Перейти к основному содержанию
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи махсуси коршиносон қарор гирифтааст. Ба андешаи мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, симои шаҳр ба таври назаррас тағйир ёфта, раванди навсозӣ ва бунёди инфрасохтори муосир шаҳрро ба маркази замонавии минтақавӣ табдил дода истодааст. Дар баробари ин, бархе аз коршиносон таъкид менамоянд, ки рушди босуръати шаҳр боиси тағйири муҳити меъморӣ гардида, масъалаи нигоҳдории ҳувияти миллӣ ва ташаккули услуби ягонаи шаҳрсозӣ ҳанӯз ҳам аҳаммияти муҳим дорад. Бо афзоиши ҳаҷми сохтмон ва зиёд шудани шумораи аҳолӣ, таъсири инсон ба муҳити зист бештар гардида, зарурати пешбурди сиёсати устувори шаҳрсозӣ ба миён меояд. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон Душанберо шаҳри ором, тоза ва дорои шароити мусоиди зиндагӣ арзёбӣ намуда, онро маркази муҳими илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар медонанд.

123Эҳсоси амнияти аҳолӣ, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногуни иҷтимоӣ ва амниятӣ афзоиш ёфтаанд, таъмини фазои орому бехатар барои шаҳрвандон аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Дар ин замина, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар намунаи ҷолиби диққат мебошад. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, сатҳи эҳсоси амният дар Тоҷикистон нисбатан баланд арзёбӣ мегардад ва аҳолӣ изҳор менамоянд, ки ҳангоми сайругашт дар шаб худро амн эҳсос мекунанд.

Яке аз омилҳои асосие, ки ба ташаккули чунин эҳсоси мусбат мусоидат мекунад, суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар солҳои охир дар пойтахт тадбирҳои гуногун ҷиҳати таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди инфрасохтори шаҳр амалӣ карда шудаанд. Ин раванд боиси коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ ва болоравии боварии шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ гардидааст. Ҳамзамон, муҳити иҷтимоии шаҳр низ нақши муҳим мебозад: фарҳанги баланди муошират, муносибатҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ ба баланд гардидани эҳсоси амният мусоидат мекунанд. Татбиқи технологияҳои муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавонанд ин равандро тақвият бахшанд.

Дар маҷмуъ, шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният мавқеи устувор дошта, нигоҳ доштани ин дастовард барои рушди минбаъдаи он аҳаммияти калидӣ дорад.Робитаҳои бародаршаҳрии Душанбе ҳамчун ҷузъи муҳими дипломатияи муосири шаҳрӣ дар давраи истиқлол ташаккул ёфтаанд. Ин раванд ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуда, яке аз абзорҳои муассири таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Хусусияти муҳими ин раванд дар он аст, ки чунин ҳамкориҳо дар марҳилаҳои гуногун такмил ёфта, аз имзои санадҳои аввалия то тавсеаи муносибатҳо идома меёбанд. Робитаҳои бародаршаҳрӣ бештар ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ, мубодилаи таҷриба дар идоракунии шаҳр, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак равона шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешрафтаи шаҳрҳои хориҷӣ ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шавад. Робитаҳои бародаршаҳрӣ ба рушди шаҳри Душанбе ва тақвияти мавқеи байналмилалии он мусоидат намуда, ҳамзамон ба баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Дар раванди рушди муосири шаҳри Душанбе саҳми роҳбарияти ҳокимияти маҳаллӣ, бахусус Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, қобили таваҷҷуҳи махсус арзёбӣ мегардад. Дар солҳои охир сиёсати идоракунии шаҳр ба самти таҷдиди инфрасохтор, беҳтарсозии муҳити шаҳрӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ равона гардидааст. Ин раванд дар доираи татбиқи барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди шаҳр амалӣ шуда, барои беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати шаҳрсозӣ рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Таҷдиди роҳҳо, бунёди пулҳо ва беҳтарсозии шабакаҳои муҳандисӣ ба коҳиш додани сарбории нақлиётӣ ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳо замина фароҳам овардааст. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории муҳити зист равона гардида, фазои шаҳриро барои зиндагии бароҳат мутобиқ месозад.

Дар баробари ин, сиёсати иҷтимоии шаҳр ба таҳкими шароити зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг нигаронида шудааст. Бунёд ва таҷдиди муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин ташкили фазои мусоид барои фаъолиятҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ ба рушди сармояи инсонӣ мусоидат менамояд. Ин омил дар навбати худ ба баланд гардидани фаъолнокии иҷтимоӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандон таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамчунин, татбиқи унсурҳои идоракунии муосири шаҳрӣ, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳо ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва шаффофият мусоидат намудааст. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳамкории байни мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ тақвият ёбад ва сатҳи боварии ҷомеа нисбат ба идоракунии давлатӣ баланд гардад.

Рушди шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамоҳангии сиёсати шаҳрсозии устувор, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, балки заминаи таҳкими нуфузи пойтахтро ҳамчун маркази муосири минтақавӣ фароҳам месозад. Дар чунин шароит, шаҳри Душанбе метавонад, ҳамчун намунаи рушди мутаносиби шаҳрӣ ва идоракунии самаранок дар фазои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардад.

Фирдавс Алиев – номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон