии раванди бархӯрди тамаддунҳо донишмандони ҷомеашиноси тоҷикро масъулияту вазифа пеш меояд, ки беш аз пеш ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо талош варзанд.
Дар идомаи ин андешаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Самиев ба масоили фарҳанги ҷомеаи муосири кишвар таваҷҷуҳ дода, зикр дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлол саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро шодравон на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ хидматҳои бориз кардааст.
Доктори илмҳои фалсафа аз Институти фармасевтии ш.Тошкент Х. Абдураҳманов дар мавзуи “Манбаъҳои иҷтимоӣ-ахлоқии ташаккули фарҳанги ҷавонон” сухан гуфта, қайд кард, ки минбаъд корҳои пажуҳишӣ дар соҳаи фарҳанг байни олимони ин ду кишвар вусъат дода шуда, боварии комил дорам таҳқиқҳои арзандае дар ин ҳамкориҳо рӯи кор меояд. Мавсуф доир ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ӯзбекистон ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки олимони ҷавони ду кишвар, ки ояндаи пешрафти илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳанг аз онҳо алоқамандӣ дорад, бояд чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни олимони ҷавони ду кишвар беш аз пеш ба роҳ монда шавад.
Дар ин миззи мудаввар олимони соҳа зиёд иштирок доштанд ва онҳо роҷеъ ба пешрафту мушкилотҳои ҷойдоштаи фарҳанг мубодилаи афкор карда, хулоса карданд, ки пешрафти соҳаи фарҳанг аз пажуҳишҳои фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонони болаёқат вобастагии ногусастанӣ дорад.