“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзу асолати ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад".
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре аз саҳифаҳои таърихи пурғановати миллатамон огоҳ ҳастем, халқи тоҷик дар тӯли солҳои зиёд баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатии комили худ чӣ қадар ҷонбозиву азму талошҳо намуда, бо мақсади расидан ба давлатдории мустақили навини хеш басо ҷоннисориҳо намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғози рӯзҳои эълон шудани худ ба ҳайси давлати мустақил дар раванди барқарорсозӣ ва ҳамзамон ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, оромии ҷомеа ва ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи дар кишваррухдода бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Дар ин хусус аз гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмониқтибос меорем, ки барҳақ чунин зикр кардаанд: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброзмедорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисобмеравад”.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан, пеш аз ҳама, барои ҳар як инсони рӯйи олам бахти бузург маҳсуб меёбад. Ин падида ба хусус дар замони ҷаҳонишавӣ нақши муҳимеро мебозад. Истиқлол арзиши нодирест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, обрӯю эътибор, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои давлатро ба таври пурра таъмин менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки миллати соҳибистиқлоли мо аз он ифтихор дорад, ки тӯли зиёда аз се даҳсолаи охир соҳиби давлати мустақили худ гардида, ба Истиқлоли комили сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии худ шарафёб гардид. Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ он аслан гирем Истиқлоли давлатиро ифода менамояд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад.
Аз ин рӯ, Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ, мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳуввияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва пояи устувори давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат истиқлол аст. Бе истиқлоли комили сиёсию иқтисодӣ миллат дастнигару тобеъ буда, маҳрум аз комёбиҳову эътирофу шаъну шараф мемонад. Бинобар ин, инсоният дар раванди зиндагии худ пайваста ҷаҳду талош менамояд, ки дар ин ҷода бамуваффақиятҳои назаррасе ноил гардаду аз шаҳди шаккарини он ком ширин намояд. Ва барои ин гуна комёбиҳо ҳамеша талошу мубориза мебарад.
Тавре, ки ҳамагон аз саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик хуб медонем, Истиқлоли пурраву комили милливу давлатӣ на ҳамеша осон ба даст меояд. Душвории бузургва аз ҳама вазнинтарин дар кишвари мо ибтидои солҳои90-уми асри гузашта, яъне баъди фаноёбии давлати пуриқтидори Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ва ҳамзамонба вуқӯъ пайвастани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Дар ин давраи басо ҳам вазнину фоҷиабор ҳазорҳо нафар ҳамватанони бегуноҳи мо ҷони худро қурбони роҳи Истиқлолу озодӣ намуданд. Душманони миллати тоҷик бо зӯри тиру туфанг боиси ҷангитаҳмилии бародаркушӣ гардида, ҳадафи асосиашон ғасбу ғорати давлати навбунёди миллӣ ва аз байн бурдани миллати тоҷик ва инчунин таърихи бойю пурғановати он буд.
Муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат Истиқлол аст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”.
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик танҳо дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тавонист, ки дубора ба Истиқлоли комили сиёсии худ расад ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст оварад. Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз150 кишвари олам ба расмият шинохта ва онро ба таври пурра эътироф менамоянд. Кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо баробари эътироф кардани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои сатҳи байналхалқӣ тавонист, ки дар арсаи олам сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ созад. Истиқлол нишонаи асосии ҳастии миллат, кафили зиндагии босаодати мардум ва неъмати бебаҳоест, ки вуҷуд доштанаш неъматҳои дигаро ба бор меорад.
Тавре хуб медонем, Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Истиқлоли комил пеш аз ҳама ҳалли чаҳор масоили зеринро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки инҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инчунин таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.
Бояд қайд кард, ки таърихи куҳанбунёди давлату давлатдории мо низ гувоҳ бар он аст, ки дар сурати аз байн рафтани ҳамбастагиву сулҳу Ваҳдати миллӣ, пайдо шудани нофаҳмиҳо дар миёни мардум, гурӯҳҳои ҷудоиандозу иғвогар ва ихтилофпараст ва бадхоҳу бешараф бо роҳи сӯйистифода аз манофеи ғаразноки худ миллатро ба сӯйи низоъу парокандагӣ ва нобудӣ кашида, ҳамзамон мехоҳанд, ки авзои кишвари ободу зебо ва осоиштаро ноором созанд.
Ногуфта намонад, ки маҳз дар ҳамон солҳои вазниниба даст овардани Истиқлоли кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори гарони аз вартаи басо ҳам душвори бесарусомонӣ ва пурхатар баровардани кишварамонро бар дӯши худ гирифта, шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, дар он солҳои дар вазъияти басо ҳам муташанниҷ қарордошта ҷон ба кафи даст ниҳода будандва ниҳоят бо роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кишварамонро аз ҷанги таҳмилӣ ва вартаи фалокату фаношавӣ наҷот доданд. Натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва фидоии миллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоятан дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, феълан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт гардида аст.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки се соли расо дар УқёнусиОром хидмати сарбозии Модар – Ватанро адо намудаанд, ҳамчун шахсияти нотарсу ҷасур ва марди далеру ғаюр ва фидоии миллат бо дуои модари бузургворашон - момаи Майрамбӣ аз тиру туфанг ва танку тӯпу пулемёт наҳаросида, пайваста бо як ҷуръати ба худ хоси рустамонаву ҷавонмардона ба манотиқи хавфноку ҷангзадае чундавлатҳои исломии Афғонистону Покистон ва дар ҳудуди Тоҷикистон ба навоҳии ноороми Рашту Тавилдара ва Вахшу Қӯрғонтеппа мешитобиданд.
Ҳадафи асосии муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани худ чун ҳамеша ҳифзи нангу номуси миллат ва таъмини якпорчагии марзу буми кишвар ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёфт. Тавре, ки шоир гуфтааст:
Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёри қилу қол нест.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки маҳз натоиҷи ҳамингуна саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ баргашта, марҳала ба марҳала бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи обод намудани манзили аҷдодии хеш шуданд. Ин гуна иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бесобиқа ва нодир арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болову баланд бардошт, ки имрӯз ин падидаи нодири таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи мову шумост.
Илова бар ин, айни замон дар ин самт корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ рушду нумӯи тозаи худро пайдо карда, ба мароми созандагиву бунёдкориҳо мубаддал гардидааст. Аз он ҷумла, сохтмону ба истифода супоридани силсилаи неругоҳҳои хурду азими барқи обии “Сангтӯда–1”, “Сангтӯда–2” ва инчунин мавриди истифодаи умум қарор додани ду чархаи НБО “Роғун” гувоҳи гуфтаҳои фавқанд. Ба замми ин, ба истифодадиҳии хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда – 1,2, инчунин ба кор андохтани хати баландшиддати 500 – киловаттаи Ҷануб - Шимол ва ҳамзамон дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм яке аз ғамхориҳои бузурги Роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳсуб меёбад. Илова бар ин, бунёду ба истифодаи мардуми кишвар супоридани роҳу кӯпрукҳо ва нақбҳои бузурги автомобилгард дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе– Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Истиқлол, Шаҳристон, Озодӣ, Хатлон, шоҳроҳи Душанбе– Хуҷанд – Чаноқ ва ҳоказои дигар гувоҳ аз шоҳкориҳои безаволи ин абармарди арсаи сиёсат маҳсуб меёбанд.
Хулоса, метавон гуфт, ки ба шарофати ба даст омадани сулҳу ваҳдатимиллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки асолату ҳувият, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату анъаноти неки ниёгон, давлати соҳибихтиёру озод ва рӯзгори босаодати наслҳои имрӯзу фардоро аз сари нав эҳё намоему ҷашни таърихиву тиллоии 35- солагии дар пеш истодаи онро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва тараннуми Сулҳу Ваҳдату Истиқлоли миллӣ таҷлил намоем.
Алишер РАҲИМЗОДА - номзади илмҳои физикаю математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Каримов О Х. доктори илмҳои физикаю математика, муовини директор оид ба илм Назрублоев Н.Н., котиби илмӣ.