Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдодони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Моҳият ва ҳикмати қадимтарин ҷашни мардумони ориётабор Наврӯзро метавон пайвандгари аслҳои фарҳангӣ ва наслҳои инсонӣ унвон кард. Наврӯз хешу табор, авлодро бо аҷдод, наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилаии робитаҳо ва нисбатҳо Ҷаҳони Инсонро бо Ҷаҳони Кайҳон мепайвандад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар тилъати Наврўз ҳувайдо мегардад.
Ин ҷашни аҷдодӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Боиси хушнудию сарфарозист, ки дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи “Тамаддуни ҷаҳонӣ” аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Аз ҷониби ташкилоти СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: “Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд”.
Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда ҳамбастагӣ дорад, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ғунҷонидааст. Меҳвари ормони мардуми хушманди форсу тоҷикро аз бомдоди фарҳанги миллӣ инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ ташкил медод. Ободии иҷтимоӣ ва рифоҳи зиндагӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон ҷустуҷугар, ҳушёру зирак, меҳрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, ҷашни Наврӯз ҷашни растахези табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопӯ ва кор аст. Ҷашнҳои миллии мо (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврӯз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд.
Таърихи шаш ҳазорсолаи он исбот менамояд, ки расму суннатҳои наврӯзӣ, рангу тобишҳояш ҳанӯз қабл аз Ислом, аз аҳди зардуштиён, ки дар сарчашмаи ин ойини таърихӣ китоби “Авесто” зикр гаштааст, он дар тамоми манотиқи кишварамон барои насли ояндаҳо ба ёдгор мондааст.
Маросими ҷашни Наврӯзӣ расман бо ин суннатҳо оғоз мегардад. Фалсафаи табиат хосса дар ин айём хонаи худро покизаву нав мекунад. Инсон бояд хонаи дилро аз гарди ғам, кинаю адоват пок намояд ва боғи хотирро аз гулҳои ишқу умед ва некӣ сабзу хуррам намояд. Инсон, ки ҷузъи табиат аст, бояд хислатҳои табиатро маърифат карда чун табиат дар ин айём аз хоби сарди андешаҳои куҳнаву беҳуда бархоста, баҳори кори зиндагиро аз сар оғоз намояд ва дар сафари зиндагӣ ҳар рӯзу моҳу солро аз дирӯз дида хубтару беҳтар созад.“Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад”.
Ҳар кадом шуури ҷамъиятӣ, хоҳ динӣ бошаду хоҳ сиёсӣ дар давлатдорӣ ва ё вобаста ба ҷаҳонбинӣ, ё аз нигоҳи этникӣ ба шакли мукаммал Наврӯзро пазируфтаанд. Якчанд омил ва далелҳое барои исботи ин ақида вуҷуд доранд: Наврӯз на танҳо ҷашни Сари сол аст, балки дар раванди пайдоиши олам аз олами ғайризинда ба олами зинда сароғоз мебошад. Ин ҷаҳонбинии хушку холие нест ва дар ин боб назарияҳои мукаммале вуҷуд доранд.
Наврӯз ҷашнест, ки табиат ва инсонро бо ҳам пайванди бештаре дод. Он андешаҳои иҷтимоӣ, табиатдустӣ (ё экологӣ), ахлоқӣ, зебоипарастиро дар бар мегирад, ки дар тӯли асрҳо аз ҷониби мутафаккирон тарғиб мегардид ва барои кулли инсоният дар ҳама гуна давр ва вазъ муҳим барои зиндагиаш буд ва мемонад. Аз ин рӯ, новобаста аз тағйир ёфтани форматсия ва ё идеология моҳияти Наврӯз умумибашарӣ мемонад. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз олим ва мутафаккири бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асари хеш “Осор-ул-бақия” чунин нигоштааст: “Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷин ва шаётин онро ҳамл карданд ва як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд. Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед дар шаҳрхои зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд”.
Умари Хайём дар “Наврӯзнома”-и хеш чунин овардааст: “Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рӯз, ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯз ки рафта буд. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт “Наврӯз” ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд”.
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чи гӯӣ хуш нест,
Хуш бошу зи дай магу, ки имрӯз хуш аст.
Назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои фалсафию иҷтимоии Наврӯз, ки бо ҳеҷ дин ё мазҳабе вобаста нест ва ин як ҷашни фарҳангиест, ки аз расму русуми башардӯстона ва сулҳхоҳона иборат аст. Воқеан ҳикмати Наврӯз хусусияти ваҳдатофарӣ, созандагӣ ва сарҷамъиро дорад.
Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,
Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.
Маҳз огаҳӣ аз таърих ва шинохти сурату сирати чунин суннатҳои қадимаи аҷдодонамон боиси хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо мегардад. Ногуфта намонад, ки миллате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худро бояд ҳифз намояд. Дар воқеъ таҷлили бошукӯҳи Наврӯз барои дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани насли наврас, ба хусус дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз аҳамияти хос касб намудааст.
Маълум аст, ки ҳар ҷомеае, ки бо хирад ва тафаккури ҷадид мусаллат аст, кори хайр барои худ ва барои дигарон анҷом дода метавонад ва ҷомеаи муосири тоҷик бо доштани савобиқи амиқи илмию фарҳангӣ дар раванди бозсозии тафаккур ва навсозии биниши миллӣ метавонад саҳми муносиб гузорад. Гузашта аз ин, хамираи Наврӯзи Аҷам бо хирад ва биниши воқеӣ сиришта шудааст ва бо қидмату навпардозӣ насл ба насл, давра ба давра ва марҳила ба марҳила то замони мо расида, ба ин тарз ба оянда мунтақил гардида, дар азнавсозии тафаккур биниш ва ҳуввияти миллӣ нақши муасир хоҳад гузошт.
Наврӯз дар замони Истиқлолият дар кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар кохе бо номи “Кохи Наврӯз” ва маҷмуаи майдони фарҳангии «Наврӯзгоҳ» бунёд гардид, ки ҳар сол дар ин майдони фарҳангӣ иди Наврӯзро мардуми кишвар бо тамоми суннатҳои аҷдодиямон ботантана ҷашн мегиранд.
Ворид намудани ҷашни Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримодии ҷаҳонӣ, боз як маротиба аз кишвари азалбунёд, хиради комили мардуми асолатпарвари тоҷик гувоҳ аст. Дигар ин ки набояд насли мо фаромӯш созад, ки аз дирӯз дида, имрӯз ва фардо ҷомеаи инсонӣ ба табиати зинда эҳтиёҷманд аст ва хосса, ба ин ҷашн, ки ҷашни зебоию фаросат, бедорию заҳмат, ҷашни паёму ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва дарки ҳакимона мебошад.
Мондагории Наврӯз пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва табиӣ будани он аст, ки аз оғоз дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташаккул ёфта, минбаъд ба ҳайси ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф шудааст. Наврӯз ҷашни табиист, ки ба сиёсат ва идеология омехта нест. Бинобар ин, то аҳли башар ҳаст, Наврӯз бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта хоҳад шуд.
Гуландом АБИЛЗОДА - номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

