Дар шароити рушди босуръати ҷомеа ва равандҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи насли солим ва ватандӯст аҳамияти хоса касб менамояд. Асоси ин раванд пеш аз ҳама аз муҳити оила ва махсусан аз нақши модар сарчашма мегирад. Модар нахустин муҳити иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдак буда, шаклгирии шахсият маҳз дар оғӯши ӯ оғоз меёбад.
Аз нуқтаи назари илмҳои иҷтимоӣ ва педагогӣ, оила мактаби аввалини инсон маҳсуб меёбад. Дар ин “мактаб” модар нақши калидӣ дорад. Маҳз ӯ бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва масъулияти баланд заминаи тарбияи ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқии фарзандро фароҳам месозад. Насли солим танҳо дар муҳити орому пурмуҳаббат ба воя мерасад.
Солимии насл мафҳуми фарох дошта, танҳо бо саломатии ҷисмонӣ маҳдуд намегардад. Он фарогири солимии рӯҳӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад. Модар дар ин раванд ҳамчун намунаи рафтор ва фарҳанг амал мекунад. Гуфтор, кирдор ва муносибати ӯ ба зиндагӣ дар зеҳни кӯдак нақши амиқ мегузорад. Агар модар дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд ва эҳсоси масъулият бошад, фарзанд низ бо чунин арзишҳо ба камол мерасад.
Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳими тарбияи миллӣ мебошад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз муҳити оила оғоз меёбад. Модар метавонад бо нақлу ривоятҳо, шиносоии фарзанд бо анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар қалби ӯ ҳисси ифтихор ва садоқат ба Ватанро бедор намояд. Бесабаб нест, ки дар фарҳанги мо мафҳумҳои «Модар» ва «Ватан» ҳамеша паҳлуи ҳам қарор доранд, зеро ҳар ду сарчашмаи зиндагӣ ва ҳастии инсон мебошанд.
Модар на танҳо фарзандро ба зиндагӣ омода месозад, балки ӯро ба дӯст доштани сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият тарбия мекунад. Маҳз модар аст, ки метавонад дар қалби фарзанд ҳисси масъулият нисбат ба Ватанро бедор намояд.
Мо ифтихор дорем, ки модари қаҳрамон ба миллати тоҷик чунин фарзанди фарзона - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро эҳдо намудааст, ки имрӯз Тоҷикистон бо талошҳои ӯ дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду пешрафт дорад.
Шарафу эҳтиром ба чунин модароне, ки барои миллат фарзандони содиқ, ватандӯст ва фидокор тарбия менамоянд. Қадри модар баланд ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа муқаддас аст, зеро ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз бонувон ва модарони тоҷик на танҳо дар доираи оила, балки дар сатҳи гуногуни вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти роҳбарикунанда ва илмӣ доранд. Ҳузури фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ гувоҳи болоравии мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мебошад. Махсусан дар сохторҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ бонувон бо масъулияти баланд ба корҳои илмӣ машғул буда, дастовардҳои назаррас ба даст овардаанд. Онҳо дар таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, нашри мақолаҳо, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
Ин нишон медиҳад, ки модари имрӯз на танҳо тарбиятгари насли солим, балки фаъоли иҷтимоӣ ва шахсияти илмӣ низ мебошад. Ҳамоҳангии рисолати модарӣ ва фаъолияти касбӣ метавонад намунаи ибрат барои насли ҷавон гардад. Маҳз чунин бонувони фаъол бо заҳмати худ обрӯ ва нуфузи кишварро дар арсаи илм ва идоракунӣ баланд мебардоранд.
Мо ифтихор дорем, ки модарони тоҷик фарзандони фарзона, ватандӯст ва фидокор ба воя расонидаанд. Маҳз дар оғӯши модар шахсиятҳое парвариш меёбанд, ки минбаъд барои сулҳ, ваҳдат ва пешрафти кишвар хизмат менамоянд. Ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ҳамин тавр, модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки меъмори ояндаи миллат аст. Сатҳи маърифат, масъулият ва худогоҳии модарон мустақиман ба сифати насли оянда таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии модар, баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа яке аз шартҳои муҳими рушди устувори кишвар ба шумор меравад.
Омад-омади Рӯзи Модар ба кулли модарон муборак бошад!
Бӯризода А.М. директори Институти астрофизикаи АМИТ








