23-юми феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтироми хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба таърихи навини давлатдории миллӣ пайванди ногусастанӣ дошта, рамзи таҳкими истиқлолият, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад.
Пас аз аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурат пеш омад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллии худро таъсис диҳад. Давлати ҷавон бояд дорои артише мебуд, ки тавоноии ҳифзи истиқлолият, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дастгирии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи ниҳоят ҳассосу душвор таъсис ёфтанд.
Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз Артиши Шӯравӣ ягон мероси моддӣ ва сохтории ҷиддӣ дарёфт накард. Аз ин рӯ, солҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ бо мушкилоти зиёди моддӣ, техникӣ ва ташкилӣ рӯ ба рӯ буданд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, шароити қисмҳои ҳарбӣ чандон қонеъкунанда набуд ва масъалаҳои таъминот, омодагӣ ва ташкили сохторҳо тадриҷан ҳаллу фасл мегардиданд.
Илова бар ин, дар солҳои аввали истиқлолият кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро мураккаб гардонд. Дар он айёми сарнавиштсоз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ таҳти роҳбариву роҳнамои Пешвои миллат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва барқарор намудани тартиботи конститутсионӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҷасорату матонати хизматчиёни ҳарбӣ дар он давра барои нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ нақши ҳалкунанда бозид.
Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои душвори ташаккулро паси сар намуда, ба як неруи муназзам ва муосир табдил ёфтааст. Баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаи нав, такмили донишу малакаи ҳайати шахсӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ аз ҷумлаи дастовардҳои солҳои охир ба шумор мераванд. Артиши миллӣ имрӯз кафили сулҳу субот ва амнияти давлат мебошад.
Барои ҷавонони даврони истиқлол муҳим аст, ки аз гузаштаи наздик сабақ гиранд ва дарк намоянд, ки сулҳу оромии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Насли ҷавонро мебояд шукронаи истиқлолияту озодӣ намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳифз ва ободии Ватан саҳмгузор бошад. Ҳар як зарраи хоки Ватани биҳиштосо арзиши бузург дорад ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
23-юми феврал на танҳо рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, балки рӯзи ифтихор аз давлатдории мустақил, рамзи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбиест, ки бо ҷоннисорӣ амнияти кишварро таъмин менамоянд.
Садриддинов М.Р. – ходими илмӣ Диловарова Н.С. – н.и.б., ходими калони илмии
Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои ИБФГР АМИТ
