Ҷаҳони муосир бо як тарзи мураккаб ва фарогири сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шакл гирифта, воқеияти навро пешорӯи давлатҳои миллӣ ва ҷомеа мегузорад. Давлатҳои миллӣ дар тӯли таърих марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушдро паси сар карда, бо таҳкими фарҳанг, саноат ва сохторҳои сиёсӣ имконият пайдо карданд, ки истиқлол ва ҳувияти миллии худро нигоҳ доранд. Бо зуҳури мавҷи сеюми тараққиёти инсоният ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ доираи нуфузи давлатҳо тағйир ёфта, равандҳои ҷаҳонишавӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии онҳоро бо талаботи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг месозанд. Афзоиши нақши ширкатҳои трансмиллӣ ва дастрасии глобалӣ ба технологияҳои иттилоотӣ бозори ҷаҳониро шакл дода, вобастагии иқтисодии давлатҳоро афзоиш медиҳад ва ҳамзамон хатарҳо ва имкониятҳои нав эҷод мекунад. Дар ин шароити мураккаб ҳифзи арзишҳо ва фарҳанги миллӣ танҳо тавассути мутобиқсозии онҳо бо технологияҳои муосир, таҳкими ҳувияти миллӣ ва истифодаи потенсиали иқтисодӣ имконпазир аст, ки ин амал барои нигоҳ доштани истиқлол ва рушди устувори давлатҳо амри зарурӣ мебошад.
Асри 21 ба унвони замони пешравии технология, илму фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ шинохта мешавад. Бо вуҷуди ин, ҷаҳон ҳамзамон бо ҷараёнҳои глобалӣ ва муборизаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, ки таъсири онҳо ба ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ногузир аст. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванде, ки иқтисод, сиёсат ва фарҳангро муттаҳид мекунад, таҳлили худро аз асрҳои гузашта оғоз кардааст ва имрӯз бо истифода аз технология суръати он хеле афзудааст. Ин раванд ҳам имкониятҳо ва ҳам хатарҳои худро дорад. Аз як тараф, озодии дастрасӣ ба фарҳанг ва донишҳо барои рушди миллӣ мусоидат мекунад; аз дигар тараф, таъсири фарҳангҳои бегона метавонад арзишҳои миллиро таҳдид намояд. Барои ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ зарур аст, ки ҷомеа ҳушёр бошад ва ҷараёнҳои манфӣ ва таблиғоти ғайримақсаднокро фарқ кунад. Ҳифзи фарҳанг ва рушди он вазифаи ҳар фард ва давлат мебошад. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, махсусан тавассути ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанг ва анъанаҳои миллиро эҳё намуда, онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар ин замина, истифодаи оқилона аз ҷараёнҳои ҷаҳонӣ метавонад фарҳанги миллӣ ва зиндагии ҷомеаро тақвият бахшад.
Дар ҷаҳони пуртазод ва рақобатпазир, ки таҳдидҳо ва мушкилоти глобалӣ байни кишварҳо вуҷуд доранд, пешрафт, амният, суботи миллӣ ва пешрафти кишварҳо ба омилҳои зиёд ва мураккаб вобаста мебошад. Тоҷикистон, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонист дар рушди устувори давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол, аз ҷумла соҳаи энергетикаро ҳифз ва таъмин намояд. Ин раванд на танҳо устувории сиёсӣ ва иқтисодиро таҳким мебахшад, балки сатҳи маърифати ҷомеа, ҳушёрӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандиро низ баланд мекунад.
Мақсад аз таҳлил дар ин мақола вазъи имрӯза дар соҳаи энергетика пешниҳод намудан аз он аст, ки пешрафти кишвар дар шароити ҷаҳонишави натанҳо вазифаи роҳбари давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки бе иштироки фаъолонаи ҷавонон ва аҳли зиё имконнопазир мебошад. Танҳо бо ин ҳамоҳангӣ метавонем дастовардҳои миллиро ҳифз намуда, ояндаи устувори кишварро таъмин кард. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, пешрафти давлатҳо на танҳо бо омилҳои иқтисодию техникӣ, балки бо муборизаи иттилоотӣ ва идеологӣ низ вобаста аст. Дар ин раванд, бархе аз гурӯҳҳо ва афроде, ки бо нақшаҳои ғаразноки хоҷагони хориҷии худ вобастаанд, нисбат ба комёбиҳои миллӣ мавқеи инкорӣ ва танқидии беасосро интихоб менамоянд. Ин гуна рафтори ноҷавонмардонаи онҳо бештар ба «сангандозӣ аз дур» шабоҳат дошта, ҳадафи он коста намудани эътимоди ҷомеа ва паст гардондани арзиши дастовардҳои замони Истиқлол мебошад.
Файласуфон ҳанӯз дар замонҳои пешин ҳушдор дода буданд, ки вобастагии зеҳнӣ ва маънавӣ аз неруҳои бегона метавонад ба заъфи давлат ва ҷомеа оварда расонад. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино бар ин назар буд, ки «инсон ва ҷомеа танҳо дар сурате рушд мекунанд, ки ақл, худшиносӣ ва манфиати умумӣ асоси қарорҳо бошанд». Аз нигоҳи ӯ, пайравии кӯр-кӯрона аз иродаи дигарон нишонаи заъфи фикрӣ буда, ҷомеаро аз роҳи созандагию пешрафт дур месозад. Ҳамзамон, Ибни Халдун дар назарияи худ таъкид менамояд, ки давлатҳо на танҳо бо ҳамлаи ошкор, балки бо суст шудани ҳамбастагии дохилӣ ва таъсири неруҳои беруна заиф мегарданд. Вақте гурӯҳе аз ҷомеа ба ҷои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба хидмати ғояҳо ва манфиатҳои хориҷӣ мегузарад, пояҳои ваҳдат ва эътимоди ҷамъиятӣ осеб мебинанд. Аз ин рӯ, танқид ва баҳодиҳӣ бояд бар пояи таҳлил, далел ва масъулияти шаҳрвандӣ сурат гирад. Андешаҳои файласуфон нишон медиҳанд, ки дӯст доштани ватан ва миллат дар пуштибонии аз корҳои созанда, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва мубориза ба иттилоотии бардуруғи беруна ифода меёбад. Танҳо бо чунин муносибат ҷомеа метавонад, пешрафти устувор ва истиқлолияти маънавию сиёсиро таъмин ва ҳифз намояд.
Дар солҳои охир соҳаи энергетика, бахусус гидроэнергетика, ба яке аз самтҳои калидии рушди устувори иқтисодӣ табдил ёфтааст, ки дар таъмини амнияти энергетикӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим бозида истодааст. Бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, афзоиши иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ имконият фароҳам оварданд, ки вобастагӣ аз манбаъҳои беруна коҳиш ёбад ва пояҳои Истиқлоли энергетикӣ таҳким бахшид. Бо вуҷуди ин дастоварду комёбиҳо, нотанвонбиноне низ ҳастанд, ки аз рушди соҳа монеа эҷод менамоянд. Баъзе гурӯҳҳо ва неруҳои манфиатдор, ки аз пешрафти инфрасохтори энергетикӣ ҳавасманд нестанд, бо истифода аз иттилооти нодуруст, далелҳои ғалат ва фишорҳои идеологӣ кӯшиш менамоянд эътимоди ҷомеаро нисбат ба лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ коҳиш диҳанд. Онҳо бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ ба ҳар роҳу восита кушиш мекунанд, ба татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ,суботи иҷтимоӣ ва амнияти энергетикӣ таъсир расонанд.
Дар ин замина, ҳифзи комёбиҳои соҳаи энергетика, таҳкими сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотии ҷомеа ва муборизаи муассир ба таҳдидҳои иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Танҳо бо меҳнату садоқат ба Ватан, натиҷаҳои илмии асонок ва ҳамоҳангшуда метавонем рушди устувори энергетикаро таъмин ва манфиатҳои миллиро ҳифз намоем. Дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз муҳимтарин комёбиҳо оғози ба истифода додани агрегати якум соли 2018 ва агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», соли 2019 мебошад, ки ба системаи энергетикии кишвар пайваст гардид, ки ин сатҳи таъминоти барқро дар кишвар беҳтар гардонд.
Ҳамзамон, солҳои 2010-2024 як қатор неругоҳҳои барқи обии хурд ва миёна сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, инфросохтори мавҷуда таҷдид ва азнавсозӣ карда шуданд, ки иқтидори умумии онҳо садҳо мегаваттро ташкил медиҳад. Ин раванд ба баланд гардидани дастрасии аҳолии деҳот ба неруи барқ ва коҳиш ёфтани маҳдудиятҳои мавсимӣ мусоидат намуд. Илова бар ин, дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика, сатҳи Истиқлоли энергетикӣ тадриҷан боло рафта, истеҳсоли солонаи неруи барқ афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ, истеҳсоли неруи барқ дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлол чандин маротиба зиёд гардида, энергетика ба яке аз бахшҳои асосии рушди иқтисод ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст.
Дар баробари комёбиҳои назарраси соҳаи энергетика, дар фазои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ гурӯҳҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки ин дастовардҳоро нодида мегиранд ё қасдан зери танқид қарор медиҳанд. Чунин мавқеъ аксаран аз нотавонбинӣ дар дарки равандҳои рушди миллӣ сарчашма гирифта, ба инъикоси яктарафа ва манфӣ оварда мерасонад. Ба ҷои таҳлили воқеъбинона, онҳо аз дур ба равандҳои созанда баҳо дода, бо танқидҳои беасос ва маълумоти ғалат кӯшиш мекунанд эътимоди ҷомеаро нисбат ба дастовардҳои миллӣ коҳиш диҳанд. Дар ин замина, андешаҳои файласуфон аҳамияти хоса доранд. Масалан, Абӯнасри Форобӣ таъкид менамуд, ки «рушди ҷомеаи солим танҳо дар сурате имконпазир аст, ки шаҳрвандон нисбат ба ватан ва давлат масъулияти маънавӣ эҳсос намоянд ва манфиати умумиро аз манфиати шахсӣ болотар гузоранд». Аз нигоҳи ӯ, дӯст доштани ватан на дар сухан, балки дар амал, ҳифз ва дастгирии корҳои созанда ифода меёбад.
Аз ин рӯ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеа мебошад. Танҳо бо рӯҳияи ватандӯстӣ, тафаккури созанда ва муносибати воқеъбинона метавонем пешрафти устувор ва ояндаи осоиштаи миллатро таъмин намоем. Дар шароити муосири рушди ҷомеа, ҳушёрӣ ва зиракии ҷавонон ва аҳли зиёи кишвар ба яке аз омилҳои калидии таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувор табдил ёфтааст. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъол ва неруи пешбарандаи ҷомеа, дар баробари аҳли зиё вазифадоранд, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотиро бо тафаккури интиқодӣ дарк намуда, миёни воқеият ва таблиғоти ғалат фарқ гузоранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз сатҳи пасти маърифати сиёсӣ ва иттилоотӣ метавонад, ҷавононро ба таъсири ғояҳои бегона ва иттилоотӣ таҳрифшуда осебпазир гардонад. Аз ин лиҳоз, рушди тафаккури илмӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар миёни ҷавонон аҳамияти хоса дорад. Ҳушёриву зиракӣ на танҳо дар шинохти таҳдидҳо, балки дар дастгирии ташаббусҳои созанда, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузории фаъол дар рушди кишвар низ зоҳир мегардад. Аҳли зиё ҳамчун неруи фикрӣ ва маънавии ҷомеа нақши роҳнамоиро иҷро менамояд. Онҳо бо таҳлили илмӣ, мавқеи далелнок ва маводи маърифатӣ метавонанд, дар боло бурдани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва муқовимат ба фишорҳои иттилоотӣ саҳми муассир гузоранд. Маҳз саҳми фаъоли аҳли зиё дар фазои илмӣ ва иттилоотӣ ба ташаккули ҷомеаи огоҳ, муттаҳид ва масъул мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳушёрӣ ва зиракии ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо мавқеи фаъол ва масъулиятшиносии аҳли зиё ҳамчун кафолати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими Истиқлол ва пешрафти дарозмуддати кишвар баромад менамояд. Танҳо бо такя ба дониш, худогоҳӣ ва ваҳдати фикрӣ метавонем ба таҳдидҳои муосир посухи сазовор дода, ояндаи устувори давлатро таъмин намоем.
Дар шароити пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки рақобатҳои геосиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои байналмилалӣ тавсиф меёбад, рушди устувори давлатҳо танҳо дар асоси принсипҳои дурандешона, сиёсати баробар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ имконпазир мегардад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар чунин муҳит нақши роҳбари давлат дар арсаи сиёсӣ барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар назаррас мебошад. Бо такя ба сиёсати созанда ва дурбинона, рушди соҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор ва дипломатияи байналмилалӣ, ҳамчун пояҳои асосии Истиқлоли давлатӣ муайян ва пайгирона татбиқ карда шуданд. Ин равиш имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар шароити таҳдидҳои беруна мавқеи устувор дошта, манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд. Ҳамзамон, нақши ҷавонон ва аҳли зиё дар ҳаёти ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва муборизаи беамон ба маълумотҳои иттилоотию идеологӣ назаррас гардидааст. Таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони пуртазод роҳбари хирадмандона, ҷавонони баору номус ва донишманд ва сиёсати миллӣ метавонанд омили асосии пешрафт ва субботи ҷомеа гардад.
Алиев Ф.А., Гулаҳмадзода А.А., Адамқулова С.С., Эмомов К.Ф.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергоетика ва экологияи АМИТ
