Ваҳдат чӣ қадар вожаи бузург ва муқаддас аст. Маҳз барои халқи тоҷик ин калима чандин маротиба аз арзиши воқеии худ арзишмандтар буда, рӯёи ҳазорон ҳазор шаҳидони роҳи сулҳу суботу оромии кишвар ба шумор мерафт. Таҳти маънии воқеии вожаи ваҳдат якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Мутаассифона ин иттиҳоду ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмии том ба осонӣ насиби миллати тоҷбарсари тоҷик нагардидааст.
Аввали солҳои 90-уми асри гузашта кишварҳое, ки давоми зиёда аз 70 сол дар тобеияти давлати абарқудрату қавии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳузур доштанд, яке паси дигар аз истиқлолияту мустақилии сиёсии худ эълон доштанд. Тоҷикистон низ аз ин миён дур намонда, бори аввал моҳи августи соли 1990 Эъломияи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Соле пас Шӯрои Олии кишвар 9-уми сентябрро Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон намуда, мустақилии комили худро аз ИҶШС қарор доданд.
Аммо миллати тоҷик аз неъмати истиқлол, ки давоми зиёда аз 1000 сол орзуву ормон ва хоҳиши ягонаи тамоми қишрҳои аҳолии кишвар ба шумор мерафт, пурра баҳравар нагардида, бар асари тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳои қишри манфиатхоҳ ва нохудогоҳи аҳолии кишвар ба вартаи ҷанги дохилӣ кашида шуд. Дар мамлакат парокандагӣ ба вуҷуд омад. Мардуми минтақаҳои алоҳида аз миёни худ барояшон лидер ва ё пешво интихоб намуда, аз паси онҳо саф мекашиданд ва барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар маркази ҷумҳурӣ талош менамуданд. Дар ҳар гӯшаву канори кишвар дастаҳои силоҳбадаст амал карда, зиёиён ва сиёсатмадорону инсонҳои маъруф бесабабу бе пурсиш ба қатл мерасониданд.
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуд. Равиши ягонаи дар мамлакат мавҷуда аз ҷодаи худ берун шуд ва мардум дигар на ба Ҳукумат эътимод доштанду на ба мухолифин. Дар муддати начандон тӯлонӣ ҳазорон нафар кушта шуданду, ҳазорони дигар бе хонаву дар ва сарпаноҳ монданд. Аҳолии минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар аз набудани ҳуқуқу озодӣ ва тарси ҷону зиндагӣ хонаҳои худро тарк намуданду гурӯҳ-гурӯҳ ба кишварҳои ҳамсоя гуреза гаштанд.
Боиси хушбахтист, ки дар чунин вазъияти ноустувор як гурӯҳ зиёиёни мамлакат кӯшиш намуданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳамаи ин ноамниҳо ҷаласаи навбатии Шӯрои Олии кишварро баргузор намоянд. Аз сабаби дар вазъияти хуб қарор надоштани фазои амниятии пойтахт ва нисбатан амнтар будани маркази шимолии кишвар, ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даъват карда шуд. Маҳз дар ҳамин ҷаласаи таърихӣ вакилони Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ин асно ҷавони чилсола буданд, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ба фарқ аз ҳамтоёни таҷрибаноки худ аз ин вазифаи пурмасъул наҳаросид ва тақдири имрӯзу ояндаи мамлакатро ба дӯши худ гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, бо бовариву қатъият изҳор намуд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».
Аллакай маҳз дар давоми ҳамин Иҷлосияи таърихӣ қадамҳои аввалин барои расидан ба сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ гузошта шуд. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласа қумондонҳои саҳроии дастаҳои мухолифин даъват карда шуда, дар ҳузури онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Дар ҳамин рӯз аввалин маротиба дастаҳои мухолифини иштирокчии Иҷлосия барои сулҳу салоҳ ва таъмини амният дар кишвар ба мувофиқа расиданд ва дар саҳни қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд маросими рамзии “Оши оштӣ” ташкил карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истироҳатии кории Иҷлосия ба минтақаҳои ҷангзада ташриф оварда аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии аҳолии ин минтақаҳо шинос гардид ва ба онҳо ваъда дод, ки ба мамлакат сулҳ меорад. Аллакай санаи 8 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии кишвар ба халқи тоҷик муроҷиатнома ироа карда шуд, ки дар он омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад».
Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ накарда ба хавфу хатар ва таҳдидҳои рӯирост ба ҷонаш ба хотири таъмини сулҳу салоҳ ва амният дар кишвар талош намуд. Соли 1993 ба минтақаҳои ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташриф оварда, бо дастгирии Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо роҳбари Иттиҳоди муттаҳидаи мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ мулоқот намуд ва аввалин қадамҳоро дар роҳу музокироти давомдори сулҳи тоҷикон гузошт.
Маҳз бо талошу заҳмат ва қуввату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳи тоҷикон ибтидо гирифт. Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳояш бо мухолифон таъкид менамуд, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллату давлат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд.
Хушбахтона ақли солим ғалаба намуд ва дар ниҳояти кор гуфтушунидҳои тӯлонии комиссияи ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон ва Қирғизистону Қазоқистон натиҷаи дилхоҳ ба бор оварданд ва санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди муттаҳидаи мухолифини тоҷик бо миёнаравии намояндаи расмии СММ ба имзо расонида шуд. Зиракиву кордонӣ, матонату садоқат ва муҳаббату самимияти беандозаи роҳбари давлат нисбати давлату миллат ва аҳолии он боис ба он гардид, ҳама гуна монеаҳои дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат мавҷуда нобуд гаштаву тоҷикон ба сулҳи деринтизори худ расиданд. Аллакай дар зуди ҳамон солҳои таҷрибаи муваффақонаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби намояндагиҳои СММ мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва айни ҳол дар муассисҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва бахусус дар Донишгоҳи сулҳи СММ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ омӯзонида мешавад.
Ваҳдати миллӣ заминаи шукуфоиву ободкорӣ, сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва ояндаи дурахшони Ватан аст, ва ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои ин неъмати бебаҳои имрӯз вазифаи ҳар як ҷавони худогоҳу худшинос аст. Пас якояки мо ҷавонони ин Ватани ободу шукуфонро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам оем ва дар пешбурди сиёсати оқилонаву хирадмандонаи ин абармарди сиёсат ҳиссагузор гардида, вазифа ва қарзи ҷонии худро дар назди наслҳои гузашта ва ояндаи ин мамлакат сарбаландона адо намоем.
Зарипов Ватаншоҳ Сайдалиевич – докторанти соли аввали Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинов