Дарвоқеъ, омад - омади Наврӯзи хуҷастапай ба мардумони ориёитабор, олимону шоирон ва аҳли илму адаб ҳамеша илҳоми нав, андешаи нав ва рамзу рози нав мебахшад, ки ӯ гӯё ҷаҳони маънавии онҳо ранги дигар гирифта бошад. Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб андешаронӣ намудаанд, ки: “Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз намудааст, ки имрӯз боиси ифтихору эҳтимоди мардум гардидааст”.
Гузашта аз ин, моҳияти ҳикмати ҷашни Наврӯз дар худ арзишҳои нуҳуфтае дорад, ки инсонҳоро бо ҳам меоварад, қалбҳоро аз кинаву кибру ғурур пок месозад, хонаву манзилро озода ва мардумро таҳаммулпазир менамояд. Хусусан, мардумони ориёитабор: точикон, эрониҳо, паштунҳо, курдҳо, осетинҳо, тотҳо, покистониҳо ва дигарон, ки онҳоро хешутабории решапайвандӣ, рамзҳои умумӣ ва муштаракоти таърихӣ дар Авесто ва Ведҳо бо ҳам мепайванданд, худро ворисону дилбохтагони Наврӯзи хуҷастапай медонанд.
Мавриди тазаккур аст, ки аз давраи Ориёи Бузург, Ҳахоманишиҳо, Саффориёну Кӯшониён, Сосониён то Сомониён ҳамеша Наврӯз дар шаклу мазмуни гуногун мақому манзалати худро дошт. Ин аст, ки Абурайҳони Берунӣ дар бораи Наврӯзи замони Сосониён мегӯяд, ки «…ва ойини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки ба эшон некӣ кунад».
Ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва маросимҳои тӯй, дафн, расму оинҳо, фолклор, устура, фарҳанги мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва ғайра бошанд, аз замони Сомониён то имрӯз хуҷаставу пойдор мебошанд, Бузургии ҷашни Наврӯз дар он аст, ки ба дину ойин начандон таваҷҷуҳ дорад, ин ҷашни оғози табиати зинда, сайри гули сияхгӯш, ҷашни майдондорию паҳлавонӣ ва орзую омоли тарзи ҳаёти нав мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои бузурги миллие ноил гардидаем, ки боиси ифтихори миллату давлат ва ҳамзабононамон мебошанд. Масалан, бунёди «Кохи Наврӯз», ин шоҳкории аср ва иншооти беназирест, ки бо ҳидоятҳои Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёд гардидааст. «Кохи Наврӯз» зеботарин шоҳкории наврӯзӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳсули меҳнати дасти ҳунармандони тоҷик аст
«Кохи Наврӯз» ва нақшу нигори наврӯзии он мисли китоби «Наврӯзнома»-и Умари Хайём муаммоест, ки барои кушодани гиреҳи мантиқии он бояд аз таъриху фалсафаи мардуми тоҷик ва ҷашни Наврӯзи он огоҳ бошем.
Дар баробари ин, бунёди «Наврӯзгоҳ», рамзи макони ба ҳам омадани мардум ва меҳмонони Наврӯз мебошад. «Наврӯзгоҳ» як муаммои ориёӣ - тоҷикиест, ки асоснок намудани мақому манзалат ва моҳияти таърихии он розҳои нуҳуфтаеро дар бар мегиранд. Ин макони паҳлавонию аспсаворӣ, ин ҷаҳони шеъру суруд ва наѓмаҳои дилкаши баҳорӣ мебошад, ки ба инсон шодию сурур мебахшанд. Бунёди «Наврӯзгоҳ» туҳфа ва навгониест, ки дубора фарҳангу суннатҳои Наврӯзиро эҳё менамояд.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба вазъи ҷаҳони муосир ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дар Паёми навбатиашон 16 декабри соли 2025 аз фурсати таърихии пешомада истифода намуда, барои таъсиси “Конуни тамаддуни Ориёӣ “ ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ташаббусу пешниҳодҳои наве ироа намуданд, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ арзиши бузурги бунёдӣ доранд. Зарурати таъсиси чунин марказҳои бунёдӣ хеле саривақтӣ буда, куҳанбунёдӣ ва фарҳангсолории мардуми моро боз ҳам тақвият мебахшанд.
Мавриди қайд аст, ки “Маркази байналмилалии Наврӯз” ба гунаи як ниҳоди ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун мероси муштараки тамаддуни ориёӣ байни кишварҳоест, ки ҷашни Наврӯзро бо арзишҳои миллии таърихию нигоҳ медоранд.
Арҷгузории Президенти кишвар ба Наврӯзи хуҷастапай , ки он рамзи бедории табиат ва оғози рӯзи нави соли нави
аҷдодӣ ҳаст, на танҳо як ҷаҳонбинии хосса, балки андешаи
нави миллиест, ки метавонад ба ҷаҳони маънавии мардум таъсиргузор бошад. Наврӯз рӯзи ҳамдигар бахшӣ, рӯзи умеду орзуҳои зиндагӣ, шодию сурур ва ҷашни огоҳии миллӣ мебошад.
Ин аст, ки Хайёми бузург чунин фармудааст:«Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузарад».
Имсол ҷашни Наврӯзи хуҷастапайи мо мисли ҳарвақта бо базму сурур ва зебоиҳои беназир бояд таҷлил карда шавад, аз ин рӯ, ба Наврӯз муроҷиат карда мегӯем, ки:
Наврӯз, биё, ба сайри Варзоб равем,
Варзоб равем бар лаби об равем,
Ҳар кас ба ҳавас сайри баҳорӣ дорад,
Мо дар ҳаваси рӯи ту Кӯлоб равем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда ин ҷашни бузурги аҷдодиро ба ҳама тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ҳавзаи Наврӯз табрику таҳният мегӯям.
Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор








