Перейти к основному содержанию

123Ҳамасола 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтироми хоса таҷлил мегардад, зеро маҳз дар ин рӯзи таърихӣ пояҳои нахустини Артиши миллии мамлакатамон дар шароити бисёр ҳассосу печидаи сиёсию иҷтимоӣ гузошта шуда, давлатдории навини тоҷикон соҳиби сипари боэътимоди худ гардид. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар замоне сурат гирифт, ки кишвари азизи мо дар оғози роҳи истиқлолият қарор дошта, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан ва таъмини сулҳу суботи комил ниёзманд буд, аз ин рӯ, зарурати таъсиси неруи мустақили ҳарбӣ ҳамчун омили асосии амният ва оромии ҷомеа ба миён омад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ аз як ниҳоди навтаъсис ба сохтори муназзаму касбӣ табдил ёфта, бо таҷдиди сохтор, такмили низоми омодагии ҷангӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳарбии ҳайати шахсӣ ба марҳилаи нави рушд ворид шуданд. Имрӯз Артиши миллӣ на танҳо неруи муҳофизи марзу буми кишвар, балки мактаби воқеии шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстиву худшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад, ки ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси кишварро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ тарбия менамояд.

Дар таҳким ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерал Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад, зеро маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи ин шахсияти барҷаста пояҳои артиши миллӣ мустаҳкам гардида, неруҳои ҳарбӣ ба як сохтори пурқудрату ҷавобгӯ ба талаботи замон табдил дода шуданд. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таъмини амният, таҳкими қобилияти мудофиавии давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати шоистаи ҳарбиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо дастгирии пайвастаи худ заминаи устувори моддиву техникии Артиши миллиро фароҳам оварданд.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиа ва амният ба ҳифзи сулҳу субот, ҳамзистии осоишта бо кишварҳои ҳамсоя ва муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду хатарҳои замони муосир равона гардида, Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат дар иҷрои ин вазифаҳои муқаддас саҳми арзанда мегузоранд. Бо шарофати истиқлолият ва роҳбарии оқилонаи Сарфармондеҳи Олӣ, имрӯз Артиши миллӣ дар қатори сохторҳои муҳими давлатӣ ҷойгоҳи устувор дошта, омода аст дар ҳар шароит манфиатҳои миллӣ, амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азизамонро ҳифз намояд.

Бо истифода аз фурсати бароям муносиб, ҳамаи афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриамонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям. Ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, рӯҳи шикастнопазир, шуҷоату матонат ва барору муваффақиятҳо дар хизмати пуршарафу муқаддаси ҳифзи Ватан орзу менамоям. Бигзор сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва оромии Тоҷикистони азиз ҳамеша поянда бошад ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, боз ҳам неруманду муқтадир гардида, сипари боэътимоди давлату миллат то абад боқӣ монад.

СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ - МАГИСТРАНТИ КУРСИ 2 -ЮМИ ИХТИСОСИ ИДОРАИ

ДАВЛАТИИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН