Перейти к основному содержанию
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ офарандаю тарбияткунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин посдорандаи фарҳанги миллӣ, таърих ва забон мебошад. Ҳарҷо ки занаст, онҷо ободию зебоист.

Дар тӯли таърих бархӯрди зану мард ва умуман инсонҳо дар ҳар кишвари дунё мухталиф буд. Ба таври мисол занон дар Чини қадим ҳуқуқи дар ҳузури шавҳаронашон сарфи ғазоро надоштанд. Дар Ҳиндустон занонро ба ҳайси каниз мешинохтанд, ё дар бисёре аз кишварҳо занонро зинда мегурониданд, хариду фурӯши зан, тӯҳфа намудани он расми юнониҳову румиёни бостон буд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама беадолатиҳо нисбати онҳо, занон пайваста мекушиданд, соҳиби ҳуқуқ будани худро исбот созанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон новобаста аз чигунагии шароити зиндагӣ ва равандҳои сиёсӣ бонувоне буданд, ки дар ҷомеа барои аз ҳуқуқҳои хеш ҳимоя кардан кӯшиш менамуданд. Исбот кардан мехостанд, ки онҳо низ узви комилҳуқуқи ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Зеро ҳаёт нишон медиҳад, ки зан низ дар умури инсоният метавонад¸ ки баробари мардон нақши боризе дошта бошад. Агар рӯшантар карда гӯем, имрӯз бонувони мо имконияти бештареро дороянд барои анҷом додани вазифаҳои худ. Агарчи зану мард асоси зиндагиянд, вале масъулияти занҳо бештар аст, дар устувории оила. Агар ободию осоиштагии кишвар аз оила вобаста бошад, пас дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, маърифати баланд ва босавод будани зан-модар вобастагӣ дорад.

«Поягузори ҷомеаи солим ин модари солим ва насли солим аст. Ҷомеаи кунунии миллати тоҷикро наметавон бе ширкати зани донишманд, бофарҳанг ва хирадманди он тасаввур кард, зеро имрӯз зани тоҷик метавонад озодона баҳри рушди кишвар саҳм гузорад».

Дар ҳақиқат зани босавод ва бомаърифат бо ақлу хиради солим аз кору амалҳои нозарур ва ношоиста худ ва атрофиёни худро ҳифз менамояд. Намегузорад, ки халале ба рӯзгори ӯ ворид гардад. Пеши роҳи ҳама гуна зӯровари хушунатҳоро дар оила метавонад гирад.

Бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ватандӯстдории хеш иҷозат намедиҳад, ки ба марзи фарҳанги миллати ӯ пойи бегонае расад. Аз арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвари хеш бо сухани созанда, тарбияи хуби фарзандон ва кору фаъолияти шоистаи худ ҳимоят мекунад.

Ин ҳама созандагию, тараққиёт дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳама самтҳо рушан ба назар мерасад. Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбиқи сиёсати гендерӣ вусъат меёбад. Имрӯз мақоми зан дар кишвар хеле боло рафта, имконияти иштироки фаъолонаи ӯ дар тамоми бахшҳои афзалиятнок фароҳам шудааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои кишвар қавитар гардид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин Фармон аз 1 марти соли 2005, таҳти № 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ба тавсиб расидаанд.

Пешрафти давлат, осоиши суботи ҷомеа ва ободии Ватан аз мода рони босаводу соҳибмаърифат вобастагии калон дорад. Дар ин замина рушди илму маориф дар ҷомеа вусъат ёфта истодааст. Шумораи олимон ва муҳаққиқон низ аз ҳисоби бонувон сол то сол меафзояд, ки ин барои пешрафти соҳаи илму маориф хеле муҳим ва зарур аст. Бояд эътироф намуд, ки дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ бону вони комилҳуқуқи мо беш аз пеш қадамҳои устувор мегузоранд, ки ин онҳоро ба ҳадафҳояшон дар саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа мерасонад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ бо неруи бузург ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътироф шуданист. Бешак, ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқият аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин изҳор намуда буданд, ки : «Занону духтарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунад ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».

Мо ифтихор аз он менамоем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми шароит барои фаъолияти озодонаи занону бонувон фароҳам оварда шудааст. Месазад, ки мо бонувон бо пешниҳоди назар ва андешаҳои созандаи худ барои рушди соҳаҳои гунгогуни кишвари хеш саҳми арзанда гузорем.

Иброҳимова С.Ҳ. – ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология ва

мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИ