Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи ҳар як давлат саҳифаи тиллоӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз тавассути истиқлолият давлат метавонад рушди ояндаи худро бо назардошти таърих, фарҳанг, анъанаву одатҳои миллӣ ва хусусиятҳои хоси ҷуғрофии ҷойгиршавии он амалӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеу овози худро пайдо кунад. Агар ба муқаррароти Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем дар он қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон эҳёи милливу мадании халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин ба ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи милливу маданиро замонат медиҳад. Гарчанде дар он солҳо мо таҷрибаи давлатдориро дар шароити истиқлолият надошта бошем ҳам, муқаррароти дар боло номбаршудаи Эъломияи мазкур аз нигоҳи байналмилалӣ маънои васеъ ва диққатҷалбкунандаро дорад. Яъне давлати ҷавон дар баробари эҳёи расму оини миллии худ, ҳамзамон инкишофи озодонаи расму оини миллатҳои дигари мамлакатро кафолат медиҳад.
Мутаасифона бо эълони истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон мубталои буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ дар шароити барои ҷумҳуриамон ниҳоят мураккаб, тақдири минбаъдаи миллатро ба сиёсатмадорӣ ҷавон ва огоҳ аз вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. Аввалин қадамҳои Пешвои муаззами миллат, дар он давра ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ин даъвати вакилони мардумӣ ба муттаҳидӣ, таъмини сулҳу суббот, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва боло гузоштани ин арзишҳо аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳиву маҳаллӣ буд. Дар нахустин савганде, ки ба ҳайси роҳбари давлат ёд карда буданд, гуфтанд, ки «... кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бардодар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...». Бо ҳамин ниятҳои сулҳхоҳона ва инсондӯстона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кории худ шуруъ намуд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа шакли идораи президентӣ мувақатан боз дошта шуда, аз ҷониби вакилон шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ дастгирӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лаҳзаи аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, самти минбаъдаи фаъолияти парлумонро ҳамчун мақомоти созандаву ваҳдатофар ва манбаи қабули қонунҳои дар ҳақиқат ифодакунандаи иродаи халқ мушаххас намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ба шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд.
6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври райъпурсӣ қабул намуд. Тибқи Конститутсияи нав Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарори кишвар пазируфта шуд. Тибқи конститутсия Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро ба таври иҷлосиявӣ бароҳ мемонд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин марҳила бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ва дастгирии сохторҳои байналмилалӣ ба таври мусолиҳатомез ҳал намудани низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ пеша гардида, аввалин даври гуфтушнид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав баргузор гардид.
Дар натиҷаи вохурие, ки аз 12 то 17 сентябри соли 1994 байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид Созишнома дар бораи оташбаси муввақатӣ ва қатъи дигар амалиётҳои душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Созишномаи мазкур Комиссияи муштарак иборат аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин таъсис дода шуд.
Зикр кардан бомаврид аст, ки барои дар амал татбиқ гардидани натиҷаҳои гуфтушунид ва Созишномаи ба имзорасида мушкилоти зиёде мавҷуд буд. Ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 1995 гуфта буд: «Мо, аз рузҳои нахустини ба сари кор омадан тамоми воситаҳо, тамоми ҷаҳду талошамонро ба он равона кардаем, ки ҳарчи зудтар дар ҷумҳурӣ оштии миллӣ, сулҳу суббот барқарор гардад, онҳое, ки дар даст силоҳ доранд, онро ба замин гузоранд, гурезаҳои иҷборӣ ба манзилҳои доимиашон баргарданд ва мо ҳама якҷо, якдилу яктан ватани воҳиду ягонаамон – Тоҷикистонро обод созем» (Иқтибос аз асари И.Усмонов ва З.Алиев. Роҳи сулҳ.Душанбе.1997.С.58.)
Моҳи августи соли 1995 зимни мулоқоти ғоибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикуистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин С.А.Нурӣ тарафҳо аҳд карданд, ки «Аз 18 сентябри соли 1995 сар карда, бо мақсади ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон давраи бетанафуси музокирот ташкил карда шавад». Маҳз бори нахуст дар Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995 ибораи «Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон» истифода гардид, ки сохтори таркибии онро масъалаҳои зерин ташкил медод: а) проблемаҳои сиёсӣ; б) проблемаҳои ҳарбӣ; в) масъалаи баргардонидани гурезаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъминоти иқтисодиву иҷтимоии онҳо; Комисссияи назорати Созишномаи умумӣ аз ҳарду тараф; д) кафолати иҷрои Созишномаи умумӣ (СММ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои кафил); ж) конфронси донорҳо барои маблағгузории барномаҳо барои баргардонидани гурезаҳо, барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакат ва ғ.
Минбаъд тарафҳо вобаста ба масъалаҳои дар боло номбаргардидаи Созишномаи умумӣ музокиротҳои бетанафусро бароҳ монданд. Пас аз ин гуфтушуниди сатҳи олӣ аз 30 ноябр то 23 декабри соли 1995 дар Ашқобод марҳилаи якуми даври панҷуми гуфтушуниди байни тарафҳо баргузор гардид. Дар ин вохурӣ асосан таъкид бар он гардид, ки Созишномаи Теҳрон оиди оташбас дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ вайрон гардида истодааст.Тарафҳо иброз доштанд, ки ин амалро маҳкум намуда, даъват ба амал оварданд, ки минбаъд Созишномаи Теҳрон риоя карда шавад. Зикр кардан бомаврид аст, ки истиллоҳи «Иттиҳоди мухолифини тоҷик» (минбаъд ИМТ) расман бори нахуст дар баёнияи муштараки тарафҳо аз санаи 13 декабри соли 1995 истифода гардидааст.
Марҳилаи дуюми даври панҷуми гуфтушуниди байни тарафҳо аз 26 январ то 19 феврали соли 1996 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид. Дар эъломияи Ашқобод дар бораи ҷамъбасти марҳилаи дуюми гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ зери сарпарастии СММ қайд карда мешавад, ки «Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббус нишон дод, ки сессияи махсуси Маҷлиси Олӣ (Парламент) даъват шавад, ки дар он роҳбарияти ИМТ, намояндаи махсуси Муншии умумии СММ, намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқии нозири гуфтушуниди байни тоҷикон иштирок кунанд. Ҳукумати ҶТ дар назди СММ барои амнияти ҳайати ИМТ кафил шуд, ҳамчунон қавл дод, ки ҳангоми дар Тоҷикистон буданашон барояшон иммунитет ва имтиёзҳои заруриро фароҳам месозад. Сессияи махсус баъди се ҳафтаи анҷоми марҳалаи дуюми гуфтушунид дар Ашқобод даъват карда мешавад ва ҷараёни он дар ҳаҷми пурра дар худи ҳамон руз ба василаи радио ва телевизион пахш ва дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад».
Санаи 11-12 марти соли 1996 иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, И.Китанни муовини Муншии умумии СММ, намояндагони ин созмон Р.Пирис-Балон, Д.Шилович, инчунин намояндагони давлатҳои кафил – Россия, Узбекистон,Эрон, Афғонистон баргузор гардида, мутаасифона ба ин ҷаласа намояндагони ИМТ ҳозир нагардиданд. Дар ин ҷаласа ҳисоботи ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуда, дар хотимаи он Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1996 қабул карда шуд. Дар банди 1 қарор қайд гардида буд, ки «Ҳайати ҳукуматӣ то ҳалли пурраи ноил шудан ва мусолиҳаи миллӣ, таъмини сулҳ гуфтушунидҳоро давом диҳад,...». Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони мамлакат ҳамақида буданд, ки роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти сиёсии ватанамон – ин бурдани гуфтушунид ба ҳисоб мерафт. Дар ин асно, ҳақ бар ҷониби вазири корҳои хориҷии собиқ ИҶШС Андрей Андрейевич Громико ҳаст, ки мегуяд «Даҳ сол гуфтушунид беҳ аз як рузи ҷанг аст».
23 декабри соли 1996 дар шаҳри Маскав вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикуистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ С.А.Нурӣ бо миёнаравии намояндаи Мунши умумии СММ Г.Меррем баргузор гардида, дар хотимаи он Созишнома ба имзо расонида шуд. Дар Созишномаи мазкур тарафҳо изҳор доштанд, ки « бо дарназардошти онки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул намудаанд, ки бораи ҳамин давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис намоянд». Дар Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки ҷузъи таркибии Созишномаи Маскав аз 23 декабри соли 1996 ба ҳисоб меравад, вазифа ва ваколатҳои Комиссия номбар шуданд, ки баъдан он бо қабули Низомнома расмӣ карда шуда, дар ин бора дар поён қайд мегардад.
Дар муроҷиатнома пас аз ба имзо расидани Созишнома ва протоколи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва музокиракунандагон иброз доштанд, ки «Ватан–Модар якто – Тоҷикистон. Онро наметавон қисмат намуд.Онро бояд дӯст дошт ва обод кард! Аз ин рӯ ҳамаи Шуморо даъват менамоем, ки ба Ватан бозгардед.Мамлакат, манзил, хешу ақрабо ва волидайну фарзанд, ҳамаи аҳли диёр нигарони баргаштани шумо мебошанд.Имрӯз зиндагӣ аз нигоҳи маишӣ ва маданӣ ниҳоят душвор аст.Онро ҳамаи мо метавонем дар якҷоягӣ, бо кумаку дастгирии ҳамдигар беҳбуд бахшем».
Пас аз гуфтушуниди Маскав намояндагони тарафҳо аз 5 то 19 январи соли 1997 дар Теҳрон вохурӣ карда, масъалаи таркиб ва миқдори ҳайати Комиссияи оштии миллиро баррасӣ намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Комиссия дар ҳайати 27 нафар бояд фаъолият кунад.
Санаи 18-21 феврали соли 1997 вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбари ИМТ С.А.Нурӣ баргузор гардид. То вохурии мазкур, ақидаҳо дар бораи иштироки намояндагони мухолифин дар сохтори ҳукумат гуногун буданд ва бо гузашту таҳаммулпазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нофаҳмиҳо нуқта гузошта шуд. Дар Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997 қайд гардидааст, ки «Ба сабаби он ки дар раванди гуфтушунид душвориҳо пеш омадаанд, бо мақсаде, ки Комиссияи оштии миллӣ ҳарчи зудтар ба кор оғоз намояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ дар ш.Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон 20 – 21 феврали соли 1997 вохӯрда, қарор доданд: .... 2. Ба намояндагони мухолифин (ИМТ) дар сохтори ҳокимияти иҷроия ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомҳои суд ва прокуратура бо назардошти усули минтақавӣ си фоизи ҷойҳо ҷудо карда шавад.
Дар вохурии Машҳад Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ низ тасдиқ гардид. Дар банди 3 Низомнома қайд карда мешавад, ки «Комиссия мақоми муввақатӣ мебошад, ки дар давраи гузариш ташкил карда мешавад. Вай фаъолияташро баъди ташкили парлумони нав ва мақоми роҳбарикунандаи он қатъ менамояд».
Тибқи банди 7 Низомнома: «Президент ва Комиссияи оштии миллӣ дар давраи гузариш вазифаҳо ва салоҳиятҳои зеринро соҳиб мегарданд:
- Бо райъдиҳии умумихалқӣ пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда;
- омода сохтан ва ба тасдиқи парлумон, пешниҳод намудани қонуни нав дар бораи интихоботи парлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ. Ин масъала дар мавриди зарурият бар райъдиҳии умумӣ низ пешниҳод карда мешавад;
- дар давраи гузариш ташкил намудани Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳӣ;
- ислоҳоти ҳукумат – ба сохторҳои ҳокимияти иҷроия (аъзои ҳукумат) ворид сохтани намояндагони мухолифин, аз ҷумла вазорату идораҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти суд ва муҳофизи қонун бо назардошти присипи минтақавӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба парлумон дар бораи гузаронидани интихоботи парлумони нави ихтисосӣ таҳти назорати Созмони Миллали муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории аврупо ва бо бо иштироки намояндагони мамлакатҳои нозир дар музокироти тоҷикон».
Яке аз бандҳои муҳимии Низомнома аз он иборат буд, ки аъзои Комиссия барои фаъолият то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин барои фаъолияташон ҳамчун узви комиссия дастгир кардан, ҳабс намудан ва ба суд додан мумкин нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахлнопазирии биноҳои расмӣ ва истиқоматие, ки дар онҳо аъзои комиссия ва аҳли оилаи онҳо кору зиндагӣ мекунанд, кафолат медиҳад.
Бо мақсади ҳали масъалаҳои сиёсӣ аз 16 то 18 майи соли 1997 дар шаҳри Бишкек бо миёнаравии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон А.Акаев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Роза Отнубаева ва намояндаи Муншии умумии СММ Г.Меррем вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ С.А.Нурӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои сиёсӣ мавриди музокирот қарор дода шуданд. Дар банди 2 Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ қайд карда мешавад, ки «Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва райъпурсӣ барои давраи гузар бо ҳамроҳ шудани 25 фоиз намояндагони мухолифин ба ҳайати он таъсис меёбад ва то шуруи фаъолияти парлумони касбӣ ва ташаккули комиссияи нави интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.»
Даври ниҳоии гуфтушунид аз 24 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баргузор гардид. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ С.А.Нурӣ дар ҳузури Президенти Федератсияи Россия Б.Н.Елсин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар И.М.Примаков вазирони корҳои хориҷии Эрон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон, Покистон, САҲА, СКИ, дар Кохи Георгевскийи Кремл ба Сошиномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Дар Созишнома қайд карда мешавад, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИМТ мувофиқа ҳосил намуданд,ки бо имзои ҳамин Созишномаи умумӣ марҳалае шуруъ мешавад, ки созишномаҳои ҳосилшуда ба таври умумӣ ва алоқамандӣ бо ҳам иҷро мешаванд, ки ин ба моҷарои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳоро ба зодгоҳашон бозмегардонад, барои инкишофи демократии ҷомеа, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар, ки аз моҷарои бисёрсола хароб шудааст, шароит фароҳам месозад. Нишонаи олии миллии кишвар сулҳ ва ваҳдати миллии ҳамаи тоҷикистониҳо, сарфи назар аз миллият, диди сиёсӣ эътиқоди диннӣ ва мансубияти маҳаллӣ хохад буд». Дар Созишнома дарҷ гардидааст, ки он тибқи моддаи 102 Оинномаи СММ дар Котиботи СММ бояд ба қайд гирифта шавад.
Ҳамин тариқ, шуруъ аз 27 июни соли 1997 ҷараёни дар амал татбиқ намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Бо дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар мамлакатамон райъпурсии умумихалқӣ баргузор гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пазируфта шуда, барои ба сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит фароҳам оварда шуд. Маҷлиси Олӣ ба мақомоти доимоамалкунанда табдил ёфта, он ҳамчунин мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хислати касбӣ доштани фаъолияти он муайян карда шуд.
27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он бори нахуст дар баробари номзад ба вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ низ иштирок намуданд. Дар натиҷа бори нахуст ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба Маҷлис намояндагон интихоб гардиданд.
Баъдан, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ(якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардида, аз чор як ҳиссаи аъзои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.
27 марти соли 2000 аввалин ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон ва 17 уми апрели ҳамон сол Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардида парлумони касбӣ дар мамлакат расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Яке аз хусусиятҳои хоси Маҷлиси миллӣ аз он иборат мебошад, ки аъзоёни он аксаран аз намояндагони воҳидҳои марзиву маъмурӣ иборат мебошанд. Аз ин рӯ, Маҷлиси миллӣ зимни фаъолияти худ манфиати намояндагони воҳидҳои марзиву маъмуриро ба назар гирифта, назару андешаи онҳоро ҳангоми ҷонибдорӣ намудани қонунҳо ба эътибор мегирад.
Имрӯз парлумони касбии мамлакат вакилонро аз тамоми гушаву канори мамлакат, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсии гуногунро дар атрофи худ муттаҳид намуда, барои дар сатҳу сифати баланд қабул намудани қонунҳо тамоми кушиши худро ба ҳарҷ дода истодааст. Дар баробари мардон дар парлумони касбии мамлакат занони дорои сифатҳои баланди касбӣ, ташаббускору забондон фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи интихоботи Маҷлиси Олии соли 2020 баргузоршуда маълум гардид, ки 25,8% аъзои Маҷлиси миллӣ ва 23,8% вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд. Вакилзанони забондон дар баробари таҳияву қабули қонунҳо дастовардҳои замони истиқлолияти давлатиро дар минбарҳои баланди арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, ки ин аз иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷиктсон дар самти баробарии гендерӣ босарбаландона гувоҳӣ медиҳад.
Айни ҳол Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, ҳамчунин аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқии Ассамблеяи САҲА, Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Парламентҳои Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ гардид.
Ҳамин тариқ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон натанҳо боиси қатъи низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ, барқарори сулҳ, бозгашти гурезагон ба ватан, таъминоти иҷтимоии онҳо, балки боиси ташкил ва ташаккули парлумони касбӣ дар мамлакат гардида, бо роҳи интихоботи озоду демократӣ беҳтарин намояндагони халқ, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси принсипи баробарӣ ба он роҳ ёфта дар қабули қонунҳои рузмара нақши асосии худро гузошт.
Идизода Файзали Фузайлшо – Ходимии калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.