Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 2 апрел дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Файзиев Абдулҳақ Раҷабович семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Файзиев Абдулҳақ дар рушди илми геологияи тоҷик» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии иброз дошт, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар ба омӯзишу ошкор намудани канданиҳои фоиданоки сарзаминамон диққати махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геологияро яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисоди кишвар медонанд. Зеро дар стратегияву барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаҳо возеҳ дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст ва иҷрои ҳар як банди ин барнома имрӯз аз шумо – геологони тоҷик вобастагии комил дорад.

Таъкид гардид, ки саҳми Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ҳамчун як фарди ватандӯст дар кашфи конҳо ва сарватҳои табиӣ хеле бузург аст. Мавсуф тайи солҳои тӯлонии фаъолияти пурсамари худ чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои флюорити Тунихарв, Азрек ва Саркори Шарифро кашф намудаанд. Дар асарҳои илмии худ олими забардасти тоҷик А.Р. Файзиев бори нахуст нишон доданд, ки на танҳо Тоҷикистони Марказӣ, балки Помир ҳам минтақаи муҳими маъдани флюорит мебошад. Устод А.Р. Файзиев нахустин шуда дар Тоҷикистон намуди нави падидаҳои маъданиро, хосса металлҳо ва элементҳои нодир – карбонатитҳоро тавсиф карданд, ки дар онҳо захираҳои бузурги ин намуди унсурҳо мавҷуд аст.

Зикр гардид, ки асарҳои сершумори чопшудаи Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ба соҳаи минералогия, термобарогеокимиё ва шароити пайдоиши конҳои оҳан, тилло, нуқра, сурб, руҳ, оникси мармарӣ, аметист, барит ва ғайра бахшида шудаанд. Профессор Файзиев А.Р. нахустин шуда дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири Шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) карбонатитҳоро кашф ва муфассал омӯхтаанд. Дар кони Дункелдик захираҳои азими флюориту элементҳои нодир ва дар мавзеи Дараи Пиёз пайдоишоти нави карбонатиро бори нахуст устод А.Р. Файзиев бо ҳамроҳии шогирдонашон ошкор кардаанд. Ба карбонатитҳо хелҳои гуногуни унсурҳо, аз қабили элементҳои нодир ва радиоактивӣ, ниобий, тантал, сиркон ва металлҳои ранга хосанд.

Гуфта шуд, ки ин олими соҳаи геология дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. То лаҳзаҳои вопасини ҳаёти худ профессор Файзиев А.Р. ба арсаи илму истеҳсолот 22 номзади илм ва 2 доктори илмҳои геология ва минералогияро тарбия намуданд.

Қайд шуд, ки профессор Файзиев Абдулҳақ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекарданд. Ӯ узви Ассотсиатсияи кристаллографҳои Аврупо, раиси бахши тоҷикистонии Иттиҳодияи термобарогеокимиёшиносонии Осиё, Уқёнуси Ором ва кишварҳои ИДМ, узви зеркомиссияи Осиёи Марказии Комиссияи иктишофии минералогӣ ва харитакашии кишварҳои ИДМ, узви Комиссияи давлатии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, узви комиссияи методии Ҷамъияти умумирусиягии минералогӣ ва Шурои петрографии Осиёи Миёна буданд.

Дар идома директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафарализода Носир, намояндаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, ҳамчунин дигар олимону муҳаққиқони соҳаи геология баромад намуда, дар бораи аҳамияти фаъолияти илмии Файзиев Абдулҳақ Раҷабович, саҳми ӯ дар таҳқиқи конҳо ва рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ҳамзамон иштирокдорони семинар таъкид намуданд, ки дастовардҳои профессор Файзиев на танҳо барои илми геология, балки барои рушди иқтисоди миллӣ ва омӯзиши сарватҳои табиӣ хеле муҳим мебошанд.