Дар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани неруи зеҳнӣ, тақвият бахшидани ифтихори ватандорӣ, расидан ба қадри ваҳдат ва ғайра талош варзида, идеяҳои ақлонию созандаро тарғиб менамуданд. Яъне аз як тараф, барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар, саъй медоштанд, ки бо асарҳои пурмазмуну нодири худ арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда дошта, аз насл ба насл интиқол диҳанд. То насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо, чеҳраҳои мондагор, аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар тинати худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа созанд.
Табиатан, тоҷикон мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз мебошанд. Аз қадим хонадонҳои он ҳар кадоме барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштанд. Бо вуҷуди аз даст додани низоми давлатдорӣ фарҳанги худро аз бегонашавӣ ҳифз карданд, давра ба давра такмилу сайқал доданд. Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён тӯли қариб ҳазор сол, ки ин мардуми таҳҷоӣ зери зулм ва таъкибҳои қабилаҳои саҳроии турк ранҷу машаққат кашид, хушбахтона фарҳанг, маҳз забони ноб ва осори бо он навиштаи бузургонаш нагузошт, ки номи худро аз саҳифаи таърих рабуда созад.
Бавижа, чун дигар марҳилоти таърихӣ дар асри XIX ва ибтидои қарни XX низ рӯшанбинон ва мутафаккирони тоҷик кӯшиданд, ки бо вуҷуди ҳама гуна нобасомониҳо, беадолатиҳо, хиёнатҳо халқи худ ва таърихи пурарзишашонро ҳимоя намоянд. Барои расидан ба истиқлолияти миллӣ муваффақ шаванд, вале саҳифаи таърихи ин марҳилаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳо эшон натавонистанд зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ гирифта, соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ гарданд.
Хушбахтона ибтидои даҳсолаи охири асри XX дар лавҳи хотираи фарҳангпарваронаи мардуми тоҷик саҳифаи дурахшону тобнок - соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллӣ боқӣ монда, ҳамчун рӯйдоди нодир эътирофи умум пайдо кард. Яъне истиқлолияти давлатӣ барои ин мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолор неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, устувор нигоҳдорандаи ягонагии марзии давлатдории миллӣ дар рӯёрӯи харитаи сиёсии ҷаҳони башарӣ гардид.
Бояд зикр дошт, ки Истиқлолияти миллӣ ҳидоятгари аҳли ҷомеа ҷиҳати арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, бахусус, анъанаву расму русуми аҷдодӣ, суннатҳои решагӣ ва эҳтиром доштани муқаддасоти миллӣ гашт.
Маншаи ташаккулёбии ҳуввияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар маҳсуб ёфт.
Аз ин нуқтаи назар ин ҷо метавон натиҷа бардошт, ки истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ ба вижа тарзи гӯишу савтиёти забонӣ тағйир дод. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз истифодаи ин забон худдорӣ мекарданд. Танҳо ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони соҳаи забоншиносӣ, ихлосмандон ва омӯзгорони фанни забони модарӣ буданд.
Истиқлолият андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд минбаъд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ мондагор мемонад.
Ин марҳилаҳоро метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
- миллатро аз нестӣ, Ватанро аз нобудшавӣ ва марзу буми муқаддасро аз тобеи давлатҳои абарқудрат мондан, раҳонид. Ин марҳиларо месазад наҷоти миллат номид (солҳои 1991-1996);
- бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат ва пирӯз омадани ақли солим расидан ба сулҳи саросарӣ ва ризоияти миллӣ (солҳои 1997-1999);
- марҳилаи созандагӣ (солҳои 2000-2003) – ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб Қалъаи Хумб, ифтитоҳи нақби Анзоб ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар;
- муаррифии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, мақому манзалати он дар сатҳи ҷомеаи башарӣ (2004) – сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, имзои созишномаҳо бо 25 давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо;
- соли фарҳанги оламгир (солҳои 2005-2006) – баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Юнеско, пазируфта шудани Стратегияи рушди милии Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқаи обии Роғун ва ғайра;
- оғози марҳилаи нав (солҳои 2007-2008) - оғози сохтмони неругоҳи Сангтӯда 1 ва 2, роҳи мошингарди Душанбе, Бӯстон ва Чаноқ, нақби Шаҳристон ва ғайра;
- соли Имоми Аъзам (2009), ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳанги таҳаммулгароӣ;
- соли маориф ва фарҳанги техникӣ (2010) – вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир ва низоми таҳсилот ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар низоми маорифи кишвар;
- марҳилаи расидан ба натиҷаҳои назаррасӣ ҳадафҳои Стратегии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар, бахусус, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмин амнияти озуқаворӣ (солҳои 2011-2015);
- марҳилаи талош варзидан ба зиндагии шоиста дар заминаи татбиқи Стратегияи рушдии миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра.
Марҳилаи аввал - марҳилаи тақдирсоз, талош варзидан барои бақои миллат, аз нестшавӣ раҳоӣ бахшидани он мебошад. Зеро ҷанги таҳмилие, ки дар кишвар оташи худро фурузон кард ва бо фирефтаи татбиқи барномаҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ мардуми кишварро ба гурӯҳҳои мухолифи ҳам ҷудо намуд ба истиқлолияти давлатӣ ва рушд додани давлатдории миллӣ монеъаҳо эҷод кард.
Бо вуҷуди ин, дар ин марҳилаи сарнавиштсоз, ҳассос, парешонӣ, низоъҳои сиёсӣ, харобшавии ниҳодҳои давлатдорӣ мардуми шарифи кишвар ба хотири азиз ва муқаддас шуморидани андешаи миллӣ роҳи дурустро пайдо намуданд, ки дар ин ҷода нақши меҳвариро талошҳои мудаввоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бозид. Зеро таъкидҳои Президенти кишвар – бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирии мардум Тоҷикистонро аз нестӣ раҳоӣ мебахшад, самара дод ва гурӯҳҳои даргир ва низоъангезро рӯз ба рӯз ба созиш, якдигарфаҳмӣ, дарк кардани барномарезиҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ ва расидан ба ваҳдат ва сулҳи саросарӣ талқин намуд.
Чӣ тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид доштанд ҷиҳати дастёб шудан ба сулҳи саросарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ Тоҷикистон «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».
Аз ин нуқтаи назар шукрона аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсии ҷомеа ва пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофар ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки ба хонаводаи ҳар як фарди баорӯ номуси тоҷикистонӣ амну осоиш, хушбахтиву саодатмандӣ, умед ба фардои зиндагиро оварда, аҳли кишварро барои пешрафту ободии Ватани азизамон фаъолият намудан, ҳидоят кард. Бинобар ин, ҳар як фарзанди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бояд иродатмандона ва содиқона ин дастоварди арзишманду дар ёди таърихии мардум ҷовидона сабтёфта, яъне ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм, ҷони азизи худ ҳифз намояд. Зеро, тибқи таъкиди бевоситаи Президенти кишвар «Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад».
Воқеан, арсаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳассосият, мавҷи нооромӣ, қатлу куштор, ваҳшонияту ҷаҳолат, ихтилофи назарҳо, ҳамдигарбадбинӣ, бо ҳамдигар эътимод надоштан, нобовариро миёни мардуми сайёра, хусусан аҳолии кишварҳои мусулмоннишин ба вуҷуд овард. Ва абарқудратону сомондиҳандагони ин мавҷи нооромиҳо барои содир кардани қатлу куштор, хароб намудан ҷойҳои муқаддас, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангӣ нерӯи қувватбахш ҷавонон, нафароне, ки синни 18 то 35 соларо доранд ва шомил ба беш аз 100 давлатанд, сафарбар намуда истодаанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони ноогоҳ, гумроҳ, ки хиёнат ба модар, хоки муқаддаси Ватани маҳбуб, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллиро бар худ афзал шуморидаанд аз беиродагӣ ва қонеъ кардани нафси ҳайвонии хеш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ин мавҷи нооромиҳо пайваст гардиданд.
Пеш аз ҳама ҷавонони худогоҳу худшинос, солеҳу содиқ ва ояндасози Тоҷикистони маҳбуб бояд ба чунин паҳлуҳои масъалаҳои ҳадафнок ва тақдирсози сиёсати сулҳофари Ҷаноби Олӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри амалӣ кардани онҳо пайваста талош варзанд. Ба хусус:
- ҷиҳати таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ, ки халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид ва барои муттаҳидии ҳамагони мо замина фароҳам овард, пайваста саҳмгузорӣ намоянд;
- барои андешаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон, инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намудан миёни мардуми кишвар ва ҷомеаи башарӣ нерӯи худро сарф намоянд то он ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ, ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ густариш пайдо намояд;
- донанд ва эҳтиром гузоранд, ки сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ рушди ҷомеа ва умеду орзӯи мо танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегардад;
- бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми «шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ» - ро бар худ муҳим шуморанд;
- фаромӯш набояд кунанд, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад. Зеро, худ шоҳиди ҳол ҳастед, ки имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст;
- эҳсос кунанд, ки ҷавонони содиқ насли ояндасози давлат ва миллатанд, ояндаи кишвар бо дасти онҳо бунёд хоҳад шуд. Бинобар ин, бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доранд, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оранд, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунанд.
- истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот ҳарчанд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат менамояд, вале аз тарафи дигар, маншаи пайвастани ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба созмонҳои ифротӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҷавонон ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоянд, тафааккури хешро рахнаи гароиш ба ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок накунанд, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала машварат намоянд, зеро онҳо беҳтарин маслиҳатгар дар зиндагии ҳар як ҷавони тоҷик мебошанд. Вале фарзанде, ки аз иродаи падару модари худ саркашӣ мекунад, ба маслиҳатҳои муфиди ӯ аҳамият надода, ихтиёран ба ҳар гуна созмонҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад бешак ба сархамиву хиҷолати волидайн меорад ва он фарзанд аз зиндагии худ ҳеҷ гоҳ баракат намеёбад. Ҳамзамон падару модарон бояд аз таҳсили ғайрирасмии фарзандони худ дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар эҳтиёткор бошанд, зеро сарманшаи дигаре, ки ба густариши мафкураи экстремистӣ мусоидат мекунад, маҳз таҳсили ҷавонон дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад ва ғайра.
> Nozim Mahmadiev: Ниҳоят, мувофиқ ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем… бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем».
Ҳамин тавр, ваҳдат рамзи воқеии сулҳофарӣ, таҳаммулпазирӣ ва қадр кардани асолати инсонӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Истиқлолият ифодакунандаи як мактаби зиндагӣ, як таҷрибаи рӯзгор аст, ки шахси худогоҳу ҷавони солеҳ ва соҳибватан метавонанд аз он оини ватандорӣ ва содиқ будан ба Ватан, тарҳрезӣ кардани нақшаи фарҳанги сулҳофарию ҳалли низоъ, эҳтиром кардан ва арҷ гузоштан ба арзиш ва суннатҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ, муваффақ шудан ба орзуву умед ва ғайраро омӯзад.
Самиев Бобоҷон – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.
Илҳом Қурбоншоев - мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.