Аз замонҳои қадим мардуми ориёӣ дар фарорасии баҳор ва айёми шукуфтани гулҳо, махсусан гули сурхи “Лола”-ро бо ҷашну шодӣ истиқбол мекарданд. Тибқи иттилои Муҳаммади Нархашӣ дар китоби «Таърихи Бухоро», сокинони Бухоро то асри IX дар айёми Наврӯз дар назди оромгоҳи Сиёвуш ҷамъ омада, маросим баргузор мекарданд ва суруд мехонданд. Ҷашни «Гули сурх» ё «Сайри лола» то як моҳ идома ёфта, мардумро ба шодмонӣ ва сайру тамошо фаро мегирифт. Ин ҷашн дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Панҷакент, Исфара ва Конибодом баргузор мешуд. Амалдорон ва меҳмонон аз дигар сарзаминҳо барои иштирок дар он рӯзҳо меомаданд. Ҳарчанд ин сайр дар моҳи апрел, ҳамзамон бо шукуфтани гули лола баргузор мегардид, вале он бештар ба фаро расидани фасли баҳор ва суннати гулгардонӣ вобастагӣ дошт[5].
Дар давраҳои пеш ба Исфара аз мамлакатҳои гуногун: Туркия, Эрон, Покистон ва давлатҳои араб мардуми бисёр ташриф меоварданд. Ҷашнгирии «Гули сурх» дар Конибодом ва шаҳри Исфара бо иштироки меҳмонон то солҳои 20-уми асри XX идома ёфтааст. Ҷашн дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз сурат гирифта, дар тепаҳои гулзор сайру гашти оммавӣ барпо менамуданд. Ховаршиноси тоҷик, Қурбонов Ҳокимҷон таъкид мекунад, ки тибқи сарчашмаҳо ҷашни Наврӯз дар Балхи бостон аз садсолаҳо боз таҷлилу арҷгузорӣ мешуд ва ҳамчун рамзи дӯстӣ, рафоқат, муҳаббат ва ҳамбастагии мардумони гуногун маъруф шудааст[3].
Инчунин дар рӯзҳои Наврӯз, дар Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим ҷашнҳои “Гули сурх” ва “Сайри лола” бо мақсади ёдоварӣ аз табиат ва эҳёи он баргузор мешуданд. Дар ибтидо ин ҷашнҳо мазмунҳои асотирӣ ва динӣ доштанд, вале бо гузашти вақт мазмуни онҳо тағйир ёфт. Яке аз муҳаққиқони муосири гули лола Сафарбек Раҳимов мебошад, ки дар бораи ҷашни «Сайри гули лола» низ пажӯҳиш анҷом додааст[6]. Мавсуф дар таҳқиқоташ ҷиҳати гули лола чунин андешаро воҷиб дидааст: «Лола яке аз гулҳои боғии аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд. Номи илмии лола - Тulipa (ба забони русӣ тюльпан) аз калимаи форсии «Turba» (тӯрба - яке аз шаклҳои кулоҳи сари мардуми Шарқ) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ шабоҳати онро дорад».
Чунин таваҷҷуҳ низ ба гули лола дар рӯзҳои аввали Наврӯз, ки онро дар адабиёти муосири араб ба гули “Тавлиб” ёд мекунанд низ зикр гардидааст, вале зикри он нисбат ба гулҳои дигар камтар мебошад. Зеро ин гул, хоссаи Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ҷумла дар шеъри муосири араб ва баъзе ашъори классикӣ гули лола ҳамчун рамзи зебоӣ, ишқ ва баҳор истифода шудааст. Масалан Алоъ Абдулазим Солим, шоири Ҷумҳурии Арабии Миср дар васфи гули лола чунин тасвироти зуборо нигоштаат[2]:
يا زهرةَ التوليبِ في روضِ الرُّبى
قد زادَ حُسنُكِ في الربيعِ تألُّقَا
حمراءُ مثلُ الشَّمسِ عندَ شروقِها
تَهَبُ القلوبَ من الجمالِ تَشَوُّقَا
إنْ مرَّ نسيمُ الصبحِ فوقَ بتلاتِها
غنَّتْ الطبيعةُ حولَها مترفِّقَا
كأنَّها في الأرضِ سرُّ محبَّةٍ
زرعَ الربيعُ بطيبِها تَحَقُّقَا
Тарҷумаи тоҷикӣ:
Эй гули лола дар чаманзору теппаҳо,
Зебоии ту дар баҳор боз ҳам дурахшон шудааст.
Сурхи-ат мисли офтоб ҳангоми тулӯъ аст,
Ту дар дилҳо шавқи зебоӣ мебахшӣ.
Вақте насими субҳ аз гулбаргҳои ту мевазад,
Табиат атрофи ту бо нозу нарм месарояд.
Гӯё ту сирри муҳаббат дар рӯи заминӣ,
Ки баҳор онро бо накҳати худ парвардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар адабиёти муосири араб гули лола аз ҷумлаи писандидатарин гулҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад ва бо рамзияти амиқи эҳсосии муҳаббат, вафодорӣ ва зебоӣ маъруф аст. Асли он аз Осиёи Марказӣ буда, бори аввал дар ҳамин минтақа парвариш ёфтааст. Баъдтар ба Аврупо паҳн гардидааст. Аниқтараш дар асри XVII ба Аврупо роҳ ёфта, дар он ҷо бар рамзи сарват ва айшу нӯш табдил ёфтааст.
Гули лола дар фарҳанги форсӣ рамзи вафодорӣ, муҳаббати абадӣ ва фидокорӣ ба шумор меравад. Дар устураҳо гуфта мешавад, ки ба номи шоҳзодае бо номи Фарҳод ба духтари зебое бо номи Ширин иртибот доштааст. Гӯё аз қатраҳои хуни ӯ гули лола (ё занбак) бо ранги сурх рӯйид ва аз ҳамон вақт ин гул рамзи муҳаббати амиқ ва вафодорӣ гардидааст[4].
Инчунин Абдулло ибни Алуш- шоири кувайтӣ гули лоларо чунин васф мекунад[1]:
يا وردة التوليب يا شيخة الورد
كل النعومة فيك وبخد عذرى
مجروحة الصيف وحزينة من البرد
بنت الربيع انتي وعشاقك اسرى
Тарҷумаи тоҷикӣ:
Эй гули лола, эй бонуи гулҳо,
Ҳама нозукӣ дар тусту дар рухсори покат.
Аз гармиҳои тобистон захмдорӣ, аз сармо ғамгинӣ.
Ту духтари баҳорӣ ва ошиқонат асири туянд.
Дар Эрон низ лола ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва таърихи тӯлониро ифода мекунад, ки онро бо фарҳанги форсӣ пайванд медиҳад. Аз ин рӯ, ин гул маъноҳои амиқи эҳсосӣ ва таърихиро дар бар мегирад.
Гули лола рамзи оғози баҳор ва эҳёи табиат мебошад. Он бо фарорасии наврӯзи баҳорӣ мешукуфад, дар табиат ва боғҳо зебоӣ ва ба мардум рӯҳияи умедбахш мебахшад. Аз ҳамин сабаб, ин гул рамзи покӣ ва ҳаёти аз нав эҳёшаванда ба шумор меравад.
Маросими сайри гули лола яке аз рамзҳои зебои баҳор ва суннатҳои наврӯзӣ ба шумор рафта, он бо рангҳои гуногун: сурх, сафед ва зард рамзи муҳаббат, покӣ ва шодӣ мебошад. Дар фарҳанги мардумони Шарқ ҷашни лола бо эҳёи табиат ва фаро расидани фасли баҳор пайванд дошт. Он бо ҷашни Наврӯз - оғози соли нав алоқаи зич дорад. Дар адабиёт ва фарҳанги муосири араб гули лола ҳамчун рамзи зебоӣ ва таровати зиндагӣ низ тасвир ёфтааст.
Хулоса, тасвири гули лола ва рамзҳои он дар адабиёт ва шеъри муосири араб, аз гузашта то имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро шукуфтани гули лола дар фасли баҳор ва сайри гули лола дар рӯзҳои ҷашни наврӯз аз маросимҳои дӯстдоштаи мардум мебошад. Он ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, зебоӣ ва шодиро ифода менамояд. Шоирони араб лоларо дар ашъори худ ҳамчун рамзи эҳсосоти шоирӣ тасвир намудаанд.
Одинаев Абдуҳалим, Ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1. Абдуллоҳ ибни Алуш. Эй гули лола, эй маликаи гулҳо! 30.09.2018//Манбаъи электронӣ// https://x.com/3_3llosh/status/1046420836075417601 عبدالله بن علوش
2. Алоъ Абдулазим Салим. Шеърҳои гули лола (тавлиб). Дар дилат макон аст. Таърихи бардошт 16.03.2026//Манбаи электронӣ//https://poetsgate.com/poet.php?pt=4154 زهرة التوليب. وفي فؤادكِ موطنٌ. علاء عبد العظيم سالم.
3. Қурбонов Ҳокимҷон. Ҷашни “гули сурх”дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон. Сомони Институти Осиё ва Аврупо (телеграм). 27.03.2025. Манбаи электронӣ//https://telegra.ph/%D2%B6ASHNI-GULI-SURHDAR-MINTA%D2%9AAI-OSIYOI-MARKAZ%D3%A2-VA-AF%D2%92ONISTON-03-27
4. Муҳаммад Салмон. Номҳои гулҳои машҳур (қисми 2): Ҳикояҳои гули лола (тюлпан) ва гули баҳорӣ. Сомонаи “Ҳадияи зебои ман”. Арабистони Саудӣ. 08.12.2024//Манбаъи электронӣ//https://hadiatialjamila.com/%D8%A3%D8%B3%D9%85%D8%A7%D8%A1-%D9%88%D8%B1%D9%88%D8%AF-%D8%A7%D9%84%D8%AC%D8%B2%D8%A1-2-%D8%A7%D9%84%D8%AA%D9%88%D9%84%D9%8A%D8%A8-%D9%88%D8%A7%D9%84%D8%B1%D8%A8%D9%8A%D8%B9/?srsltid=AfmBOorYf9UGanCvGZe7KyrZU6DLDfsQkjrK7lQpkKoQx7mtBAA0QAnk
5. Н.Холназаров. Наврӯз ва шинохти он дар Тоҷикистон. 15.03.2026. Сомони Институти Осиё ва Аврупо (телеграм). 15.03.2025//Манбаи электронӣ//https://teletype.in/@academia/tHQf2DYpcxD
6. Ширин Қурбонова. Сайри гули лола дар фарҳанги миллӣ. Сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 02.03.2026. Манбаъи электронӣ// https://amit.tj/tj/sayri-guli-lola-dar-farkhangi-milli...

