«Фарзандамон шахсест дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳарнақше, ки бигузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бад афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун». (Муҳаммад Ғаззолӣ)
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бетафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошад, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар». Маҳз дар натиҷаи ба воя расидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».
Кӯдак дар ҳама гунна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, аз онҳо ҳифзи иҷтимои мебинанду ёрӣ мегиран, зеро ғамхории доимӣ дар ҳаққи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
«Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд». Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кудак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бе таърих ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар ӯҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд, зеро гузоштани номҳои ба фаҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад.
Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №325 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо чудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.
«Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд». Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқи ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолӣ аз он лаҳзае оғоз меёбад, ки аз чанд давраи эмкуни мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд аз давоми навраси ва ба воя расонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳамиятӣ зоҳир накунанд.
«Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд». Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ, муомилаи дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақтиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанди то сини мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зуроварӣ, экстремистӣ ва терорирстиро манъ намоянд; аз тарафи фарзан мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд ӯҳдадориҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи падару модар вогузор намудааст, ки саркашӣ намудан аз иҷрои ин ӯҳдадориҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузоранд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
Ҳамаи ин ӯҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор оваранд, ки алакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки ҷавобгарии маъмуриро дар намуди огоҳӣ ва аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷову ҳашт сомониро ташкил дода, маблағи ҷаримаи пешбининамудаи қонунгузор аз 174 то 290 сомониро дар бар мегирад.
Ҳамаи ин дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн таркор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд.
Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ба тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони пок дошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.
Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гунна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бамаърифатӣ бар ӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.
«Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад» (Эмомалӣ Раҳмон).
Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд.
Ходими илмии озмоишгоҳи «Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ»-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Ёрова Бибикалон Саидовна