Перейти к основному содержанию

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».

Эмомалӣ Раҳмон

 

saВаҳдати миллӣ ин ягонагӣ, якпорчагӣ ва баҳамоии мардуми кишвар аст. Моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллӣ - ифодагари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо мебошад. Дар умум таҳти вожаи ваҳдат – якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагиву иттиҳод фаҳмида мешавад, вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. Таърихи расидан ба истиқлолият ва ваҳдат дар Тоҷикистон фарогири айёми мудҳиш мебошад ва дар роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз мактаби бузурги нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ гузаштаанд. Маҳз, ваҳдати миллӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳпарварӣ буданд, ки Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар муддати кӯтоҳэътибору манзалати хоса пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президентикишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».

Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд гуфт, ки гузаронидани ҷашни умумиҷумҳуриявии “Ваҳдати миллӣ” аҳамияти муҳимитаърихӣ, иҷтимоӣ, ва иқтисодиву сиёсӣ дорад. Зеро ин тадбири басо судманд ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ дар Тоҷикистони азизамон мусоидат мекунад.

Дар арафаи 27-умин солгарди “Ваҳдати миллӣ” ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, чунин хитоб менамоям, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз “Ваҳдати миллӣ” ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ- иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азали халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ, пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Оре, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи мазкур бо тамоми ҳастиаш мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирифт ва тақдири таърихии Тоҷикистону миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо бо он вобаста гардид. Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар натиҷаи он ҳар як ҷумҳурӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфт, дар бархе аз ин давлатҳо истиқлолият бе ҳеҷ гуна мушкилӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо ин масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, бар зидди давлат ва роҳбарони он гуруҳҳои иртиҷоии дохилиро ба шӯр оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ намуда, амалҳои нопокро пеш гирифтанд. Дар натиҷа гурӯҳҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳал бар зидди ҳамдигар хезониданӣ шуда, ба мақсади худ то андозае ҳам муваффақ гардиданд.

Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ роҳу воситае рӯй намегардониданд. Онҳо ба муқобили ҳукумати қонунии Тоҷикистон мубориза мебурданд.

Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида ба бӯҳрон дучор шуд. Дар Тоҷикистон ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери ин даргириҳо монда буданд, қурбон шуданд ва баъзеашон ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди гуруҳҳои мусаллаҳ ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардида буд. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон, ки аз муқовимати аҳли майдонҳои «Озодӣ» ва «Шаҳидон» ба дод омада буданд, хатари гурӯҳҳои мусаллаҳро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоманфалаҷ гардида буд, на аз ӯҳдаи ҳимояи худ ва на аз ӯҳдаи идораи давлат мебаромад. Дар ҳамин гуна вазъият бо ибтикори ақлҳои солими Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд16 ноябри соли 1992 ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Яке аз масъалаҳои асосии рузномаи Иҷлосияи мазкур интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат буд. Ба ин вазифаи олӣ марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандешро интихоб кардан лозим меомад.

Хушбахтона, дар он шабу рӯзҳо чунин шахсияти мунаввар пайдо гардид ва он чеҳраи нуронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти феълии кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, фарде, ки дар ҳаёт обутоб ёфта, дар назди хосу ом обрую эътибори зиёд доштанд. Дар Иҷлосия аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд ва 19 ноябри соли 1992 қарори Шурои Олии Тоҷикистон дар бораи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат- таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, бунёд кардани истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшидаанд ва фаъолияти сиёсии худро ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати азалии халқи тоҷик мувофиқ намудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади ӯ сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буду ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, савганд ёд намуда, иброз доштанд, ки “ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи заҳматкашро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям”.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханҳои худ устувор амал намуда, онро дар амал татбиқ намуланд. Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурӣ ба роҳбарони гуруҳҳои мусаллаҳ муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон- Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд руз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар ИҷлосияиXVI Шурои Олӣ ба хотири наҷои Тоҷикистон ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири ягонагиву ваҳдати тамоми халқҳои сокини Ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. ҲукуматиТоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».

Бо ҳамин мақсад дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ дода шуда, «дӯсту душман» дар атрофи як дастурхон нишастанд ва азму иродаи худро дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нишон доданд.

Муқаддамтар аз ҳама Ватанро аз вартаи ҷангу нобудшавӣ наҷот доданд, ба даст овардани сулҳи комил ва зина ба зина аз байн бардоштани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, дар барномаи амалии Пешвои миллат, Сарвари Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамуд. Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мусоҳибаи худ бо рузноманигор, ки 19 декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» доир гардида буд, чунин ибрози андеша намуда, таъкид доштанд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям - то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз таҳрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кӯмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».

Баъди оши оштӣ ҳам груҳҳои мухолиф дар гушаю канори Тоҷикистон таҳрибкории худро идома дода, имкон намедоданд, ки мардум зиндагии осоишта ба сар барад ё ҳукумат дар роҳи ободии мамлакат фаъолона кори худро анҷом диҳад. Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон боз бо забони сулҳдӯстӣ ба онҳо муроҷиат намуда чунин иброз доштаанд: «Биёед, кинаю адоватро як су гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғуш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем, Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем».

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарвари мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу амният аст, пеш рафт ва оммаи халқро бештар фаро гирифт. Фуру нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие буд ба сӯи ваҳдати миллӣ.

Бо мурури замон ва беш аз пеш неруманд шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳаёти ҷомеа ҳамаҷониба татбиқ гардидани қонуният, мубориза дар роҳи ноил гардидан ба ваҳдати воқеии миллии кишвар авҷ мегирифт. Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун қонуни асосии мамлакат6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва дар ин рӯзи саиди таърихӣ аҳолии кишвар бо овоздиҳии пушида Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президентихуд интихоб карданд, зуҳуроти беш аз пеш дар атрофи Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари қонунии он муттаҳид гардидани халқ ба вуҷуд меомад.

Бо назардошти ин масъалаи ваҳдати миллӣ ҳанӯз мунтазири ҳаллу фасли мукаммали худ буд. Зеро, мардум, ки дар натиҷаи ҷангҳоибемаънӣ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мамлакатҳо паноҳ бурда буданд, ҳануз ба Ватан пурра баргардонида нашуда буданд. Аз ҳамин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути васоити ахбори омма ба муҳоҷирон, мусофирони иҷборӣ муттасил муроҷиат намуданд, ки ба Ватан баргарданд, ба молу мулки аҷдодии худ соҳибӣ кунанд ва кишвари худро обод созанд. Ҳукумат кӯмаки худро ба онҳо дареғ намедорад. Тоҷикистон намояндагони худро ба Афғонистон фиристод, то ки бо гурезаҳо сӯҳбат ороста, шароити нави бехавфу хатари кишварро ба онҳо фаҳмонида диҳанд. Радиои Тоҷикистон барномаи махсуси «Хоки Ватан»-ро ташкил карда буд, ки тавассути он ҳам хешу таборон, ҳам ходимони давлатию ҷамъиятӣ, ҳам рӯзноманигорон ба гурезагони иҷборӣ муроҷиат намуда, ба Тоҷикистон баргаштани эшонро суръат мебахшиданд.

Дигар масъалаи хеле ҷиддие, ки ҳаллу фасли самараноки он метавонист ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат бикунад, ин бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ буд. Ба ҷуз мулоқотҳое, ки ҳайати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати мухолифин дар хориҷи кишвар доир намуданд, инчунин гуфтушуниди Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти неруҳои мухолифин дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Ин мулоқотҳо дар Кобул ва Хосдеҳ (Афғонистони шимолӣ, солҳои1995, 1996), Теҳрон(1995), Маскав (1996), Машҳад(1997) ва Бишкек (1997) шаш маротиба ба вуқуъ пайвастанд. Дар суҳбатҳои мазкур масъалаҳои хеле ҷиддии сиёсӣ, ҳарбӣ, гурезаҳо, ҳуқуқ ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд, ки онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифинро ҳар дафъа ба мусолиҳаи миллӣ ва ваҳдати воқеӣ наздиктар меоварданд. Масалан дар протоколе, ки дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо имзоҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ва роҳбарияти мухолифини тоҷик қабул шудааст, оид ба аҳди тарафайн дар моддаи якуми он чунин гуфта шудааст: «Аз 18 -уми сентябри соли 1995 сар карда, бо мақсади ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани Созишномаи умумӣ дарбораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон давраи бетанаффуси музокирот ташкил карда шавад. Ҷои гуфтушунид бо тарафайн бо миёнравии намояндаи махсуси Муншии умумии СММ муайян карда мешавад».

Бояд иқрор кард, ки Комиссияи оштии миллӣ бомуваффақият кор кард, фаъолияти он самараҳои хуб дод ва 27- уми июни соли 1997 дар Москав дар ҳузури намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Русия ва Эрон ва иштироки фаъолонаи Г. Мереем - намояндаи махсуси Муншии умумии СММ ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид. Бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи мутахассисон «Асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ асос гузошт. Давраи нав давраи расидан ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст. Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ ва меҳнати мутташаккилона, ба шарте, ки қувваҳои ғоратгару муфтхур ҳосили заҳмати халқро ба яғмо набаранд, ба некӯаҳволии моддии халқ ва пойдории давлат муваффақ шудан мумкин аст. Пойдорию устувории давлатдории миллӣ заминаиасосии осудаҳолии мардум ва дустию ҳамкориҳои эҷодкоронаи заҳматкашон боиси истеҳком ва пояндагии давлат шуда метавонад».

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки зуҳуроти дурахшони ваҳдати сиёсӣ маҳсуб мешавад, сабаби ҳаллу фасли бисёр масъалаҳо оид ба истеҳкоми ваҳдати миллӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ» фармон ба тасвиб расониданд. Туфайли ин дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир сабаб гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеа равона созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кушиш ба кор бурда истодаанд.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хуш истиқбол мекунанд. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро ҳамчун ҷашни миллӣ, рӯзи “Ваҳдати миллӣ”, ҷашни ваҳдат ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат таҷлил мегардонад.

Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омилҳои зиёди таҳкимбахш доранд. Амалияи ваҳдати миллӣ дар ҳаёти давлат ва ҷамъият кайҳост, ки самараҳои хеле хуби арзишманд ба бор овардааст. Рушди сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани дар ҳаёт татбиқ гардидани ормонҳои мардум аст. Дар ҷумҳурӣ гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозаргонӣ, хусусигардонии моликият, ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ додани замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ихтиёри худи хоҷагиҳо вогузор намудани даромад аз ҳосилоти замин ва як қатор тадбирҳои дигари иқтисодӣ на танҳо сатҳи ҳаётииқтисодии аҳолии деҳоту шаҳрҳоро баланд бардоштанд, балки сокинони Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид ва сарҷамъ оварданд.

Рисолати ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрузҳо торафт тавсиа ва густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Яке аз бузургтарин рамзҳои давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон Шоҳроҳи ваҳдат мебошад. Ин иншоот тамоми манотиқи кишварро ба ҳам пайваста, мамлакати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо месозад, роҳи онро ба ҷаҳони мутамаддин мекушояд.

Пешвои миллат, Сарвари давлатамон дар суханрониашон дар мулоқот бо аҳли зиёиёни кишвар густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ҳисобидаанд.

Бедор кардани эҳсосоти худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории халқи тоҷик худ як иқдоми қаҳрамонона буда, марҳилаи тоза дар таърихи рушди миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин сабаб аҳли илму адаб ба таърих ва мероси ғании маънавии худ таҷдиди назар мекунанд, то ки ҳам сабақҳои ибратбахши таърих ва ҳам осори илмию фарҳангии аҷдоди бузургамон дар роҳи хештаншиносии миллӣ, инкишофи тафаккур, шуури таърихӣ ва давлатдории миллӣ, ҳарчи беҳтару бештар мавриди истифода қарор гиранд.

Имрӯзҳо натанҳо халқи кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик “Истиқлолияти давлатӣ”, “Ваҳдати миллӣ” ва ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азизи мо имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, базудӣ оташи низоъ хомӯш гардад.

Қайдкардан зарур аст, ки гуфтушуниди тоҷикон ва сулҳи тоҷикон бевосита ба кӯшишу ғайрату ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо гурӯҳи ҳукуматиро дар гуфтушунидҳороҳбарӣ кардаанд, балки худ бевосита бо роҳбарони мухолифини тоҷик дар лаҳзаҳои душворе вохӯрданд, ки кори вакилон ба тангкӯчаи сарбаста ворид гардида буд. Барои ҳалли мушкилиҳои баамаломада тамоми чораҳоро андешидаанд.

Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати ваҳдати миллӣ олитарин арзише буд, ки ба тараққиёти минбаъдаи он мусоидат намуд. Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати ваҳдати миллӣ дар тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон бузург хоҳад буд.

27-умин солгарди “Ваҳдати миллӣ”, рӯзи фархундаву накӯфолро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди ин Ватан саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори ободу пурсаодатро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо Тоҷикистони мондагор ҳамеша пойдор ва соҳибистиқлолии миллати шарафманду сарбаланди тоҷик ҷовидонӣ бошад!

Қудратов К.А. - н.и.т., мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ