Перейти к основному содержанию
Чеҳраҳои мондагори занони ориёӣ дар тули қарнҳои мутамадӣ дар оинаи таърих ва тамаддун, фарҳанги бостонӣ ва инчунин дар сохтори давлатдорӣ мавзӯъи хеле печида ва ҳамаҷониба буда, ҳам акнун мазмуни мутоилаи мо мебошад. Агар ба саҳифаи таърихи бостон назар андозем, занони ориёӣ дар ҳамаи давру замонҳо хеле фаъол буда, мо шоҳиди муборизоти занон барои истиқлол, демократия, барои ба даст овардани ҳуқуқҳои оддии худ дар хонавода мебошем, сарфи назар аз он маҳдудиятҳое, ки мардон барояшон эҷод кардаанд, мешавем. Онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ нақши муассир дошта, соҳиби мақом, шахси иҷтимоӣ ва таҳти салтанат гардидаанд.

Амсоли чеҳраҳои мондагори занони тоҷику форс Томирис, Пурондухт, Саидахонум, Шуҳдахонум, Туғшодхонум дар кишварҳои Руссия, Аврупо ва маликаи Инглистон Элизабеттаи аввал, малика Мори, малика Анна, малика Виктория, Екатеринаи 2. Дар Руссия Екатеринаи 2 на фақат Заминҳои Руссияро васеъ кард, балки онро то соҳили баҳри Сиёҳ барои ҳамеша расонидааст.Дар охири қарни XV ва аввали қарни XVI малика Кастилия, Испанияро ба тахту тоҷи қави муттаҳид намуда, яке аз чеҳраҳои шинохтаи мондагорӣ дар таърих мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар чунин кишварҳо, мисли Инглистон, Скотланд, Исланд, Пуртуқол, Норвеж, Донморк, Сувид ва Руссия соҳиби тахту тоҷ шудани занон амри маъмулӣ будааст. Акси занони Шарқ Ғарб Ҳам дар баробари мардони тамоми давру замон рӯи сиккаҳо, медалонҳо ва осори бостонӣ ба шакли муҷассамаҳо, катибаҳои бостонӣ тасрим шудаанд. Ногуфта намонад, ки аксари муҳҳаққиқони Аврупоӣ мақоми занони Шарқро нодуруст шарҳ медиҳанд, ки гӯё онҳо ғуломи мард буда, гӯшанишинӣ барояшон аз амри воқеист.

Вале агар ба таври саҳеҳ ба оинаи таърих нахар андозем, чаҳраҳои мондагори занони Шарқ аз Гарб дида пештар ба даст овардаанд. Нисбати эҳтиром ба зан шавоҳиде зиёде дар “ Яштҳо” омада ва дар он номи занҳое зикр шудаанд, ки ба хотири ақлу хирад ва иффату покдоманӣ абадӣ мондаанд.

Дар таърихи бостон аз чеҳраҳои мондагорӣ Хадичаи Кубро, Ойиша ва олиҳаи асотирӣ Анаҳиторо бояд махсусан зикр кард. Ҳазрати Фотима ва ҳазрати Ойиша дар маҷолисе ҳаққи сухан гуфтан доштанд ва заноне, ки бо ҳамроҳии мусалмонон дар ҷанги Қодасия омада буданд, мардони захмиро мудово мекарданд.Қобили қайд аст, ки олими маъруфи олмонӣ Ҳ.Ҳ.Шэдер дар китоби “Таърихи ислом” номи корномаи баъзе аз занони озодаро номбар кардааст. То ба имрӯз аҳли қалам сифат, ақлу хирад, зебоии ботинӣ ва зоҳирии занро таҷассум менамоянд, ки меъйри занони тамоми давраи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Ба қавли олимаи шинохтаи олмонӣ Анна Марии Шиммель дар давраи “Авесто” зан дар хона аз ҳуқуқи баробарӣ бо мард бархурдор буда, номи зану мард бо якҷоягӣ ишора шудааст.Вазифаи зан фақат ба кори иқтисодӣ ва кори хона хотима надошт, балки барои рушди ахлоқӣ ва маънавии ҳамаи мардумони он аҳд холӣ аз аҳамият набуд.Муборизаи фаъолонаи зан ба муқобили бадӣ ва тарғиби тамаддуни ахлоқӣ ва маънавӣ шаҳодати ин қавл аст. Чуноне, ки маълум аст, ҳамаи ниҳодҳои Зардуштӣ, ки ба зан хос аст, дар он таҷассум ёфтааст, яъне хонавода ва қонуни хонаводагӣ, мубориза бо бадӣ ва беадолатӣ, некӣ ва адолат, ҳусни тафоҳум ва муҳаббат ҳифзи муҳити зист ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки дар Бундахишн омадааст, ки ҳар сол дар Наврӯз ва Меҳргон мардум духтарони худро дар оби дарёи Кавса (ки онро ба дарёчаи Зара ё Ҳомун), шустушӯ медиҳанд, зеро, ки Зардушт ба онон гуфтааст, ки дар ин рӯз аз духтарони ишон Ушидару, Ушидармоҳ ва Сӯшиён маъбудони сегонаи Маздаясно ба вуҷуд хоҳанд омад.

Мутобиқи асотир дар қуруни VI қабл аз милод дар манотиқи маскунии массагетҳо (аз рӯи навиштаҷоти Иронии сакоиҳо) баъди марги подшоҳонашон зани ӯ Томирис ба Куруши Кабир ҷангида ғолиб баромадааст. Шоҳ Баҳман аз сулолаи Кайёниён фарзанди Исфандиёрро не, балки духтари худ Ҳумоюнро вориси тахту тоҷ таъйин менамояд. Ва ӯ тӯли 32 сол подшоҳӣ намуд. Дар Ирони бостон баъд аз вафоти Қубод 2 дар соли 628 ҳокимони давлат яке паи дигар шоҳонро аз тахт маҳрум мекарданд, то вақте ки Ардашер духтари бузурги Хусрави Парвизи 2 Пурондухтро ба салтанат таъин кард. Ин бону зани Искандари Македонӣ буда, Рухшона ном дошта, баъд аз ҳукмронии яксолаву чаҳормоҳа фавт кард ва баъд аз як моҳ ҷои ӯро хоҳараш Озармидухт гирифт6. Рӯҳи озодандешии ин ҷасурӣ дар байни занони Осиёи Маркази то қарнҳои VII – VIII идома дошт.Ширкати занон дар набартҳои он ҷангҳо тасодуфи набуд. Онҳо мисли мардон аспсавори мекарданд, истифода аз силошро ёд доштанд ва камонандозони моҳир буданд.

Дар мавриди ширкати занон дар мубориза дар “Таърихи Табарӣ” шаҳодат медиҳад, ки 50 ҳазор мард ва 30 ҳазор зани асир дар зиндонҳо умр ба сар мебурданд. Шахсияти тобноки модар шоҳзодаи ҷавони Суғдӣ Туғшод-хонумро бояд махсус қайд кард. Ӯ соҳиби салтанат гардида, роҳҳои корвонгузори Самарқанду Бухорову Хуҷанду Омуру таҳти назорати худ қарор дода ва муддати тӯлони маркази худ Пейкандро ҳифозат намудааст9. Дар китоби “Қобуснома” оид ба корнамоиҳои Саъидахонум ва Султон Маҳмуд ривоятҳои зиёде ҳаст. Ин хонуми ҷасур 39 сол ноиби салтанат буд.

Яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи бостон хонуми Шухда, духтари Ибн-Наср- Аҳмад буда шогирди фақиҳи шинохта буда, баъд аз гирифтани шаҳодатнома, дар майдонҳои кишвари Бағдод, маърӯзаҳо мекард. Шухта лақаби “Фахр-ан-Нисо” –ро яъне Фахри хонумҳоро дошт. Ховаршиноси Олмонӣ А.Кремер қайд кардааст, ки дар китобхонаи шахсии эшон дастхати аз хонум-Шухда мафҳуз аст ва инчунин навиштаҷотҳову маърӯзаҳо аз хону Шухда боқи мондааст. Хонум Шухда санъати волои хаттотиро ҳам доро буд.

Яке аз чеҳраҳои мондагори давраи Сомониён Робеа бинти Каъби Қуздории Балқив ва муосири Рудакӣ аст ки ашъораш аз назари латофати маъни хеле дилангез ва маъруф аст. Аз хурди ба адабиёт шавқ дошта, бештар бо ду забон арабӣ ва тоҷикӣ шеър машқ мекард. Аз осори Робеа чор ғазал ва чанд порчаи қитъамонанд бокӣ мондаанд. Ғазалҳои шоира ниҳоят равон ва ҷозибаноканд, ширину гуворо ҳастанд, оҳанги меҳрпарвари мафтункунанда доранд.

Аз чеҳраҳои мондагорӣ таърихӣ шоираи қарни XII Маҳастии Хуҷандиро махсус бояд қайд кард. Рубоии дилрабои Маҳастиро олими бузурги олмонӣ Ф.Майер тарҷумаи таҳт- ул-лафз кардааст. Маҳастӣ ҳам маҳорати шеър навиштан, ҳам маҳорати наққошиву хаттотӣ ва ҳам маҳорати рақсу мусиқанавозӣ ва овозхонӣ кардан дошт.

Маҳастии Хуҷандӣ дар шаҳрҳои Марву Хуросон, Ганҷаи Озарбойҷон, Зинҷон, Машҳаду Балх зиндагӣ ва фаъолият намудааст. Қобили қайд аст, ки вай яке аз ситораҳои назми тоҷику форс буда, рубоии дилчаспи ӯ то ба имруз қимати худро гум накардааст. Муаллифи китоби “Хайрат-ул-Ҳисон” (беҳтарини беҳтаринҳо) Эътимод-ул-Султон роҷеъ ба ашъори Маҳастӣ менависад: “ Ягон шоира дар эҷоди шеъри форсӣ-тоҷикӣ мисли ӯ беназир набуд, зебоии баёни ӯ, шоҳиди ашъори волои ӯст. Чеҳраи мондагори дигари шинохтаи суғдӣ, модари мушфиқу меҳрубон, зеҳни тез, ақли расо, ва ба китоб завқи баланд дошта, чеҳраи Розия Озод мебошад, ки роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабиаш дар китоби “Хотира” хеле ҷолиб омадааст.

Нақши Розия Озод на танҳо ҳамчун шоира маълум аст, балки ба мардуми худ фарзанди бедордил, хирадманд, хоксору худогоҳе, монанди Бобоҷон Ғафуров эхдо намуда, ба гуфти писараш ӯро дар рӯҳияи шеъру ҳикмати Ҳофизу Хайём, Балхию Саъдӣ, дониш Парваридаст. Ба қавли олими тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Дар шеър, махсусан дар шеъри ҳикматомез маънои рӯйдодҳои зиндагӣ баён шудааст, таҷрибаи чандин насли мардумони гузашта ва ҳақиқати ҳаёт тамазкур ёфта, хулосатан ҷамъбаст шудааст. Моҳияти замонҳо ба сурати бадеии назаррабо ба ҷилва омадааст”.

Имрӯзҳо аз нақши занони тоҷик дар ҳаёти имрӯзаи мардумон шоираҳои мумтози Тоҷикистон, амсоли Гулрухсор, Меҳринисо ва Фарзонаро бояд зикр кард, ки дар ҷодаи шеъру шоирӣ нақши муассир гузоштаанд, Модар яке аз арзишҳои аслӣ ва бунёдии башарият аст, ки дар таърих, фарҳанг, бовару эътиқодоти динӣ решаи амиқ дорад. Дар тамоми фарҳангҳо ва анъанаҳо модар рамзи ҳаёт, муҳофизат, ғамхорӣ ва қудрати рӯҳонӣ мебошад. Тасвири Модар дар таърихи инсоният ҳамеша ба сифати рамзи ҳаёти нав, манбаъи рушди ҷисмониву маънавӣ боқӣ мондааст. Дар тӯли ҳазорон сол, башарият тасвири Модарро муқаддас медошт, онро бо маънои рамзӣ, бо табиат, ҳосилдорӣ, замин ва кайҳон рабт медоданд. Модар ҳамчун яке аз симоҳои муҳими ҷамъиятӣ, таъсироти амиқ ба рушду ташаккули фарҳангҳои гуногуни дунё гузоштааст. Ин симо нишон медиҳанд, ки маънои модар танҳо ба як шахс ё гурӯҳ маҳдуд нашуда, балки он ба масъулият, дониш, таълим, меҳру муҳаббат ба ҷаҳон ва тамоми ҳаёт интиқол дода мешавад. Ҷойгоҳи модар дар тамоми боварҳо, урфу одат, оинҳо ва фарҳангҳо яксон нест, вале тамоми ҷомеаҳо ва фарҳангҳои гуногун модарро ҳамчун рамзи муҳаббат, фидокорӣ эътироф мекунанд.

Санавбарбону Воҳидова д.и..т., профессор Мудири шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ