Ваҳдат, сулҳ, ягонагӣ барои тоҷику Тоҷикистонӣ калимаҳои муқаддасанд. Маънии калимаи Ваҳдатро Пешвои миллат чунин шарҳ додааст: “Ваҳдат барои мо як калимаи оддӣ ё вожа нест, балки номи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Ин мафҳуми муқаддас миёни дигар мафҳумҳо чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандорию ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Сароғози ҳамаи созандагию ободкорӣ, некӯаҳволии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки Ваҳдат ниҳоли ширини парваришкардаи мо мебошад, ки ҷомеа аз он баҳравар гардид ва халқи азияткашидаи тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки теша ба решаи ниҳоли сабзкардаи мо бо номи Ваҳдат расад.
Оҳангсози олмонӣ Рихард Вагнер сулҳу суботро вазифаи пиру барно дониста мегӯяд: “Ҳадафи бевоситаи давлат субот ва ноил шудан ба сулҳ аст”.
Соҳибдавлатӣ ва ягонагии ҷомеае ҷовидон хоҳад монд, ки Ваҳдати миллӣ дар он то вақт густариш ёфта, бо муттаҳидии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешавад. Аз ин рӯ, сол то сол дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошта, аз кишвари ҷангдида, ба мамлакати сулҳофару амн табдил ёфт.
Сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Қариб чор сол аниқтар чил моҳ давом карда, зиёда аз чил ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид, ки ин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алма-Ато, Ашхобод, Теҳрон, Маскав баргузор шуда, хиради азалии тоҷиконро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад.
Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 барои ба сулҳ расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон, 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифт.
Нияти неку тақдирсози Пешвои миллат аз соли 1992, аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, ки баъди суханронии “Хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешуянд”-и Пешвои миллат ҳазорҳо силоҳбадастонро ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонид. Аз тариқи радиои “Хуросон” соати сеи шаб муждаи сулҳ ба зудӣ паҳн шуд, ки рӯзи 28 июн мардуми Тоҷикистон ҳамдигарро гирякунон оғӯшу муборакбод мегуфтанд.
Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллат дастоварди беназир аст. Агар дар шакли комил бори дигар фалсафаи ҷовидонаи мардуми ориёнажодро гирем – рафтори нек, гуфтори некро миллати тоҷик ба ҷаҳониён муррифӣ намуд. Нақш ва таъсиргузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бавуҷудоии андешаҳои ваҳдатсаро, ба эътидол овардани кишвар дар муҳлати кӯтоҳ то ҳол пажуҳиш шуда истодааст.
Ҷасорату нотарсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сафар ба мавзеъҳои хатарзо кишвари моро аз вартаи нестӣ наҷот додааст. Пешвои миллат дар лаҳзаҳои тақдирсоз барои ба даст овардани ваҳдат, сулҳ бо мухолифин гуфтушунидҳои мураккабу душвор мегузаронид.
То ин дам ягон сарвари давлат рақиби худро ба оштии миллӣ дар атрофи мизи мудаввар ба ҳам наовардааст. Касе, ки он рӯзҳои мудҳишро дар ёд дошта бошад, ба қадри сулҳу амонӣ, осоиштагӣ ва суханони Пешвои миллат, ки “Сарчашмаи истиқлолият Ваҳдат аст” гуфтаанд мерасад. Худованд он рӯзҳоро на ба дӯсту на ба душманонамон нишон надиҳад. Дар як фурсати кӯтоҳ ҳазорон тоҷик хонабардуш, фирорӣ кушта шуда буд. Хонае набуд, ки аз он оҳу нолаву доду фиғони ҷонкоҳ набарояд (хусусан модарони тоҷики мо).
Бар болои ҳама гушнагӣ ба сари халқи бечора омада буд, ки баъзан вақт пораи ноне пайдо намешуд, ки ба рӯйи хон монанд, миллат соатҳои тӯлонӣ дар навбати нон меистод.
Ба вақти кандани ҷон, мардуми бечора нон мегуфт.
Суханони аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман кори худро аз сулҳ хоҳам сар кард”, тақозои замон буд. Ӯ осоиштагӣ, саодати халқашро мехост ва аз ягон душворӣ намеҳаросид. Аз ҳама муҳим ба халқаш боварӣ дошт. Садои дили ӯ садои дили ҷавоне буд, ки аз миёни халқ баромада буд, ки бо такя ба халқи азизаш метавонист ҳамаи монеаҳои бавуҷудомадаро паси сар кунад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат хатари барҳамхӯрии ҷумҳурӣ ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд.
Раҳми парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ваҳдат ба миллати тоҷик истиқлоли дубора бахшид, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27 июни соли 1997 дубора ба халқи тоҷик озодӣ ба даст омаду мо аз он шукрона мекунем.
Роҳи сулҳ бароям роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлол буд. Вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиамонро таблиғу ташвиқ намоем, зеро фақат бо ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯйи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома медиҳем.
Муроди мо аз ин гуфтаҳо мусоидат ва баланд гардидани ғурури миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз ватани озоду соҳибистиқлол, худшиносӣ, боло гирифтани ватандӯстӣ, меҳнати ҳалолу самаранок роҳи ягонаи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳонишавист.
Пешвои миллат дар баромадҳояшон борҳо таъкид карданд, ки: “Истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ бе муболиға яке аз дастовардҳои мо дар асри бист мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар шумо муборак бошад!
Ширин Қурбонова - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих