Перейти к основному содержанию

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё дар фаъолияти соҳаи маориф ва илми кишвар саҳифаи наверо боз намуд.

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа унвон намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолияш то ба ин рӯз бисёр сахтиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сар гузаронидааст.

Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ қайд намуданд “Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод”. Бале, дар ҳақиқат рӯзҳои сахттаринро дар қатори дигар сохтору равандҳои ҷумҳурӣ илми тоҷик низ аз сар гузаронид.

Илми тоҷик дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо дастгирии ҳукумати кишвар аз тайёр намудани кадрҳо то баъзе дастовардҳои назаррасро ноил гардад. Вале, мутаассифона он ба талаботу пешрафти илму техникаи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ нест.

Норасоии кадрҳои баландихтисос чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар соҳаи маориф яке аз масъалаҳои муҳими рӯз гаштааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони пазируфтаи ватанамон муроҷиат намуда, қайд карданд, ки барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ тоҷик бештар саҳмгузор бошанд.

Барои бартараф намудани норасоии кадрҳои баландихтисос аз тарафи Пешвои муаззами миллат, як қатор озмунҳо, аз он ҷумла, дар байни илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пешниҳод гардидаанд, ки барои дастгирии ҷавонон равона карда шудаанд ва имрӯзҳо бештар гардидани ҷавонони болаёқат дар байни омӯзгорон нишонаи натиҷаи назарраси ин озмунҳо мебошанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар марҳилаи нави рушдёбӣ қарор дорад. Он ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст ва дар баррасии масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, дар баъзе самтҳои муҳими ҳаётӣ ташаббусҳои созкору назаррасро пешниҳод намуда истодааст. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, шаҳодати он мебошад.

Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо дар пойтахти ватанамон, шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардида истодааст, ки ин низ яке аз он иқдомҳост. Бевосита ҳамаи ин ташаббусҳои Сарвари давлат барои дар арсаи байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани табиат, илм ва фарҳанги халқу миллати тоҷик нигаронида шудааст. Дар кори ин Конфрос олимону донишмандони тоҷик низ фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Хушбахтона, давлати Тоҷикистонро то имрӯз зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро барқарор намудааст. Тоҷикистон аъзои фаъоли беш аз 57 созмонҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ мебошад. Имрӯз беҳтар гардидани муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳо ҷавонони моро ба он водор менамояд, ки дар қатори омӯзиши илмҳои муосир ба андухтани забонҳои хориҷӣ бештар мароқ зоҳир намоянд ва дар ин хусус низ Сарвари давлат дар мулоқоти худ бо аҳли илм ёдовар шуданд.

Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушдро пеша намудааст ва сол то сол ин рушд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти имрӯзаи мо назаррас гардида истодааст. Фароҳам сохтани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амният, сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногуни ҳозиразамон, бунёди роҳу пулҳо, таъсиси корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва чандин дигар дастовардҳо гувоҳи самараи сулҳу Ваҳдати миллӣ мебошанд.

Албатта рӯз аз рӯз шумораи аҳолии Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст ва барои таъмини талаботи моливу маънавии аҳолӣ имкониятҳои бештарро дарёфт намудан зарур меояд. Олимони тоҷик дар ин самт низ бояд ҳарчӣ бештар саъю кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ки солҳои минбаъда масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ бартараф карда шавад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда мешаванд.

Мо шаҳрвандон аз чунин Ватани зебову биҳиштосо фахр намуда, шукронаи онро кунем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияти Ваҳдати миллии ин кишвар умр ба сар мебарем Бинобар ин ҳаммаи мо фарзандони ин миллатро мебояд ба қадри ин неъматҳои бузург бирасем ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон якҷоя бо ҳам муттаҳид шуда, саҳмгузор бошем, зеро бақои миллат аз Ваҳдати миллист.

ХХИ Шуъбаи география ва зондкунии фосилавии Раёсати АМИТ Раҳмонова Ф.А.