10 июли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба тафсил сухан ронд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохурии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳиму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва ба Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Умуман, натиҷаҳои илмии ба даст омада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 26 монография, 97 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, 632 мақолаи илмӣ, аз онҳо 472 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 160 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Таъкид гардид, ки ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба муаррифии натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мисоидат менамояд. Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 60 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 13 конференсияи илмӣ байналмилалӣ, 20 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 17 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 11 мизи мудаввар, 1 маҳфили илмӣ ва 1 рӯнамоии китоб омода ва баргузор карда шуданд.
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шашмоҳаи аввали соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки шашмоҳаи минбаъдаи соли 2024-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.