Перейти к основному содержанию

Ҳамгироии илмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шароити муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди илму маориф арзёбӣ мегардад. Дар доираи чунин ҳамкориҳои судманд, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Ҳамзамон, чорабинӣ ба дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ равона гардида, таҳти унвони “Захираҳои обӣ ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир шуд.

Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва коршиносони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, масъалаҳои муҳими истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, инчунин роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод тавассути идоракунии самараноки захираҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, аҳамияти стратегӣ доштани захираҳои обиро барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин зарурати тавсеаи таҳқиқоти илмӣ дар ин самт махсус таъкид намуд.

Ҳамзамон, саҳми директори ДИС ДДТТ, дотсент Ҷалилзода А.А. дар таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ густариш ёфта, барои баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ва ҷалби олимони ватаниву хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Қайд гардид, ки густариши ҳамгироии илмӣ метавонад ба омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди иқтидори илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Ин гуна конфронсҳо на танҳо мубодилаи таҷриба ва афкорро таъмин мекунанд, балки заминаи боэътимод барои татбиқи стратегияҳои миллӣ дар самти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист фароҳам меоранд.