Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 20 январ бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба тарақист. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварданд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории чорабинии илмии имрӯза низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “Дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд.

Дар идома сухан ба ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа ва Мирзораҳимзода Акобир дода шуд. Қайд намуданд, ки ҳадафи асосии гузаронидани сессияи имрӯзаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад.

Сипас, тибқи барномаи сессияи зимистона сухани навбати ба мудири Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ Манучеҳр Садриддинзода дода шуд ва вобаста ба муҳлати муқарраргардида, баромади маърӯзачиён, ки шумораи умумии онҳо бештар аз 60 нафар буд, шунида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки алҳол 15 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумла, математика, технологияи иттилоотӣ, астрофизика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, экология ва забонҳои хориҷӣ.

Дар фароварди сессияи зимистона устодони ҳамаи бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва маърӯзачиёни 15 бахшҳо бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Раёсат ва Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ қадргардонӣ гардиданд.