8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.
Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.
Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии «Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «Пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Дар Россия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид.
Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста-оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медод.
Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 60-уми асри ХХ Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон намоиш медоданд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун Иди бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон; дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд.
Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан- Модар вобаста аст. Зани, тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқй мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин: дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Фақат модар ба ҳар гармову сармо
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо
Калон кард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре халад бар пойи фарзанд,
Дили модар шавад маҳзун* муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ба ҷон ҳам хизмату ҳурмат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.
Бо арҷгузорӣ ба шахсияти модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо – фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургии модарону бонувон арҷгузорӣ намоем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.
Дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳам овардани ҳамаи имкониятҳо ба бонувони тоҷик бо мақсади баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаашон нишонаи волои арҷгузорӣ ба занону модарон мебошад. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.
Читавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаш иброз доштанд: имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.
Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст
Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст !
Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръон карим
Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Намунаи олии қадршиносии Зан-Модарро мо дар баромаду суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки дар замири ҳар як сухани он кас чӣ қадар маънӣ, чӣ қадар меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбати Модар зан нуҳуфтааст, ки мефармоянд:
“Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад”.
Пешвои муаззами миллат ифтихор аз он доранд, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.
Воқеан занони мо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ дар маҷмӯ аз 122 нафар кормандони илмї 32 нафар занон ҳамчун ходимони илмї кору фаъолияти илмї намуда, аз ин шумора 7 нафар занон дорои унвонњои илмї ва 10 нафар дар бахшњои техники бањри ободониву тозакорињои ин даргоњи муќаддас сањми хешро мегузоранд, ки ин ҳама нишон аз татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати мо дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Бо хушнудӣ бояд таъкид намуд, ки нақши занону духтарони Институт дар баробари дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода ҳамчунин дар рушди фаъолияти соҳаи илм низ хеле назаррас аст.
Мо ба заҳмату талошҳои эшон баҳри фаъолияти босамари Институт изҳори сипос менамоем ва умедворем, ки дар оянда низ бо меҳнати ҳалолу самимияшон саҳми худро дар ин рисолати пурмасъул мегузоранд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон дар васфи Модарон гуфта буданд:
“Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд”.
Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин фарҳангҳо, анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи илм низ муваффақ бошанд.
Дар самти тадбирҳо ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо мутахассисони пуртаљрибаи соњаи илм саҳми занону бонувони соњибилм низ боиси таҳсин аст.
Саҳми онҳо дар соҳаҳои илму маърифат, саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.
Ин ҳама созандагию, тараққиёт дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳама самтҳо рушан ба назар мерасад. Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбиқи сиёсати гендерӣ вусъат меёбад. Имрӯз мақоми зан дар кишвар хеле боло рафта, имконияти иштироки фаъолонаи ӯ дар тамоми бахшҳои афзалиятнок фароҳам шудааст.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои кишвар қавитар гардид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин Фармон аз 1 марти соли 2005, таҳти № 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ба тавсиб расидаанд.
Бар замми ин бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳимми марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.
Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар иљрои корхои илмию тахкикотии лоихахои муассисахои илми, идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.
Бовар дорем, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси мо ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд.
Дар интиҳо бори дигар бо беҳтарин таманниёт ҳамаи шумо, бонувони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоем.
Раҳмонов Раҳмон Охонович – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ, доктори илмҳои химия

