Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов 27 июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан дар оилаи зиёиён - Олимхони Эшонтура ва Макраматхон, ки бо тахаллуси Махфӣ Киромизода ба шеъру шоирӣ машғул буданд, ба дунё омадаандт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони форсии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гаштанд. Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ ҳамроҳи чанд ҳамсабақони хеш барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ихтисоси фалсафа шомил гардиданд. Академик Алоуддин Баҳоуддинов, ки он замон дар сафи пеши файласуфони тоҷик қарор доштанд, Кароматулло Олимовро ба шогирдӣ қабул карданд ва эшон дар соли 1971 рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Абулмаҷди Саноӣ» бомуваффақият дифоъ намуданд. Баъдан Кароматулло Олимов фаъолияташонро дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (ҳоло - Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинов) ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, сарходими илмӣ ва мудири бахши таърихи фалсафа идома доданд. Дар ин мобайн ду бор сафари тулонии хизматӣ ба Афғонистон дошта, дар сафари дуюм ҳамчун сарвари гурӯҳи тарҷумонҳо ва котиби дуюми сафорати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвар ифои вазифа намуданд. Баъди бозгашт аз Афғонистон боз ҳамчун мудири бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолиятро идома доданд.
Фаъолияти сиёсии Кароматулло Олимов низ хеле рангин аст. Эшон дар ин самт аз кор дар гурӯҳи мушовирони ҳизбӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон шуруъ карда, баъдан дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба ҳайси мушовири шуъбаи идеология кор кардаанд. Баъди барҳам хӯрдани ҳизб аз нав ба Академияи илмҳо баргашта, мудири кафедраи фалсафа таъйин шуданд.
Ҳангоме ки дар соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эшонро узви Комиссияи оштии миллӣ таъйин намуданд. Кароматулло Олимов дар зеркомиссияи муҳоҷирон фаъолият мекарданд. Баъдан аз ҷониби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то моҳи октябри соли 2001 вакили мардумӣ буданд. Худи ҳамин сол бо фармони Президенти мамлакат ба мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. Ҳамзамон, ҳамчун раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон фаъолият доштанд. Аз соли 2004 то соли 2007 бошад, дар мансаби пурмасъулияти Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хизмат намуданд. Дар ин давра фаъолияти Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти фарҳангӣ бештар зоҳир гардид. Саҳми ӯ дар ворид шудани мусиқии классикиии тоҷик «Шашмақом» ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ ва Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО, баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Президент дар Юнеско, таъсиси Консерваторияи миллӣ, эҳёи балети тоҷик ба воситаи таъсиси студияи балети тоҷик дар шаҳри Перми Федератсияи Россия, колеҷи хореографӣ, ташкили фестивали театрҳои кишвар баъд аз солҳои муноқиша, тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ бо вазоратҳои марбутаи Хитой, Россия, Эрон ва ғайра хеле назаррас мебошад.
Минбаъд Кароматулло Олимов дар Академияи илмҳо директори Пажуҳишгоҳи фалсафа ва чанде дертар директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъйин шуданд. Баъдан ба ҳайси ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии ин муассиса фаъолият доштанд. Ҳоло сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мебошанд.
Кароматулло Олимов файласуфи донишманд, доктори илм, профессор, академики АМИТ ва арбоби маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ мебошанд. Ҳамчун муҳаққиқи осори ирфонии донишмандони тоҷик дар муаррифии мероси пурғановати эшон ба мардуми Тоҷикистон ва хориҷ аз он хидмати шоистаеро анҷом додаанд. Ӯ сазовори унвони пурифтихори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино буда, беш аз чорсад мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф кардаанд. Эшон муҳимтарин осори Саноӣ ва мутафаккирони дигарро ба чоп омода кардаанд. Шогирдони зиёди устод унвону дараҷаҳои илмии номзаду доктори илм, дотсенту профессор дошта, анъанаҳои устоди хешро дар таҳқиқи илмӣ ва тарбияи шогирдон бо ҳам мебинанд.
Нахустин монографияи илмии устод Кароматулло Олимов бо номи «Ҷаҳонбинии Саноӣ» дар соли 1973 ба табъ расида буд. Ин асарро арзёбӣ намуда, профессор А. Шамолов зикр намудаанд: «Омӯзиши эҷодиёти Саноӣ на танҳо барои муайян кардани паҳлӯҳои мухталифи низоми ҷаҳонбинии мутафаккир, балки ҷиҳати ҳарчи бештар равшан сохтани самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқҳои тоҷику форс дар асрҳои XI-XII аз аҳамият холӣ нест. Зеро намоёнтарин шоирон ва мутафаккирони асрҳои баъдина ба монанди Хоқонӣ, Низомӣ, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Низорӣ ва бисёр дигарон таҳти таъсири ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои Саноӣ қарор гирифта буданд. Муаллиф бо далелу бурҳони илмӣ ва дар доираи методологияи диалектикӣ дар ин рисола исбот сохтааст, ки афкори фалсафӣ ва ирфонии Саноӣ дар инкишофи озодандешии халқҳои форсизабон хидмати арзандаеро анҷом додааст. Мутафаккир нақши ақлро дар ҷараёни маърифати инсонӣ хеле баланд бардошта, алорағми суфиёни шатҳиётгӯ таъкид кардааст, ки ақли инсонӣ қобилияти волои маърифатӣ дорад. Дар робита ба ин гуфтаҳои Саноӣ муаллиф ба хулосае меояд, ки таълимоти вай хусусияти ратсионалистӣ (ақлгароӣ) дорад. Ҳамчунин Саноӣ яке аз поягузорони асарҳои фалсафӣ-дидактикӣ мебошад, чунки вай зери таъсири мактаби ал-Ҷоҳиз ва Ибни Муқаффаъ ин жанри нави адабӣ-фалсафиро дар асри худ идома бахшидааст».
Дар монографияи дигар «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» устод Кароматулло Олимов «воқеъбинона таъкид кардааст, ки ҷавҳари низоми ақидатии Абдуллоҳи Ансориро фазилатҳои инсонпарварӣ ва озодманишӣ, нисбат ба одамони оддӣ мушфиқу ғамхор будан, адолатпарварӣ, тарбияи фарзандону шогирдон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳру садоқат, ростию рафоқат ва монанди инҳо ташкил медиҳанд» (А. Шамолов). Асари устод Кароматулло Олимов бо номи «Тасаввуфи Хуросон» солҳои 1993 ва 2014 ба табъ расида, он, ба андешаи А. Шамолов «ба масъалаҳои таърихи фалсафӣ ва тасаввуфи асрҳои X-XII-и Хуросон бахшида шуда, дар он осор, таълифот ва таълимоти мутафаккирони бузурги асрҳои X-XII, аз қабили Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абӯсаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлил ва интиқоди илмӣ қарор гирифтааст». Монографияи Кароматулло Олимов, ки унвони «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11»-ро дорад, соли 2020 ба нашр расидааст. Дар монографияи мазкур, чунонки аз номаш бармеояд, тасаввуф ва ирфони тоҷикон дар як давраи рушди васеи ин мактаби фалсафӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бо ин мақсад муаллифи монография дар ибтидо манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳрро баррасӣ намуда, зимни он заминаҳои умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии пайдоиш ва рушди мактаби тасаввуф, сарчашмаҳои пайдоиш ва назариёти онро ба хонандагон маълум сохтааст. Ҳамзамон, дар ин қисмати монография сарчашмаҳои асосӣ оид ба тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-ХII кушода шуда, оид ба намояндагони асосии тасаввуфи халқи тоҷик дар ин даврон маълумоти гаронарзише оварда шудааст. Инҳо Ҳаким Тирмизӣ, Абу Насри Сарроҷ, Абу Абдурраҳмони Сулламӣ, Абул Ҳасани Хараконӣ, Абусаиди Абул Хайр, Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон мебошанд. Аз миёни онҳо зикри номи Аҳмади Ҷом Жандапил муҳим аст, ки бо озодфикрӣ ва мубориза бар зидди беадолатии замони худ машҳур буда, ҳаёт, мерос ва ҷаҳонбинии ӯ дар Тоҷикистон то кунун қариб, ки омӯхта нашудааст.
Дар боби дуюми монография масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Дар робита бо ин муаллиф ба масъалаи фалсафаи ҳастӣ дар таълимоти суфиёни ин минтақа, мушкилоти ақл, нафс ва ҷисм, таснифоти илмҳо ва проблемаҳои идроки ирфонӣ, инчунин масъалаҳои маърифат таваҷҷуҳи хосса намудааст. Дар ин зимн дар монография таъкид гардидааст, ки тасаввуфи Хуросон таълимоти сирф динӣ набуда, дар рушди озодфикрӣ нақши муҳим бозидааст ва бо воситаҳои возеҳи рағбатангез фалсафаро ғанӣ гардонида, барои озодии инсон аз бадӣ ва таҳқир андешаҳои асил баён доштааст. Қобли зикр аст, ки дар он замона ин ягона роҳе буд дар нигоҳ доштани афкори фалсафӣ.
Таълимот дар бораи амалияи ирфонӣ дар боби сеюми монография мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Дар ин қисмат муаллиф мақулаҳои (категорияҳои) асосии амалияи тасаввуфӣ, масъалаи муносибатҳои шайх ва мурид ё роҳнамоии маънавӣ, зикр, самоъ ва амсоли онро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид месозад, ки масъалаҳои асосии амалияи ирфонии мактабҳои алоҳидаи тасаввуф аз дидгоҳи методологияи муосир таҳқиқ нашудаанд. Аз ин рӯ муайян намудани доираи масъалаҳои ин амалия дониши моро дар бораи таълимоти равоншиносии бузургони тасаввуф комил хоҳад кард.
Таҳқиқи таълимоти иҷтимоию ахлоқии суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII як қисмати бузурги монографияи донишманди варзида Кароматулло Олимовро ташкил дода, боби чоруми рисолаи мазкур ба пуррагӣ ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Дар ин росто муайян сохтани асосҳои фалсафии таълимоти иҷтимоию ахлоқии тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, таҳлили ақидаҳои иҷтимоию сиёсии намояндагони бузурги ин мактаб, таълимоти ахлоқии онҳо ва масъалаҳои дигари ба ҳаёти иҷтимоии инсон алоқаманд муҳим ҳисобида шудаанд. Муаллиф дар ин самт барҳақ таъкид доштааст, ки аз нуқтаи назари суфиёни тоҷик фоҷиаи ҷамъият ва инсони алоҳида натиҷаи ҳукмронии моддиёт бар маънавиёт буда, бо роҳи озодшавӣ аз ҳама амалҳои паст, хоҳишҳои даргузари моддӣ метавон чунин офатҳоро пешгирӣ намуд. Бо дарназардошти ин маънӣ, суфиёни тоҷик назарияи маърифатро дар бораи роҳҳои идрок ва худшиносӣ, имконпазирии камолоти инсон таҳия намудаанд, ки то ҳол аҳаммияти амалии худро аз даст надодааст.
Масъалаҳои зиёди алоқаманд ба манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни минтақа, амалияи ирфонии онҳо, инчунин таълимоти иҷтимоию ахлоқии ин мутафаккиронро таҳқиқ намуда, муҳаққиқи шинохта Кароматулло Олимов ба чунин натиҷа расидааст, ки намояндагони бузурги ин мактаб бо ақидаҳои озодфикронаи худ бар зидди таассуб, хушунат, таҳқири инсон мубориза бурдаанд. Онҳо мақому мартабаи инсонро, қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, табақавӣ хостаанд баланд бардоранд, таҳаммул ва зиндагии шарофатмандонаро таблиғ намоянд. Аз ин рӯ суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр бо осори гаронбаҳои худ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва эстетикии тоҷикон ва халқҳои ҳамҷавор хидмати намоёнро анҷом додаанд.
Дар маҷмуъ, қобили таъкид аст, ки монографияи Кароматулло Олимов «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII» дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ дар ин самт, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошад. Муаллиф дар рисолаи хеш асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ муаллифи рисола ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои иғроқомез ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”. Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ, дорои аҳамият ва қобили истифода мебошад”.
Дар китоби дигари устод Кароматулло Олимов – “Дар қаламрави фалсафа сиёсат” (соли нашр 2023) мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Мақолаҳо ба се доираи масъалаҳои мубрам бахшида шудаанд.
Дар фасли аввали китоб мулоҳизаҳои муаллиф оид ба масъалаҳои методологияи таҳқиқоти фалсафӣ ва рушди илм оварда шуда, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки яке аз вазифаҳои таърихи фалсафа ин аст, ки бо истифода аз усул ва методологияи илмӣ мероси гузашта, осори шахсиятҳою мутафаккирони бузург, ақидаҳои озодандешона ва инсонпарваронаи онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Барои расидан ба ин мақсад ва барои эҷоди тафаккури солим ва ифтихори миллии ба ҳақиқат ва воқеият созгор, инчунин ташаккули худшиносӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик таҳқиқи таърихи фалсафаи ниёгон бояд ҳатман бо баррасиҳои интиқодӣ, бо истифода аз методологияи илмӣ, методҳое чун диалектикӣ, дедуктивӣ-мантиқӣ, ретроспективӣ, интерполятсия ва амсоли он, инчунин бо дарназардошти воқеияти ҷомеаи муосир сурат гирад.
Аз ин рӯ, дар мақолаҳои ин маҷмуа ба масъалаҳои методологии таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик, методологияи таҳқиқи андешаҳои фалсафӣ дар адабиёт, дастоварди муҳим дар методологияи таҳқиқи фалсафӣ ва илмҳои ҷомеашиносӣ дар мисоли “Асарҳо”-и С.Ятимов таваҷҷуҳ карда шуда, мулоҳизаҳои муаллиф перомуни баҳси дунявӣ ва динӣ, нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар давлати соҳибистиқлол, дастовардҳои олимони ҷомеашиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бист соли Истиқлолият ва ғайра баён гардидаанд.
Доираи дигари мақолаҳои маҷмуа ба андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир бахшида шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки ҳисси кунҷковӣ ва зарурати зиндагӣ инсонро ҳамеша маҷбур мекунад, ки аз паи ҳалли муаммоҳои ҳастӣ шавад, сабаби ҳодисаҳоро пайдо намояд. Аз ин рӯ, на танҳо файласуфони касбӣ, балки шоирон ва адибон низ аз ин раванди ҷустуҷӯ ва инкишофи тафаккур дар канор намонда, назари худро доир ба масъалаҳои моҳияти оламу инсон баён кардаанд. Дар ин росто К. Олимов андешаҳои фалсафӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ, ҷаҳонбинии Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоқонии Шарвонӣ, мероси Мавлоно ҳамчун васлгари фарҳангҳо, ашъори Сайидо, Ҷавҳарӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва амсоли онро аз нигоҳи фалсафӣ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Дар маҷмуа масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар он ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад. Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, муаллиф Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд. Дар ин қисмати маҷмуа оид ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров, академик А.М.Баҳоваддинов низ сухан рафтааст. Устод Кароматулло Олимов моҳияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, масъалаи марксизм ва раванди тамаддуни муосир ва дигар мавзуъҳои мубрамро низ дар таълифоти ба ин китоб воришудаашон баррасӣ намудаанд.
Эътимоду боварии комил дорем, ки номгӯи монография, мақола ва асрҳои дар ин маҷмуа ҷамъоваришуда ба муҳаққиқони фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва тамоми дӯстдорони илму ҳикмат имкон медиҳанд, ки бо шахсият ва асарҳои илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов боз ҳам наздиктар ошноии пурра пайдо кунанд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон