Перейти к основному содержанию

http://www.president.tj/node/33657

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо» имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, ба мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.