Мусаллам аст, ки дар бунёди донишҳои муосири табиатшиносӣ саҳми олимони асримиёнагии форсу тоҷик алалхусус Закариёи Розӣ, Ҷобир ибни Хаён, Абуали ибни Сино, Умари Хаём, Абурайҳони Берунӣ ва ғайраҳо хело назаррас аст. Месазад гуфт, ки маҳз донишҳои фундаменталии илмҳои муосири дақиқ, табиатшиносӣ риёзӣ самараи фаъолияти таҳқиқотии онҳо мебошад. Яке аз бузургтарин олимони тамаддуни исломӣ Закариёи Розӣ мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун табиб, кимиёдон, файласуф ва мутафаккири асрҳои IX–X шинохта шудааст. Номи пуррааш Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (бо лотинӣ-Разес) мебошад.
Закариёи Розӣ соли 865 мелодӣ дар шаҳри Рай (наздики Теҳрони имрӯза, Эрон) дар оилаи ҳунарманд (косиб) таваллуд шудааст. Дар айёми ҷавонӣ Закариёи Розӣ ба мусиқӣ ва фалсафа шавқ дошт, вале баъдтар пурра ба омӯзиши тиб ва кимиё рӯй овард. Закариёи Розӣ аввалин шуда дар шаҳри Рай (Эрон) лабораторияи химиявӣ ва дармонгоҳ (бемористон) таъсис дода буд. Лабораторияи ӯ бо асбобҳо, зарфҳо ва моддаҳои гуногуни химиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Дар соли 1948 олими инглис Ч. Зингер дар бораи озмоишгоҳе, ки аз тарафи Закариёи Розӣ таъсис дода шуда буд, чунин гуфтааст: «Лабораторияи инглисии баъд аз ҳазор сол таъсисдодашуда аз лабораторияи Розӣ он қадар ҳам фарқ намекард».
Закариёи Розӣ ҳангоми тасниф моддаҳои химиявиро аз рӯйи пайдоиш ба се гурӯҳи калонтарин яъне, рустанигӣ, ҳайвонӣ ва минералӣ тақсим кардааст. Яке аз ақидаҳои муҳимми Закариёи Розӣ дар бораи «Ҳаюло» (модда) буда, мепиндорад, ки «Моддаҳо аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузаранд, шакл ва хоссияти худро тағйир медиҳанд, аммо доимии таркиб ва массаи худро нигоҳ медоранд». Дар асоси ин ақида ба содагӣ метавон хулоса кард, ки Закариёи Розӣ яке аз қонунҳои асосии химия «Қонуни бақои массаи моддаҳо» ва «Конуни доимияти таркиби моддаҳо»-ро зиёда аз 900 сол пеш аз М. Ломоносов ва Л. Пруст баён кардааст.
Дар баробари бунёдгузори кимиёи таҷрибавӣ буданаш, Закариёи Розӣ ҳамчун табиби ҳозиқ низ дар таърих шуҳратёр аст. Чунончӣ Закариёи Розӣ аввалин олимест, ки фарқият ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои музмини замони худ аз қабили қоқ (гулӯзиндонак) ва сурхча (месл)-ро дақиқ муаян намудааст. Инчунин ӯ ба таъсиси шӯъбаҳои равонӣ (психиатрия) дар беморхонаҳо саҳм гузоштааст ва яке аз аввалинҳое аст, ки ба табобати бемориҳои руҳӣ аҳамият додааст.
Закариёи Розӣ натиҷаҳои таҳқиқи илмии худро дар беш аз 184 асари илмии тиб ва кимиё ба табъ расонидааст, ки дар 26 китоби гуногунҳаҷм гирд оварда шудаанд. Қисме аз онҳо дар китобхонаҳои Аврупо аз ҷумла китобхонаи шаҳри Страсбурги Фаронса нигоҳдорӣ ва бо забонҳои аврупоӣ тарҷума шудаанд, ки дар рушди илм таъсири мусбии худро то имрӯз расонида истодаанд.
Энсиклопедияи тиббии Закариёи Розӣ «Ал-Ҳовӣ фи-т-тиб», «Китоб ал-Мансурӣ», «Дар бораи қоқ ва сурхча», «Ал-Асрор», «Ал-мадхал-ут-таълимӣ», «Китоб-ус-сирул-асрор», ки садсолаҳо дар Шарқ ва Аврупо истифода мешуд, бузургтарин асарҳои эҷодӣ маҳсуб меёбанд. Бештари асарҳои мазкур ба илми кимиё бахшида шудаанд. Машҳуртарин асарҳои химиявии Закариёи Розӣ «Ал-мадхал-ут-таълимӣ», «Ал-Асрор», «Китоб-ус-сирул-асрор» мебошанд, ки дар онҳо усулҳои аз маъдан ҳосил намудани фулузот, сохтани хӯлаҳо, тарзи гудозиши онҳо ва таснифи моддаҳо, тарзи ҳосил намудани як қатор кислотаҳо сухан меравад.
Закариёи Розӣ яке аз аввалин кимиёдонҳоест, ки методҳои лаборатории тақсимкунӣ, бухоркунӣ, тозакуниро дар озмоишгоҳ амалӣ намуда, барои тайёр кардани спирт ва омодасозии он дар тиб тозакунандаҳоро таҳлил ва истифода кардааст.
Закариёи Розӣ на танҳо табиб ва кимиёдон, балки файласуф низ буд, ки ақидаҳои фалсафии худро дошт. Ӯро ба унвони фалсафадон ба Суқрот ва Ҳипократ (дар тиб) монанд мешуморанд.
Закариёи Розӣ ҳамчун яке аз олим ва муҳақиқи шинохтаи асримиёнагии тоҷику форс пазируфта мешавад ва саҳми ӯро дар тиб, кимиё, фалсафа ва методҳои илмӣ то имрӯз эътироф мекунанд.
Муаллифон: Ходими калони илми озмоишгоҳи «Синтези органикӣ» н.и.х. Мавлонов Б.Г.
Докторанти PhD бахши 3-и озмоишгоҳи «Синтези органикӣ» Ҳаётов Н.А.








