(Бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об)
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷойдоштаи марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тайи даҳсолаҳои охир ҷалб намуда, барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ва ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои мазкур, водор менамояд.
Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" моҳи декабри соли 2016, бо қатъномаи № 71/222-и Маҷмаи Умумии СММ, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул карда шуд. Даҳсола аз Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, яъне 22 марти соли 2018оғоз шуда, то 22 марти соли 2028 давом меёбад.
Мақсад аз эълон гардидани даҳсолаи мазкур,барои бештар намудани таваҷҷӯҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, амалисозӣ ва тарғиби барнома ва лоиҳаҳои марбут ба об, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда дар тамоми сатҳҳо баҳри ноил шудан ба ҳадаф ва вазифаҳои мувофиқашудаи сатҳи байналмилалӣ, ки ба захираҳои об алоқамандӣ доранд, равона гардидааст.
Қатъномаи қабулнамудаи СММ ба ҳамаи давлатҳо тавсия медиҳад, ки барои баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, беҳтар кардани сифати он ва ҳифзи захираҳои он аз камшавӣ ва ифлосшавӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Дар яке аз ҳуҷҷатҳои СММ, ки "Ҳуқуқ ба об"номгузорӣ шудааст омадааст, "имрӯз башарият бо бӯҳрони ҷиддии об дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯбарӯ аст, зеро айни замон як миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, беш аз ду миллиард нафар аз шабакаҳои тозакунӣ ва рафъи об маҳруманд ва ин сабаби асосии бемориҳое гаштааст, ки аз истеъмоли оби ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ набуда ба вуҷуд меоянд".
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тахмин мезанад, ки 80% бемориҳо дар саросари ҷаҳон баъд аз истифодабарии оби пастсифат ва ғайрисанитарӣ ба вуҷуд омада, сабаби марги ҳамарӯзаи 1000 нафар кудакони то синни 5 сола гаштааст.
Аз ин лиҳоз тамоми мардуми сайёра бояд баҳри ҳалли мушкилоти обу иқлим кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро барои инсоният ин мушкилиҳо ба масъалаҳои мубрами рӯз ва муҳим табдил гаштаандва дарёфти саривақтии роҳи ҳалли онҳо заминаи асосии пешрафт барои дилхоҳ ҷомеъа мебошад.
Обҳои табииро дар ҳама ҷо вохӯрдан мумкин аст, онҳо доимо дар ҳаракат буда, вобаста ба шароитҳои табиӣ метавонанд ҳолат, хосият ва сохтори худро тағйир диҳанд. Ҳамаи қабатҳоисайёраи Замин бо об ба якдигар пайваст мебошандва системаи ягонаи обҳои табииро ташкилмедиҳанд, ки қишрҳои атмосфера, гидросфера,литосфера ва биосфераро дар бар мегирад.
Олими бузурги рус В.И. Вернадский се хусусияти обҳои табииро махсус қайд намудааст, ки тибқи он обҳо:
- Ҳангоми тағйир ёфтани шароити термодинамикӣ қобилияти аз як ҳолати фазавӣ ба ҳолати дигар гузаштанро доранд;
- Дар таркиби обҳо ҳамеша миқдори муайяни газмавҷуд аст, аз ин рӯ обро метавон маҳлули газдор шуморид;
- Бо организмҳои зинда алоқамандии зич доранд,зеро онҳо хосият, таркиб ва сохтори обро истифода бурда, онро тағйир медиҳанд.
Ин хусусиятҳои обҳои табиӣ гуногунии таркиби кимиёвии онҳоро муайян мекунанд. Чунон ки мавсуф қайд кардааст, об ба тағйиротҳое, ки дар тавозун байни компонентҳои он ба амал меояд хеле ҳассос вокуниш нишон медиҳад. Ба андешаи В. И. Вернадский, тағйирёбии консентратсияи моддаҳоҳатто ба андозаи як миллион ҳиссаи грамм дар 100 грамм об, метавонад хосиятҳои онро ба таври назаррас, тағйир диҳад.
Дар табиат чунон, ки маълум аст оби аз ҷиҳати кимиёвӣ комилан тоза қариб, ки вуҷуд надорад ва ё муддати хеле кӯтоҳ метавонад арзи ҳастӣ дошта бошад. Обҳои ошомиданӣ дар занҷираи табаддулотҳои кимиёвӣ дар марҳилаи ибтидоииэволютсияи обҳо қарор доранд. В.И. Вернадскийтаносуби обҳои ширинро бо обҳои шӯр муқоиса намуда, ҳисоб кардааст, ки дар ҳолати баробар тақсим намудани обҳо дар рӯи Замин, ғафсии қабати оби ширин 2 метр ва қабати обҳои шӯр 2700 метрро ташкил медиҳад.
Аз ин мутаносибӣ бармеояд, ки андозаи қабати обҳои ширин, ки таъминкунандаи ҳаёт дар тамоми сайёраи мо мебошад, хело тунук ва нозук аст ва мавқеи он дар қисми болоии гидросфера, ки макони ташаккулёбии обҳои зеризаминии тоза мебошад, ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Обҳои зеризаминӣ дар ҳудуди ҷумҳурииТоҷикистон аз лиҳози таркиби кимиёвӣ, мазза, шароити хобиши қабатҳо, ҳаракат ва ҷараёнгирӣ хеле гуногун мебошанд. Дар бурриши амудии геологии қабати замини қаламрави мо ду минтақаи гидродинамикии ба таври возеҳ фарқкунанда, ҷудо карда шудааст.
Дар минтақаи болоӣ, ки дорои ғафсии нисбатан хурд аст (то 200-300 м), мубодилаи фаъоли обҳои зеризаминии, ошомидании босифат мушоҳида карда мешавад.
Минтақаи поёнӣ бошад уфуқҳои жарфии ҳавзаи обҳои артезианиро фаро мегирад, ғафсии қабат ба якчанд километр баробар аст ва дар онмубодилаи мушкили обҳо ба назар мерасад. Дар ин минтақа обҳои зеризаминии шӯр ва ниҳоят шӯри дорои минералнокии то 400 г/дм³ инкишоф ёфтаанд.
Бар асоси хусусиятҳо ва нишонаҳои ҷуғрофӣ ҳудуди Тоҷикистон ба ду минтақаи васеъ тақсиммешавад, ки инҳо кӯҳӣ ва ҳамвор мебошанд.
Дар минтақаҳои кӯҳистон навъи обҳои ошомидании тарқишӣ ва тарқишии-сӯрохӣ васеъ паҳн шудааст. Таркиби кимиёвии обҳо гидрокарбонатӣ ва калсиявӣ буда, минералнокиашон то 1 г/дм³ аст. Обҳои зеризаминӣ дар жарфҳои аз якчанд метр то 100-150 м ҷойгир мебошанд. Ин минтақаҳо дорои захираи динамикии обҳои тозаи зеризаминии хушсифат ҳастанд. Таъминоти оби аксар маҳаллаҳои аҳолинишин ва корхонаҳои саноатии минтақаҳои кӯҳистон бо истифода аз обҳои зеризаминии чашмаҳои калон амалӣ карда мешавад.
Сарфи назар аз захираҳои бузурги табиӣ, захираҳои истифодашавандаи обҳои зеризаминииин минтақаҳо нисбатан камтаранд, зеро дар ин ҷойҳо шароити мусоид барои ҷамъшавии обҳо мавҷуд нест.
Минтақаҳои ҳамвори ҷумҳурӣ бо шароитҳои гуногуни гидрогеологии худ фарқ мекунанд. Дар пастхамиҳои байникӯҳӣ, ки сохтори онҳо аз қабатҳои аллювиалӣ-пролювиалӣ иборатанд, ҷараёни обҳои тозаи зеризаминӣ ташаккул меёбанд, ки ғафсии онҳо аз якчанд метр то 60-80 метр ё бештар аз он аст. Захираҳои табиӣ ва истифодашавандаи обҳои зеризаминӣ ба садҳо литр дар як сония мерасанд, миқдори оби ҷоришавандаи чоҳҳои худҷореъ 40-70 литр дар як сонияро ташкил медиҳад.
Дар пастхамиҳои байникӯҳии ҷанубу ғарби Тоҷикистон бештар обҳои шӯри таркиби сулфат ва хлорид дошта инкишоф ёфтаанд, киминералнокиашон аз 3 то 40 г/дм³-ро ташкил медиҳад. Захираҳои оби нушокии хушсифат маҳдуданд. Обҳои зеризаминӣ дар чуқуриҳои 10-100 м ҷойгир мебошанд.
Водии дарёҳои калон бошад бо шароитҳои махсуси гидрогеологии худ, ки дар қисматҳои гуногуни ҳавза ҳархела мебошанд, аз якдигар фарқ мекунанд. Дар водии дарёи Сир асосан обҳои ошомиданӣ васеъ паҳн гаштаанд вале дар байни онҳо қитъаҳои хурди дорои обҳои шӯриминералнокиашон то 5-6 г/дм³ дошта вомехуранд. Жарфи ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ аз 1 то 10 м-ро ташкил медиҳад. Дар қисматҳои алоҳида бошад обҳои зерифишории баландсифатро вохурдан мумкин аст.
Дар водии Ҳисор обҳои зеризаминии тоза бо минералнокии то 1 г/дм³ мавҷуданд, ки дар чуқурии 5-40 м ҷойгир мебошанд. Обҳои зеризаминии водии Вахш бо гуногунии таркиби кимиёвӣ ва минералнокии худ фарқ мекунанд. Дар қисмати шимолии водӣ, дар маҳалли конуси обоварди дарёи Вахш, обҳои ширини босифат инкишоф ёфтаанд. Дар ҷануби ин водӣ обҳои ширин тадриҷан ба обҳои шӯри минералнокиашон баробар ба 5-10 то 50 г/дм³ иваз мешаванд. Жарфи хобиши қабати обҳои зеризаминӣ гуногун буда аз якчанд метр то даҳҳо метр фарқ мекунад.
Дар водиҳои дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу обҳои зеризаминии таркиби кимиёвӣ ва минералнокиигуногундошта паҳн гаштаанд. Дар болооби водиҳо, асосан обҳои гидрокарбонатии ширин ташаккул меёбанд. Аз қаторкӯҳҳо ва наздикии гунбазҳои намак обҳои шӯри сулфатӣ бо минералнокии то 5 г/дм³ ба водӣ ҷорӣ мешаванд. Дар поёноби водии дарёи Ёхсу, обҳои зеризаминӣ фишордормешаванд. Чоҳҳои об худҷореъ гашта то 100 л/с об медиҳанд. Дар қисматҳои миёна ва поёнии ин водиҳо, минералнокии обҳои зеризаминӣ то 2-3 г/дм³ баланд мешавад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обҳои зеризаминии босифат мебошад. Имкони ҳамаи шаҳру деҳоти ҷумҳуриро бо захираҳои оби тозаи зеризаминӣ таъмин кардан ҳаст. Дар оянда шаҳрҳо бештар барои гузаштан ба таъмини об аз ҳисобиобҳои зеризаминӣ такя хоҳанд кард, зеро ин обҳонисбат ба обҳои рӯизаминӣ сифати беҳтар дошта, ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо заҳмати камтарро талаб мекунад ва аксар вақт умуман ба коркардэҳтиёҷ надоранд.
Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа захираи дурнамои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ба 18,7 км3 /сол баробар мебошад. Оби зеризаминӣ дар Тоҷикистон асосан барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, то андозае барои обёрӣ ва дар саноат истифода бурда мешавад.
Айни замон дар Тоҷикистон дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар сатҳи то 68% таъмин шудааст, ки ин нишондиҳанда хело паст мебошад ва тибқи“Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029” то соли 2030 ин нишондиҳанда бояд то ба 72 % расонида шавад.
Дар кишвари мо тақрибан 70 дарсади аҳолӣ дар деҳотҷойҳо зиндагӣ мекунанд. Барои дастрасӣ ба об байни аҳолии деҳот ва шаҳр дар Тоҷикистон фарқияти калон вуҷуд дорад. Вазъи таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби нӯшокии босифат то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад. Шабакаҳои обтаъминкунии қаблан сохташуда бинобар истифодаи тӯлонӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, фарсудашавии ҷисмонии онҳо то 70%-ро ташкил медиҳад.
Суръати афзоиши аҳолиро ба назар гирифта зарурати барқарор ва васеъсозии пайвастаи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар деҳоти мамлакат, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи аҳолӣ, ба миён омадааст.
Проблемаи таъмини оби нӯшокии тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ торафт тезу тунд шуда истодааст.Тағйирёбии иқлим метавонад ба таъминоти оби нӯшокӣ таъсири назаррас дошта бошад, зеро ба боришот таъсир расонда боиси тағйирёбии тақсимоти об мегардад. Ин метавонад барои ба вуҷуд омадани хушксолӣ дар минтақаҳои муайян мусоидат намуда дастрасии аҳолиро ба оби нӯшокӣ ва обёрии кишоварзӣ коҳиш диҳад.
Баландшавии ҳарорат ва тағйирёбии обу ҳаво боиси бад шудани сифати об ва ифлосшавии онгашта истодааст. Гармии аз ҳад зиёд сабабиафзоиши бактерияҳои зараровар гашта, интиқоли об бе коркарди зарурӣ барои истифодабарӣ ғайриимкон мегардад.
Хусусан дар шаҳрҳо, ки об тавассути шабакаҳои марказонидашуда таъмин кардамешаванд, таъмини оби тоза ба мушкилиҳогирифтор мебошад. Новобаста аз он, ки об аз коркардҳои кимиёвӣ, органолептикӣ ва дигар коркардҳо гузаронида мешавад, ҳангоми аз қубурҳои обгузар гузаштан бисёр хосиятҳои табиии худро гум мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз масъалаи ба истеъмолкунандагон расонидани оби табиии босифат ба миён омадааст. Ин мушкилӣ солҳои охир бо роҳи таъмин намудани оби бастубандшуда мустақиман аз чашмаҳо, чоҳҳо ва обанборҳое, ки обҳои табиии сифати хуби нӯшокӣ доранд, ҳал карда мешавад. Таҷрибаи мазкур дар бисёр кишварҳои пешрафта аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам хуб ба роҳ монда шуда истодааст ва ин барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва аз ҳама муҳим саломатии мардум мусоидат менамояд.
Маҳмадалиев А. Юнусова Ф. Ҳоҷизода Г. - кормандони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

