Перейти к основному содержанию
Имрӯз, 13 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳаммияти боз ҳам бештар касб кардааст. Дар адабиёти илмиву назариявӣ мафҳуми «ҳувияти иҷтимоӣ» маъмулан ҳамчун эҳсоси мансубияти фарди инсон ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (аз қабили миллат, табақа, дин, маҳал, касб ва ғайра) таъриф мешавад.

Таъкид гардид, ки тавассути ҳувият шахс худро бо дигарон ҳамтақдир ва ҳамватан эҳсос намуда, аз дастовардҳо ва сарнавишти миллату ҷомеаи худ ифтихорманд мегардад. Ҳувият ба инсон илҳом мебахшад, ки бо ҷомеаи хеш робитаи маънавӣ дошта, барои ҳифзи арзишҳои умумиҷамъиятӣ масъул бошад. Барои халқи мо, ки тоза истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида истодааст, масъалаи ташаккули ҳувияти устувори миллӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мавзуие, ки имрӯз мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, на танҳо аз дидгоҳи назария муҳим мебошад, балки барои татбиқи амалии сиёсати иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа низ аҳаммияти бевосита дорад.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии мардум ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд. Дар даврони пурталотуми ибтидои истиқлол маҳз талошҳои пайгиронаи ин абармарди давлат буд, ки давлати тоҷикон тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, якпорчагии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созад.

Қайд гардид, ки дар даврони истиқлол рамзҳо ва муқаддасоти давлатии мо – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ – мавқеи хосса касб карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ҳувияти давлати соҳибистиқлоламон имрӯз дар маркази пойтахт бо баландии рекордӣ парафшон аст, ки ин манбаи эҳсоси ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамчунин, дар гӯшаву канори кишвар ба ифтихори абармардони таърихи миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, пайкара ва маҷмааҳои бузургдошти онҳо бунёд гардидорҳои созанда ва рамзҳои муҳими давлатдории навини мо барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҷассум намудани рӯҳи ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд.

Зикр гардид, ки ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама бар пояи забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муштараки халқ шакл мегирад. Дар ин ҷода низ хизмати Пешвои миллат беназир аст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, рукнҳои асосии фарҳанги миллии мо дар даврони истиқлол дубора эҳё ва инкишоф дода шуданд. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – ҳамчун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ таҳти ҳифзу пуштибонии доимии давлат қарор гирифта, барои рушди минбаъдаи он қонуни вижа, барномаҳо ва тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, паҳлуҳои назариявии масъалаи ҳувияти миллӣ ва нақши онро дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик шарҳ дод.

Ҳамчунин, доктори илмҳои сотсиология, профессор Волкова Олга Александровна, сарходими илмии Институти демографияи иҷтимоии Маркази федералии илмии таҳқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, ба таври маҷозӣ дар мавзуи «Асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии синни калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии насли калонсол дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дар идомаи конференсия номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», доктори илмҳои фалсафа Каҳҳоров Ғаюр Ғафурович дар мавзуи «Ташаккули ҳувияти миллии аҳолии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ», инчунин номзади илмҳои сотсиология ва иқтисод, дотсент Ананченкова Полина Игоревна дар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҳувияти иҷтимоӣ: дидгоҳи геронтологӣ ва масъалаи эйджизм» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирзода Фирӯз Сафаралӣ, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Ҳувияти ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир: таҳлили сотсиологӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти ҳуқуқиро дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳувияти иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус дошта, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад.