Перейти к основному содержанию
Рӯзи Модарон, ки ҳамасола 8 март дар кишвари мо ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, натанҳо ҷашни бонувон ва табрикот аст, балки санаест, ки бо мубориза барои ҳуқуқи занон, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти амиқи ҷомеа пайвандӣ дорад.

123Муҳтавои ҷашни 8 март дар кишварҳои дунё ба таври гуногун таҷассум меёбад. Дар баъзе кишварҳо ин рӯз барои баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва баррасии ҳуқуқи занон ҷашн гирифта мешавад, дар кишварҳои дигар бошад ҳамчун ҷашни оилавӣ бо туҳфаҳо ва гулҳо таҷлил мегардад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд, зан-модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва такягоҳи оила мебошад ва ҷашн гирифтани Рӯзи модарон ифодаи эҳтиром ба нақши ӯ дар ҷомеа ва оила мебошад.

Симои модар яке аз қадимтарин ва фарогиртарин образҳо дар таърихи инсоният аст. Зан-модар дар худ вазифаи биологии идомаи насл, робитаи эҳсосӣ бо кӯдак ва нақши муҳими иҷтимоиро дар ташаккули шахсият ва ҷомеа муттаҳид месозад.

Пайванди модарона омили калидии рушди шахсият мебошад. Назарияи равоншиносии пайвастагӣ нишон медиҳад, ки сифати муносибатҳои барвақт бо модар ба худбаҳодиҳӣ, сатҳи эътимод ба ҷаҳон ва қобилияти барқарор кардани муносибатҳо дар синни балоғат таъсир мерасонад. Муносибати гарм ва устувор дар кӯдакӣ дар кӯдак эҳсоси амниятро ташаккул дода, сатҳи изтиробро коҳиш медиҳад ва ба рушди зеҳн ва устувории эҳсос мусоидат мекунад.

Зан-модар нахустин омӯзгори кӯдак мебошад. Тавассути ӯ ба кӯдак забон, меъёрҳои фарҳангӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва малакаҳои асосии иҷтимоӣ интиқол дода мешаванд.

Симои модар дар санъат, дин ва фалсафа низ ҷойгоҳи марказӣ дорад. Дар анъанаи мардуми тоҷик модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, раҳмат ва тарбияи маънавӣ мавқеи хос дорад. Дар бисёре аз китобҳои илмию динӣ ба эҳтироми модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, хосатан ба душвории ҳомиладорӣ ва таваллуд таъкид карда мешавад ва инчунин вазифаи фарзандон ҷиҳати эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба падару модар зикр мегардад. Беҳуда намегуянд, ки «Биҳишт зери пои модарон аст», ки ба таври рамзӣ арзиши олии модарро таъкид мекунад. Дар бисёр фарҳангҳо модар бо замин, ҳосилхезӣ ва ҳаёт шабоҳат дода мешавад, ки ин муносибати эҳтиромонаро ба модар ҳамчун сарчашмаи идомаи насли инсон ташаккул медиҳад.

Зан-модар натанҳо офаранда, балки омили пурқуввати ташаккули насли оянда мебошад. Тавассути ғамхорӣ, тарбия ва интиқоли арзишҳо модарон ба рушди ҷомеа дар маҷмӯъ таъсир мерасонанд.

Модарони азизу гиромиқадр аз самими қалб Шуморо бо ҷашни 8 март - Рӯзи Модар ва баҳор табрик менамоем! Бигзор зиндагии Шумо саршор аз саломатӣ, хушбахтӣ ва шодӣ бошад. Ташаккур барои гармӣ, хирад, сабр ва муҳаббате, ки Шумо ба оилаҳои худ ва тамоми ҷомеа мебахшед. Бигзор дар хонаҳоятон ҳамеша сулҳ, ободӣ ва умеди равшан ҳукмфармо бошад!

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи

ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ Ғарибмамадов Ғ.Д.