Имрӯз, 22 январ дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳошияи баргузории семинар китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова "Ёде аз Ҳинди бузург" рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Ҳиндӯстон дар қатори нахустин кишварҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оғози солҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба расмият шинохт ва соли 1994 дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Сафоратхонаи худро дар Деҳлӣ фаъол кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи 34 сол муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯз аз рӯз рушд меёбад. Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Ҳиндустон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафарҳои расмии Сарвазир ва Президенти Ҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам бародарро ошкор карданд. Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, нерӯи об, нақлиёт, роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ғайра ба имзо расиданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмиву таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд. Қайд гардид, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар самти Машварати стратегии Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории мудофиавӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодабарии осоиштаи технологияи кайҳонӣ барои рушд, Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика, Машваратҳои консулӣ амал мекунанд. Аз соли 2019 инҷониб сиғаи ҳамкориҳои минтақавии бисёрҷониба, Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ амал мекунад.
Зикр гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илми байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Аз ҷумла, ривоҷи ҳамкории олимони тоҷику Ҳиндӯстон дар риштаҳои забономӯзӣ тавассути барномаи Ай-тек дар самти илмҳои физикаву риёзиёт, зилзиласанҷӣ, кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, тиб, улуми иҷтимоӣ, забону адабиёт, таърих, фарҳанг ва амсоли онҳо зарур аст. Баррасӣ, таҳия ва нашру тарғиби осори ғании фарҳангии ниёгонамон ва муаррифии онҳо ба оламиён вазифаи муштараки донишмандони тоҷику ҳинд мебошад. Бо мақсади омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва адабии аз солҳои пешин дар муассисаҳо ва китобхонаҳои илмии Ҳиндустон мавқуфбуда, чандин маротиба олимон ва донишмандони мо ба Ҷумҳурии Ҳиндӯстон сафарҳои илмӣ намудаанд.
Иброз гардид, ки маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳиндустон инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ, натиҷаи сафараш ба кишвари зебоманзари Ҳиндустон, ки дорои табиати мафтункунанда ва биҳиштосо буда, яке аз “Ҳафт аҷоиботи олам” ба ҳисоб меравад, рӯи чоп овардааст. Маҷмӯа ба забони тоҷикӣ ва англисӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад. Дар китоби худ профессор Санавбарбону Воҳидова саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неҳру, Сарвапалли Родокришнон, Мавлоно Абдулкалом Озодро қайд намуд, ки онҳо нафақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки онҳо роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи кишвари худ тай кардаанд. Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Раҷеш Уике, дар баромади худ доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду кишвар ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки китоби тозанашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова таҳти унвони «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни ду кишвар хизмат намояд.








