Перейти к основному содержанию

Шурӯъ аз 24 феврали соли равон кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои шикорӣ экспедитсияи муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори бузи морхӯр (пармашох) оғоз намудаанд.

Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Шамсидин Шоҳин ва Дарвоз идома дошта, ҳадафи он муайян намудани вазъи паҳншавӣ ва шумораи ин намуди нодири ҳайвонот мебошад.

Қобили зикр аст, ки бузи морхӯр (пармашох) намуди осебпазир ба шумор рафта, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN Red List), Замимаи II-и Конвенсияи CITES ва инчунин ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Ин ҳайвони нодир асосан дар баландиҳои 700 то 2700 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Минтақаҳои паҳншавии он шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз (мавзеъҳои Яхчипун ва Яхчисор), қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ (кӯҳҳои Кушониён, Сариғор, Хирманҷо, Кишт) ва инчунин қаторкӯҳи Вахш (кӯҳҳои Сарсарак)-ро дар бар мегирад.