Перейти к основному содержанию

(Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)

Адабиёт ҳамчун ойина инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии як миллат аст. Сайри таърихии ҳар миллатеро метавон дар саҳифаҳои адабиёти он ба роҳати кашф кард. Дар миёни анвои адабӣ шеър бештар аз ҳама жанрҳо ҳамқадаму ҳамрози бани башар будааст. Зарфияти вокуниши ҳамзамон, сароҳати баён, таҳрики эҳсосот ва отифаи башарӣ ҷузъи вижагиҳои хос ва мумтози шеър аст, ки дар дигар анвои адабӣ камтар дида мешавад. Аз ин рӯ, шеър яке аз маҳбубтарин жанрҳои адабӣ дар миёни башар буда, аз оғози таърих то кунун ин рисолати хешро ба хубӣ анҷом медиҳад ва мавриди истиқболи гарми мардумӣ қарор дорад. Ба қавли Ҷорҷ Сампрун: “аз миёни ҳамаи фаъолиятҳои адабӣ, шеър дигаргуниҳои иҷтимоиро зудтар дармеёбад ва ҳатто гоҳе пешопеши онҳо гом бармедорад”. Барои мисол, тамоми масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ки муҳаққиқону коршиносони сиёсӣ бар он ишора мекунанд, дар шеъри имрӯзи Афғонистон низ инъикос пайдо кардааст. Афғонистон беш аз чаҳор даҳа аст, ки аз дасти таҷовузи хориҷӣ, таҳаҷҷури дохилӣ, ҷангу хушунат ва тероризму ифротгароӣ ранҷ мекашад. Мардуми бечораи ин кишвар ҳамарӯза зери бомбаборони неруҳои хориҷӣ, гулула ва хумпораҳои мухолифони дохилӣ, ҳамлаҳои терористӣ, инфиҷорҳои интиҳорӣ ва ханҷари таассубу ифротгароӣ кушта мешаванд. Ин хитта имрӯза ба майдони набарди қудратҳои хурду бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, шабакаҳои байналмиллалии қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, созмонҳои фаромиллии ҷиноӣ ва аҳзобу танзимҳои дохилӣ, табдил шудааст. Зиндагӣ барои мардуми Афғонистон он қадар тираву тор шудааст, ки шояд ин байт мисдоқи воқеияти имрӯзи ин кишвар бошад:

Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам вале надонам,

Агар гурезам куҷо гурезам, в-агар бимонам куҷо бимонам!

Аз замони ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон адабиёти ин кишвар низ аз назари идеологӣ ба ду даста тақсим шуд; адибони пайрави мактаби марксизм ва адибони суннатгаро ва ҳофизи арзишҳои таърихӣ. Бо зуҳури ҷунбиши Толибон дар ин кишвар адабиёти муқовимат шакл гирифт, ки меҳвари онро маҳкумияти ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ақибмондагӣ ташкил медод. Пас аз суқути режими Толибон ва мустақар шудани неруҳои байналмиллалӣ дар ин кишвар низ дарду ранҷи мардуми Афғонистон камтар нашуд, балки бештар низ шудааст. Қудрат гирифтани созмонҳои терористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар ин кишвар буҳрони Афғонистонро вориди марҳалаи дигаре кардааст. Ҳоло баҳсу чолишҳо дар Афғонистон ҷанбаи идеологии камтаре дошта,бештар гаройиши қавмӣ ва фароқавмӣ касб кардааст. Ин раванд дар адабиёти имрӯзи Афғонистон ҳам бетаъсир набудааст. Тулонӣ шудани ҷанг, афзойиши хушунат, нокомии ҳукумати марказӣ дар таъмини амнияти мардум ва беамалии неруҳои байналмилалӣ дар ин амр, мардуми Афғонистонро ба ояндаи равшан комилан ноумед кардааст. Мардуми афғон дар ҳоли ҳозир на ба неруҳои байналмилалӣ, на ба ҳукумати марказӣ, на ба мухолифони мусаллаҳ ва на ба ҳизбу танзимҳои ҷиҳодӣ, эътимоде надоранд.

Чун таҷриба нишон додааст, ки ба ҳар тарафе, ки рӯ овардаанд, аз он ҷониб силӣ хӯрдаанд. Ин вазъи асафбор дар шеъри имрӯзи Афғонистон ба хубӣ мунъакис ёфтааст. Азбаски ҳаводиси ҷонхарош дар Афғонистон зиёд рух медиҳад, мо ба ночор бо номбар кардани бархе аз ин ҳаводис ва шарҳи бозтоби онҳо дар шеъри имрӯз, қаноат мекунем. Ҳаводисе, ки тайи солҳои ахир қалби мардуми Афғонистонро доғдору ноумед кардааст, аз ин қабил аст: Нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҷиҳати таъмини сулҳ ва амнияти кишвар, қатли фоҷеаомези Фархунда, гаравгонгирии мардуми мусофир бо ангезаи қавмӣ ва таассуби мазҳабӣ, инфиҷорҳои интиҳории пурқурбонӣ, бахусус, дар Кобул пойтахти мамлакат, зуҳури ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламрави Афғонистон, фасоди идорӣ ва беадолатии иҷтимоӣ, афзойиши хушунат алайҳи занону духтарон ва беэътимодӣ ба ояндаи сиёсии кишвар. Аз миёни ин ҳама ҳаводис қатли Фархунда бузургтарин трагедияи инсонӣ буд, ки дар Кобул рух дод. Гарчанде ҳамарӯза дар Афғонистон бар асари ҳаводис даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо марги Фархунда бо таваҷҷуҳ ба ҳадаф ва ангезаи қатл, фоҷеаи бисёр дардноку мусибатборе буд. Шеваи қатли Фархунда виҷдони бедори башариятро такон дод. Шоирони Афғонистон низ барои ин мусибат осори эътирозии худро падид оварданд. Ҳумайро Накҳат Дастгирзода ин мусибати калонро чунин ба тасвир кашидааст:

Чи рӯзи талху сиёҳе ба чашми дунё буд,

Чи ошкор дили шаҳр зери поҳо буд.

Диле, ки нола баровард санги хоро буд,

Зане, ки сӯхт дар оташ миёни дарё буд.

Ё худ,

Ваҳҳоб Муҷир дар сӯги Фархунда ғазале суруда, ки дар он бо калимаву ибораҳои дардманд ба як мизон аз холиқу махлуқ шикоят мекунад:

Он ҷисми пок лоиқи ин захмҳо набуд,

Фарёд мезадиву дигар эътино набуд.

Дар он миёна ҳеч касе меҳрубон нашуд,

Дар он миёна ҳеч касе ошно набуд.

Вақте ки мезаданд саратро ба санги ҷаҳл,

Дар осмони шаҳр, Худо буд ё набуд?

Он чи марги Фархундаро дардноку фоҷеабор кардааст, ҳиси бегуноҳӣ, танҳоӣ ва мазлумияти як инсон, як зани бепаноҳ дар миёни тудаи маст аз шароби ҷаҳлу таассуб аст. Ҳамон девонагие, ки ҳатто ҳаққи Худоро зери по мегузоранд ва бар асоси хости худ ҳукм содир менамоянд. Мавзуи дигаре, ки дар шеъри имрӯзи Афғонистон инъикос пайдо кардааст, нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ ва сардаргумӣ дар тасмимоте аст, ки аз ду маркази қудрат дар бораи масоили ин ин кишвар содир мешавад. Ин нотавонӣ бахусус, дар ҳаводиси қатли ом ё худ салохии сарбозони лашкари “Шоҳин” дар Балх ва ҳамла ба марказҳои муҳими амниятӣ дар Кобул бештар ошкор мешавад. Ҳисси норизоятӣ ва бознамоии мавқеиятҳои сиёсӣ дар ин дубайтии Самеъ Ҳомид ин гуна ба тасвир кашида шудааст:

Ду раҳбар хуфта дар байни ду бистар,

Ду аскар хаста дар байни ду сангар.

Ду раҳбар пушти мизи сулҳ хандон,

Ду байрақ бар сари гури ду аскар.

Беадолатӣ ва фасоди моливу идорӣ аз дигар мушкилотест, ки дар баробари ҷангу хушунат мардуми афғон аз ноҳияи он дар ранҷу машаққат афтодаанд. Ин падидаҳо этимоди мардум ба намояндагони худ дар ҳукумат ва порлумонро рӯз то рӯз камтар мекунад. Тақсими ноодилонаи сарвату қудрати миллӣ ва ҳатто кумакҳои башардӯстона дар ҷомеа садои эътирози Маҳбуба Иброҳимӣ шоираи ҷавони Афғонистониро ба сӯи осмон кашидааст. Шоир аз ин беадолатӣ садои додхоҳии худро ба даргоҳи Худой баланд мекунад ва аз махлуқи ӯ шикоят мебарад:

Офаридгоро!

Куҷоӣ ту?

Худатро нишон бидеҳ.

Бузург,

на мисли буҷиҳои гандуми эҳдоӣ,

Меҳрубон,

на чун қутиҳои равғани хайротӣ.

Худовандгоро! Худатро нишон бидеҳ,

В-агарна

Бовар мекунам,

Ту ҳамдаст бо ин Раиси ҷумҳури саҳлангор,

Кумакҳои ҷаҳониро,

Байни хешовандонат тақсим мекунӣ!

Ихтилофоти мазҳабию қавмӣ бемории дигари ҷомеаи Афғонистони кунуни аст, ки бо доман задан ба ин зиддиятҳо, бархе қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ аз он суди сиёсӣ касб мекунанд, аммо ранҷу мусибати онро мардуми одии афғон мекашанд. Ҳоруни Роъун зимни маҳкум кардани тақсимбандии шаҳрвандони як кишвар бар асоси тааллуқоти қавмию нажодӣ, ин гуна нигаришро бархоста аз инҷимоди фикрӣ ва таассуби мазҳабӣ медонад:

Гум гашта мусофирони маҳбуси шумо,

Фарҳанги ҷаҳолат аст қомуси шумо.

Яъне, ки ҳазора будан ин ҷо ҷурм аст,

Эй хок ба андешаи манҳуси шумо.

Мусибати аз ин ҳам калонтар, ки дар ҷомеаи Афғонистон ривоҷ пайдо кардааст, ҳамлаҳои кури интиҳорӣ аз сӯи гурӯҳи Толибон ва Доиш ба масҷидҳо, марказҳои фарҳангӣ, бархе ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва кӯчаю хиёбони шаҳрҳои калон аст, ки дар ин гуна ҳамлаҳо умдатан мардуми ғайринизомӣ ва занону кӯдакони бегуноҳ қурбонӣ мешаванд. Ҳоруни Роъун дар ин бора месарояд:

Маҷмуаи ғунчаҳо, ки бетақсиранд,

Бо атсаи интиҳор дармегиранд.

Гулҳову парандаҳо дар ин боғистон,

Ҳар рӯз яке, яке, яке мемиранд.

Ин гуна марги ваҳшатнок садои эътирозро дар шеъри имрӯзи Афғонистон то осмонҳо кашонидааст. Бозтобӣ харобӣ ва вайрониҳои ҷангро дар аксари осори шоирони муосири Афғонистон метавон мушоҳида кард. Аз ин ҷиҳат шеъри имрӯз дар ин кишвар барои худ чеҳраи ғамгине касб кардааст. Амвоҷи ғаму андӯҳ ҳатто дар ашъори ошиқонаи шоирон низ ба чашм мехӯрад. Барои мисол, Илёси Алавӣ тарсу ваҳшати худро аз ҳамлаи интиҳорӣ бо маъшуқи хеш ин гуна дар миён мегузорад:

Маҳбубам,

Агар марг ба суроғат меояд,

Кош ба ҳайати сел биёяд,

Ба ҳайати сармо,

На ҳамлаи интиҳорӣ.

Бояд вақт дошта бошӣ,

Муруре кунӣ хотиротатро,

Танатро,

рафтанатро,

На ин, ки бо поҳои худат аз хона бароӣ,

Ва танҳо кафшҳоятро биёбам дар бозор,

Ва дастҳоятро пайдо натавонам...

Қобили зикр аст, ки ҷанг падидаи ваҳшатнокест, ки оқибатҳои он танҳо бо вайронии сохтмонҳо, роҳҳо ва пулҳо хатм намешавад, балки аслитарин паёмади он вайрониҳое аст, ки дар ботини як ҷомеа ва руҳу равони инсонҳо бар ҷой мегузорад. Сохтмони валангорро мешавад дубора бо хишту симон таъмир кард, аммо бо қалби шикаста ва равони аз ҳам гусастаи мардум чӣ метавон кард? Наҷиби Борвар орзуҳои мардуми худро дар ғазале намодин ва дар қиёс бо маросими қурбонӣ, ин гуна ба саройиш гирифтааст:

Кошки мафҳуми қурбонӣ фақат куштан набуд,

Кош дар қомусамон ин расмҳо аслан набуд.

Кош ҷои ин ки мекуштем гову мешро,

Нафси худро кушта будему касе душман набуд.

Кош хунеро, ки мерезем аз инсонҳо,

Бештар аз хуни ҳайвоноти ин барзан набуд.

Кош мешустем аз олудагӣ дастонамон,

Лаккаҳои барбарият ҳеч дар доман набуд...

Аммо ба назар мерасад, ки фарёди эътирози мардуми бегуноҳ ва дармондаи Афғонистон на ба гӯши одамиён мерасад ва на гӯши худои оламиён. Ангор ҳама ба мусибати мардумони ин диёр чашм пӯшидаанд ва дарду ранҷи ононро нодида мегиранд. Ин аст, ки шоир Ризо Муҳаммадӣ ноумед аз ҳамнавъони худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ангушти эътирози худро ба сӯи Худо ба осмон бармедорад:

Норозиам ба ҳадди тамоми ғами замин,

Аз он чи хостему ба мо осмон надод.

Тақсимгар ба халқи дигар ҳар чиро, ки дод,

Моро ба ғайри сухрашуди мардумон надод.

Ёро, агар ту рӯй кунӣ, меравад зи ёд

Он чи ба мо муқассими номеҳрубон надод.

Ҷомеаи Афғонистон як ҷомеаи ба шиддат суннатгаро ва мазҳабӣ аст. Вақте дар ҳамчунин ҷомеае садои эътирози шоир ба сӯи осмон мепечад, бад-ин маънӣ аст, ки чунин ҷомеае дар айнӣ ноумедӣ ва сардаргумӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, шоир дар миёни ин ҳама сардаргумӣ гоҳ аз махлуқ ба холиқ шикоят мебарад ва гоҳ аз холиқ ба махлуқ. Шоир дар миёни ин ду танҳо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва адолат аст, дигар ҳеч. Ҷангу хушунат паёмади дигаре низ барои мардуми Афғонистон дошта, ки оворагӣ ва муҳоҷирати онҳо ба чаҳор гӯшаи ҷаҳон аст. Ғами ғарибию ғурбат барои мардуми муҳоҷир камтар аз осебҳои ҷангу хушунат нест. Қанбаралии Тобиш дар шеъре нимоӣ ба шакли намодин ин андуҳро ривоят мекунад:

Одамӣ паранда нест,

То ба ҳар карон, ки пар кашад, барои ӯ Ватан шавад.

Сарнавишти барг дорад одамӣ,

Барг вақте аз баландшохааш ҷудо шавад,

Поймоли обирони кӯчаҳо шавад.

Дар шеъри имрӯзи Афғонистон барои аввалин бор як раванди ҳамоҳангӣ миёни шоирони дохилӣ ва муҳоҷири ин кишвар ба вуҷуд омада буд, ки ин раванд қаблан собиқа надошт. Шеъри имрӯзи Афғонистон кам-кам худро аз сояи идеология берун мекашад ва қасд дорад, ки хориҷ аз мансубияти идеологӣ ва таалуқот ба мазҳабу мактабҳои фикрии гуногун, рисолати аслии худро иҷро кунад. Рисолате, ки ҳадафи он фориғ аз дағдағаҳои мазҳабӣ ва қавмию нажодӣ расидан ба як ҷомеаи амни инсонӣ аст. Акнун, ки бар асари сиёсатҳои дугонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани бозиҳои геополитикӣ ва рақобати қудратҳои бузург бар сари тақсими дубораи ҷаҳон гурӯҳи Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст, авзои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабии ин кишвар рӯ ба таназзул оварда, хатарҳои тозае амнияти кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад. Афғонистон ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои ифротгаро ва терористӣ табдил ёфта, шоирону нависандагону донишмандону равшанфикрони ин кишвар дубора овораву ғариб гардиданд.

Аз соли 2002 то 2021 насли наве аз шоирону нависандагон дар Афғонистон зуҳур карда, як давраи ҷадиди адабӣ дар таърихи ин кишвар оғоз гардида буд. Маҳз дар ин давра дар шаҳрҳои мухталиф анҷуманҳои адабӣ ташкил шуда, маҳфилҳои муназзами нақду баррасии китоб, китобхонӣ ва ҷашнвораҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардида, осори адибон мураттаб чоп мегардид. Теъдоди асарҳои чопшуда дар бист соли гузашта (2001-2021) нисбат ба дигар давраҳо бесобиқа будааст. Илова бар ин аз назари гуногунии мавзуъ ва жанр ин гуна навоварӣ дар хеҷ давраи дигаре аз таърихи адабии Афғонистон такрор нашудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси ин давра зуҳур ва ҳузури занони эҷодкор дар арсаи адабиёту фарҳанги ин кишвар будааст. Бо бозгашти дубораи толибон ба қудрат тақрибан тамоми чеҳраҳои маъруфи адабиёт Афғонистонро тарк карда, дар кишварҳои дуру наздик паноҳанда шудаанд. Ва ин вазъият аз поён ёфтани як давраи адабии дурахшон дар Афғонистон хабар медиҳад.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ