Дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва вусъат касб кардани раванди бархӯрди тамаддунҳо бисёр арзишҳои фарҳангӣ метавонанд маҳв шаванд ва ё ба хазинаи таърих интиқол ёбанд. Аммо ҷашнҳои миллии тоисломии тоҷикон, ки аз бозёфтҳои нодири фарҳанги моддию маънавӣ маҳсуб меёбанд ва тамоили инсонгароӣ, ҷомеаофарӣ ва умумибашарӣ доранд, ҳеҷ гоҳ арзишҳои худро коҳиш намедиҳанд ва дар ҳама гуна вазъ метавонанд барои рушди ҷомеаи инсонӣ хизмат намоянд. Бавижа, Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ, намоди сулҳу ҳамбастагӣ, маншаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, пайвандгари гузашта бо имрӯз ва ояндаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, рисолати офарандагиаш боиси ҷовидонагӣ ва фарох гаштани ҳавзаи кишварҳои ҷашнороии он гашт.
Инчунин, тасдиқкунандаи андешаҳои фавқиро ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯз ташкил медиҳад, ки дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва мондагор аст. Иқдоми наве, ки дар Паёми навбатии худ Ҷаноби Олӣ дар мавриди бунёд кардани Конун, яъне “Маркази тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар шаҳри Душанбе гирифтанд, низ далолат аз он мекунад, ки Наврӯз ва эҳёи дигар арзишҳои фарҳанги ориёӣ дар шароити ҷомеаи муосир мубрам мебошанд ва илман омӯхтан, таҳқиқ ва муаррифӣ кардани онҳо вазифаи пурмасъули олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бошад.
Воқеан, бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози мардуми тоҷику форс ба ҳисоб рафта, онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд. Ба ин ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёконамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз ва фарҳангустари Пешдодиён: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат медоданд, шомил мешуданд. [1, 2, 5, 8, 10, 11, 12]
Бар замми ин, аз ҷанбаи фалсафӣ ҳар як ҷашни таърихӣ як унсурро ба сифати унсури зиндагиофар ва ҷомеасоз эътироф кардаанд:
- дар ҷашни Сада унсури меҳвари оташ ҳисобида мешавад, ки рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, гармӣ бар сардӣ мебошад;
- дар ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳдорӣ ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад;
- дар ҷашни Тиргон об ба сифати унсури ҷавҳарӣ эътироф карда мешавад, зеро дар фасли гармо, рӯзҳои тафсони тобистон об ва бориши борон ба фаровонии ҳосил мусоидат менамояд;
- дар ҷашни Меҳргон унсури муҳим ҳаво эътироф мешавад. Ин ҷашн даврае, таҷлил карда мешавад, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамояд ва ғайра.[11, с.55-56]
Ин хусусиятгирии ҷашнҳои мавсимӣ аз он далолат мекунанд, ки чор унсур асоси пайдоиши ҳаёт, пайвандгари силсилабандии фаслҳои сол, фаровонгардии неъматҳо барои инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҷашнҳои аҷдодии мо моҳиятан тақвимӣ, тарғибгари фарҳанги кишоварзӣ, ташаккулдиҳандаи фазилатҳои ахлоқӣ ва диди зебоипарастии мардум ба ҳисоб мераванд.
Махсусан, мувофиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ истилоҳи «наврӯз» дар забони форсии қадим ва миёна (паҳлавӣ) дар шакли «нукруч», «науграуч» ё «наугруз» шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Бо забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои рӯзи навро ифода мекунад, ки дар арсаи байналмилалӣ маҳз бо ҳамин номи тоҷикиаш, ки ба забонҳои туркӣ ягон қаробате надорад, истифода бурда мешавад. [8, с.89-91]
Ҳатто дар ҷомеаи имрӯзаи илмӣ, новобаста аз густариш ёфтани бархӯрди фарҳангҳо ва ҷаҳонишавии арзишҳо ин мафҳум асли тоҷикии худро гум накарда, аз ҷониби донишмандони дигар ҳамчун истилоҳи тоҷикӣ шинохта мешавад. Масалан, муҳаққиқи шинохтаи ӯзбек, аз ҷумла Е.А.Кари-Якубова дар мавриди ҷанбаҳои этимологии вожаи “Наврӯз” изҳори андеша намуда, барҳақ мешуморад, ки “вожаи "Наврӯз" решаи форсӣ дошта, маънои "рӯзи нав" – ро ифода мекунад. Рамзи эҳё ва оғози давраи нави ҳаёти табиат ва инсоният мебошад. [15] Муҳаққиқони дигари ӯзбек С.И.Каримбоев ва Б.Б.Исхаков [3] низ эътирофи ақидаи ҳаммилати худро карда, маънои Наврӯзро ҳамчун “рӯзи нав”, ки вожаи тоҷикӣ аст, шарҳу тавзеҳ додаанд. Зеро мардумони тоҷику форс Наврӯз гуфта, рӯзеро меномиданд, ки он рӯз Аҳурамаздо олами ҳастиро офарид. Маънои Наврӯз - рӯзи нав, расидани Офтоб ба аввали бурҷи ҳамал, оғози фасли баҳор мебошад.
Дар осори хаттии аҳди Сосониён баромади ҷашни Наврӯз бевосита ба шоҳи пешдодиён Ҷамшед иртибот дода мешавад. Баъдан ин нуктаро донишмандони бузурги тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон тасдиқ намуда, нисбати пайдоиши ҷашни Наврӯз ва ба шоҳ Ҷамшед рабт доштани он маълумоти дақиқ додаанд. Масалан, Умари Хайём дар китоби “Наврӯзнома”-и худ менависад, ки Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба «рубъи аввали дақиқаи Ҳамал» баргашт. Бо ин далел ӯ тақвим ё худ солшумории офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти Офтобро ҷашн гирифт. Пас, аз он рӯз то имрӯз ин рӯз Наврӯз ном ниҳода шуд ва то ҳол ҳамчун оғози рӯзи нав, эҳёи табиат, рӯзи шурӯъи шукуфтану рустанҳо таҷлил карда мешавад. Абӯрайҳони Берунӣ низ қайд мекунад, ки Ҷамшед рӯзи нахустини бозгашти Офтобро рӯзи наҷот аз нестӣ ҳисобида, онро Наврӯз номид [12, с.27] Табарӣ низ Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед мансуб медонад.
Воқеан, фалсафаи Наврӯз ифодакунандаи он мавзуҳое мебошад, ки шаклану мазмунан бо фитрату офариниши инсон тавъаманд. Чунки Наврӯзро рӯзи тавлиди сайёраи Замин ва тулӯъи Офтоб, меҳвари чархи гарданда, ки субъекти фаъолаш инсон мебошад, меноманд. Дар робита бо ин, ойинҳои наврӯзӣ инъикоскунандаи мавзуҳои ҳастӣ ва нестӣ, мақоми инсон дар ҷомеа, риояи принсипҳои адолати иҷтимоӣ, идеяи бозгашт ба оғоз ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Ин мавзуҳо дар расму ойинҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ҳафт син, фраваршиҳо, бозгашт ба оғоз ва Фарри каёнӣ таҷассум мегардиданд. Махсусан, «ҳафт син» ифодакунандаи масъалаи офариниши олами ҳастӣ аз тарафи Аҳурамаздо, офариниши шаш гавҳари муқаддасро бозтобӣ мекунад.
Ҳамзамон, додгустарӣ, адолат ва қомуси илму маърифат низ реша аз Наврӯз мегиранд ва инкишофу таназзулашон низ алоқамандии зич бар Наврӯз доранд. Аз ҷумла, агар пайванди ногусастании инсон бо табиат рамзи пойдории Наврӯз бошад, пас инсон бо баробари поён ёфтани шабҳои сарду дилгиркунандаи зимистон ва омадани баҳор дардҳои кӯҳнаро аз қалб ва фикрҳои ғаразнокро аз тафаккур берун мекунад. Бо амали неки расми хонатаконӣ вай бо табиат ҳамроҳ мешавад. Тақвими қадимаи наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии ояндаи нисониятро бозгӯ менамояд.
Дар масири таърихи таҳаввули инсоният ҳарчанд Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид, вале бо ҳар кадомашон мувофиқа мекард, аз ин лиҳоз, барои Наврӯз қавми арабу дини Ислом низ бегона набуд. Чӣ тавре ки муаррихи эронӣ Ризо Шаъбонӣ дар ин хусус менависад: «Аъроб иди Наврӯз ва иди Меҳргонро аз куҳантарин замонҳо мешинохтанд. Аз ҷумла, Олусӣ навишта буд, ки «мардуми Мадина пеш аз ислом ду ид доштанд: Наврӯз ва Меҳргон ва чун Расули акрам (с) ба Мадина омад, бар одобу русуми эшон дар ин ду ид огоҳ шуда, гуфт: «Худои таборак ва таъоло ба ҷои ин ду ид беҳтар аз онҳоро барои шумо арзонӣ доштааст, ки явмулфитр ва явмуннаҳр аст», ин амр нишонаи он аст, ки аъроб бо эрониён улфати куҳан доштанд ва ҳатто дар бархе аз мазоҳири маданӣ аз онон пайравӣ мекарданд».[12, с.143]
Дар замони давлатдории хилофати Уммавиён (661-750) низ бо мақсади дар байни мардумони Варорӯд пайдо намудани обрӯ ва пешниҳоди ҳадяҳои беҳисоб, ки ба таври яқин даромади муфту ғанимат ҳам ба хилофат ҳисоб меёфт, барои гузарондани иди Наврӯз муқобилат намекардаанд. Дар ин маврид низ андешаҳои гуногун аз ҷониби донишмандон матраҳ шудааст. Аз ҷумла, пажӯҳишгари эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ менависад: «Дарборҳои нахустини халифаҳои ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадяҳои ин ҷашнро ба унвони хироҷи солона мепазируфтанд. Вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ, ҳадяҳои Наврӯзро маъмул донистанд ва амирони онҳо барои ҷалби манфиатҳои худ мардумро ба ҳадяҳои наврӯзӣ ва эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Вале баъдҳо ин маросим аз тарафи халифаҳои уммавӣ дигар ба баҳонаи гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум аз байн бурда шуд. Вале дар тамоми ин муддат, эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд ва дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) ва дар натиҷаи зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯйи кор омадани халифаҳои Аббосиён ва нуфузи Бармакиён (Оли Бармак) ва дигар вазирони эронитабор ва ташкили силсилаи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ва ба вижа Сомониён ҷашнҳои мардуми таҳҷоӣ, аз ҷумла Наврӯз равнақ ёфтанд».[14]
Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоссаро пайдо карда буд. Наврӯзро бо тамоми ҷузъиёташ Сомониён таҷлил менамуданд. Дар эҷодиёти шоирони он давра низ васфи баҳору Наврӯз хеле бо нафосату рангин тасвир меёфт. Баъд аз асрҳои XII - XIII якбора бо иллати вусъат ёфтани идеологияи хурофотии руҳониёни мутаассиб ва ҳимояти онҳо аз ҷониби амирони қабоили турк илму фарҳанг тадриҷан рӯ ба завол меовард. Ҳатто барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳам бисёр монеаҳо эҷод мегардад, вале мардуми таҳҷойӣ - тоҷикон нагузоштанд, ки ин падидаи фарҳанги миллиашон нобуд шавад ва аз саҳифаи таърих нопадид гардад.
Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ мамнӯъ карда шуда буд. Он танҳо чун ҷашни мардумӣ дар минтақаҳо бо баробари фарорасии фасли баҳор ва мавсими кишту кор таҷлил карда мешуд. Хушбахтона бо шарофати Истиқлол ва таъсиси давлатдории миллӣ мардуми тоҷик Наврӯзро ҳамчун ҷашне, ки аз зиндашавии табиат дарак медод, чун ҷашни зиндагисоз, ки покизагиву оростагӣ, ваҳдату сарҷамъиро дар байни инсонҳо талқин мекард, ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд ва ин падидаи фарҳангиро ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун бозёфти нодири тоҷикон дохил карданд, ки имрӯз он хусусияти байналмилалӣ касб кард.
Наврӯз ҳақиқатан куҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон, арзиши волои фарҳангии ин миллат аст, ки бо мазмуни фалсафӣ гирдгардии даврии табиат, зиндашавӣ, шинохти воқеии олами ҳастиро ифода мекунад. Падидаи воқеии кайҳонӣ буда, аз фарорасии фасли баҳор, сабзишу наврустани сабзаву растанӣ, айёми кишту кори деҳқонӣ пайк медиҳад, маншаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизакорӣ ва ободкорӣ мебошад.
Аз ин рӯ, аз ин фаҳмиши чаҳор хусусиятгирии фалсафии Наврӯз мушаххас мегардад:
1) гирдгардии даврии табиатро бозгӯ мекунад;
2) шинохти воқеии олами ҳастиро ифода медорад;
3) пайкест аз фарорасии фасли баҳор, айёми шукуфтану рустанҳо;
4) манбаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизасозию ободкорӣ дар ҷомеаи инсонист.[11, с.55-60]
Ҳамзамон, мазмун ва моҳияти фалсафии Наврӯз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн ҳанӯз аз аҳди қадим ба ягон дину мазҳаб, идеологияи расмӣ вобастагӣ надошт, балки такя ба қонунҳои табиат мекард ва рамзу суннатҳои он ба зуҳуроти табиат робитаи мустақим доштанд. Махсусан, ҳифз кардани обу оташ ва ҳавою хок ҳамчун унсурҳои зиндагиофар, дуруст коркард ва истифода бурдани замин, оғоз намудан ба парвариши анвоъи гуногуни зироат ва ғайра аз идеяҳои зиндагисози ин ҷашн маҳсуб меёфтанд.
Ба фаҳмиши дигар, Наврӯз дар худ ақидаҳои космологии аҷдодони гузаштаро, ки аз идеяҳои созандаи фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб мерафтанд ва минбаъд онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир бозиданд, таҷассум медошт. Суннатҳои Наврӯз бошанд, хотираи зиндаи таърихи тоисломии мардуми тоҷик буданд.
Ҳамин тавр, дар асоси ин чанд далели тасдиқкунанда месазад чанд нуктаи муҳимро зикр намуд, ки воқеан Наврӯз ба ҳаёти маънавии инсоният як таҳаввулоти ҷиддиеро ворид кард:
1. Таърихан, Наврӯз танҳо ифодакунандаи як ҷашн мавсимии миллии ориёӣ нест, балки он падидаи муҳимми фалсафӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар арсаи вусъати тоза касб кардани бархӯрди тамаддунҳо ва аз байн рафтани арзишҳои моддию маънавӣ Наврӯз дар асл падидаи муттаҳидкунанда, пайвандагари қавму халқиятҳо нақш бозид. Даъвати инсонҳо ба ваҳдату ҳамзистӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, вусъат додани раванди муколамаи фарҳангҳо аз тамоили умумибашарӣ доштани рамзу суннатҳои Наврӯз далолат мекунанд.
Бинобар ин, арзиши умумибашарӣ касб кардани расму суннатҳои наврӯзӣ нагузошт, ки он ҳамчун бозёфти фарҳангии тоҷикон новобаста аз монеаҳо ва бархӯрдҳои фарҳангӣ вижагии ҷомеасозӣ, зиндагиофарии худро аз даст диҳад, балки ба он мусоидат кард, ки арзишҳои он насл ба насл мерос монда, шиори фараҳмандкунандаю хушояндро дар байни халқиятҳо бо мазмуни “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!” вирди забонҳо гардонад. Бо шарофати Истиқлол ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун мероси ғайрмимоддии ЮНЕСКО эътироф ёфтани Наврӯз низ аз ҷашни зиндагисоз будани он дарак медиҳад.
2. Суннатҳои наврӯзӣ: маҳалҳо, манзили зистро аз чангу ғубор, ифлосӣ тоза кардан, либоси тозаву идонаи ба фарҳанги наврӯзӣ мувофиқ ба бар кардан, ҳашарҳои ҷуйбортозакунӣ, ниҳолшинонӣ, ободонии боғу гулгаштҳо, нармкунии бехи дарахтон, ташкилу баргузор кардани бозиҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бузкашӣ, дави миллӣ, мусобиқаҳои велосипедронӣ, баргузор кардани намоиши муаррифии либосҳои миллӣ, ташкили озмунҳои ҳунарӣ ва касбӣ, ки зимнан рӯҳияи маънавиятгустарӣ ва зебоипарастӣ доранд ва ғайра барои ташаккули фарҳанги экологӣ, зебоишиносӣ, беҳдошти саломатии инсон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, дар маҷмуъ ҳаёти солими ҷомеаи инсонӣ асари нек доранд;
3. Мафҳумҳои калидии ба Наврӯз тавъамбуда – сулҳ, ваҳдат ва тозакорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Наврӯз ғояи сарҷамъ кардан, ба ваҳдат овардани инсонҳоро ташвиқ мекунад. Бинобар ин, ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳоест, ки ҳангоми таҷлилии ин ҷашн ба эътибор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ташаббуси тоҷикон бо ҳамзабонони худ дар мавриди ба ҷашни байналмилалӣ табдил додани он дуруст ва мантиқӣ мебошад. Ба он хотир, ки ба маънии куллӣ “Наврӯз – намоди сулҳ аст”.
4. Наврӯз – муҳаббату ба ҳам меҳрубон будани инсонҳоро тарғиб мекунад. Бо ин шева дӯстиро байни аҳдбастагон қавӣ мегардонад, кинаандӯзию ба ҳамдигар муносибати хусуматомезонадоштаро сифати ношоистаи инсонӣ мешуморад. Бо суннати инсоншинохтии худ талқин менамояд, ки нафароне, ки то имрӯз бо сабабе бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеҷ баҳонае оштӣ шаванд, аз гуноҳи якдигар гузашт кунанд. Ошиқон бошанд, бо тақдими гул изҳори муҳаббаташонро боз ҳам ошкоротар баён намоянд, аз қудрати бузурги Наврӯз, ки метавонад одаму оламро ба кулли тағйир диҳад, илҳом гиранд.
5. Наврӯз - кӯҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон мебошад. Бинобар ин, имрӯз аз дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон онро бо иҷро ва риояи тамоми рамзу суннатҳояш хубтару беҳтар ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунанд, ки ин амал ба василаи боло бурдани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор доштан аз гузаштаи миллат мусоидат карда истодааст. Махсусан, ҷашни Наврӯзро рамзи эҳёи табиат ва тамоми мавҷудоти ҷаҳон медонанд. Бо расми хонатаконӣ мардум дар аёми Наврӯз ҳавои наврӯзӣ ва баҳориро ҳамроҳ бо шӯру шодӣ ба хонаҳои худ меоваранд. Ба маънои дигар, бо зоҳир ва ботини пок ба рӯзу соли нав ворид мешаванд. Кӯдакону занон ва духтарон либоси нав ва рангоранг мепӯшанд ва ба ин ҷашн шукуҳу ҷалол меафзоянд.
Агар ғизоҳои маъмули наврӯзӣ - суманак, кочӣ, бот ё ҳалво, шир ба изофаи равған, боҷ ё далила ва ғайра, ки аз гандум, орд ва шир тайёр карда мешуданд ба неруи нав ба зиндагӣ бахшанд, пас иҷрои намуди бозиҳои наврӯзӣ: алвончак, буҷулбозӣ, санчиқ ё қолбозӣ, кабкҷанг, хурусҷанг, тухмҷанг, бӯзкашӣ, гуштингирӣ ва ғайра завқи эстетикии мардум, хусусан насли наврасу ҷавонро тақвият медоданд. Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон суннатҳое мисли оташафрӯзӣ ва ё «аловпарак» низ роиҷ буд, ки мардум зимни иҷрои ин расм аз болои оташ парида, бо овози баланд садо мекарданд, ки «Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Ҳамзамон, тифли навтаваллудшударо, ки ба рӯзи ҷашн мувофиқ меомад Наврӯз ном мениҳоданд.
6. Дар баробари рамзу суннатҳои қаблан зикршуда вижагирии дигари Наврӯз он буд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро иди кишоварзон эътироф мекарданд. Зеро аз ин рӯз шурӯъ карда, деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ оғоз мекарданд. Тавассути ҷуфти гов донаи аввалинро ба замини кишт карда, ин расмро чуфтбаророн меномиданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои куҳистони кишвар ин анъана ба шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда мешавад.
7. Наврӯзро тоҷикон на танҳо бо хондани шеър ва сароидани таронаи идона, иҷрои рамзу суннатҳои дерина, балки тавассути ороста доштани дастурхони ҷашнӣ бо тантана таҷлил мекарданд. Хони наврӯзӣ бо гузоштани анвои гуногуни мева, сабза, тасвири ҷонварон ва ашёҳои рангоранг, ки ҳар кадом рамзе аз ойини наврӯзӣ ҳаст оро дода мешуд, ки ҳақиқатан диққатҷалбкунанда буда, аз фарҳанги баланди дастархондории тоҷикон далолат мекард.
8. Ранги сафед бошад, барои тоҷикон ранги аслии ҷашни Наврӯз маҳсуб меёфт, зеро шоҳони Сосонӣ дар бомдоди рӯзи Наврӯз бози сафед ба ҳаво сар медоданд ва бо хӯрдани шири навдӯшида рӯзи худро оғоз мекарданд. Ё худ ранги сафедро - рамзи покӣ, тозагӣ, сулҳ, ва осмони соф меҳисобанд. Анвоъи ғизо, ашё, пӯшок ва ороиши хонаҳои мардум низ ҷилои ранги сафедро доштанд. Либоси ба баркардаи духтарон низ аз матои ранги сафеддор дӯхта мешуд. Анвоъи ғизои рӯйи хони наврӯзӣ гузошта, низ ранги сафед доштанд. Масалан, шакар, панир, мост, ғизоҳои аз шир ва биринҷ таҳияшуда, аз маҳсулоти гӯштӣ бештар гӯшти мурғ ва моҳӣ, аз меваҷот: себ, сир ва санҷид, ки мағзи сафед доштанд ва ғайра.
Дар маҷмуъ, дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҳеҷ падидаи фарҳангие ба мисли ҷашни Наврӯз дорои шумори рамзҳо ва суннатҳои ба ин андоза ғанӣ нест. Наврӯз падидаи комилан мифологӣ ва мазҳабӣ нест, балки як фарҳангест муназзаму том ва пеш аз ҳама падидаи табии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози кишту кори баҳорӣ мебошад. Барои он ҳамчун ҷашни тақвимӣ, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз - фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Зеро инсон бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.
Наврӯз - нишоне аз ғолибияти нур бар зулмат, рамзи офариниши дубораи табиат, эҳёи баҳор, муждаи шукуфа ва бориши борон, ҷашни кишту кор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, нишонаи ҳуввияти фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Наврӯз - давоми муборизаи умумимиллӣ барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллист. Он пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи мардумони ҳалқаи наврӯз мебошад.
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
1. Берунӣ, А. Осор-ул-боқия [Матн]: /А.Берунӣ. – Душанбе: «Ирфон», 1990. - 432c.
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.3. (Наврӯз ва ҷашнҳои дигар) [Матн]: - Душанбе, 2018. - 800 с.
3. Каримбоев, С.И., Исхаков, Б.Б. Этнографические изучение навруза [Текст]:/С.И.Каримбоев //” Экономика и социум”, №4(95)-2, 2022. - С.928-932.
4.Маҳмадов, И. Наврӯз дар манбаъҳои таърихӣ // Маҷмуи мақолаҳои симпозиуми байналмилалии илмӣ “Масъалаҳои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фалсафаи Наврӯз”. - Душанбе, 2016. – С. 45.
5. Назир, У. Наврӯзи ҷаҳон (Нигоҳи кӯтоҳе ба Наврӯз ва ҷаҳонишавии он) [Матн]: /У.Назир. – Душанбе: “Адиб”, 2012. – 64с.
6. Разӣ, Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон [Матн]: /Ҳ.Разӣ. - Теҳрон: Беҳҷат, 1380. – 112c.
7. Раҳимов, Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон (Маводи илмӣ барои таълим) [Матн]: /Д.Раҳимов. - Душанбе: “Истеъдод”, 2011. - 96с.
8. Раҳимов С.Х., З.Сайфулло. Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз дидгоҳи нав [Матн]:/С.Х.Раҳимов, З.Сайфулло // Дар китоби “Имрӯзи фарҳанги тоҷик”. – Душанбе, 2024. – 240с. – С.89-91.
9. Раҳмон, Э. Наврӯз – далели офариниши ҷаҳон [Матн]:/Э.Раҳмон //Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. – Душанбе, 2007, Ҷ.7. – С.404-407.
10. Рӯзӣ, А. Наврӯзи хуҷастапай [Матн]: /А.Рӯзӣ.– Душанбе: «Ирфон», 2001. – 40 с.
11. Самиев, Б.Ҷ. Фалсафаи наврӯз дар таҳаввули ҳаёти маънавии халқҳои ҳавзаи интишори он [Матн]:/Б.Ҷ.Самиев//Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ - №2, 2025. – С.55-60.
12. Шаъбонӣ, Р. Одоб ва русуми Наврӯз [Матн]: /Р.Шаъбонӣ. – Душанбе: “Пайванд”, 2011. - 238 с.
13. Ҳазратқулов, М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол [Матн]: /М.Ҳазратқулов. -Душанбе: Эр-граф, 2012. -484 с.
14.faraj.tj/index/php/tj/tarikh/13408-sajri-ta-rikhii-navr-z-dar-eron.html)
15. Кари-Якубова, Е.А. Навруз – история, традиции, современностӣ// https://cyberleninka.ru/article/n/navruz-istoriya-traditsii-sovremennost/pdf.








