Skip to main content

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ

АГЕНТИИ АМНИЯТИ  ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ

ВА ЯДРОИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

22

 

W22W

Илҳом Мирсаидзода

номзади илмҳои техникӣ, профессор, директор

Тел.: (+992 37) 227 83 83

Факс: (+992 37) 227 38 38

E-mail: i.mirsaidzoda@cbrn.tj

2323232

Аз 1 ноябри соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Агентии  Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) гардида, зарурати таъсиси сохтори танзимкунанда  дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба вуҷуд омад.

Дар aсoси супоришии Ҳукумaти Ҷумҳурии Тоҷикистон тaҳти 3594 (16.1-2) аз 18 сентябри соли 2002, дар сохтори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Агентии энергияи атомӣ ва сипас дар заминаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 аз 25.12.2002) таъсис дода шуд.

Мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон № 117 з 5 ноябри соли 2021 номи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) тағйир дода шуд.

   

 САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ:

Агентӣ дар фаълияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, “Дар бораи бехатарии радиотсионӣ”, “Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ”, “Дар бораи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ”, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, қарор ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Тартиби танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ”, Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, Низомномаи Шурои байниидоравӣ доир ба таъмини бахатраии радиотсионӣ, Оинномаи Агентӣ, санадҳои хусусии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқие, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медарорад, ба роҳбарӣ мегирад.

Агентӣ  тибқи қонунгузории амалкунанда мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар ҷумҳурӣ буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад.

Агентӣ дар ассоси карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №133 ва №134 аз 29 марти соли 2019 ҳамоҳангсози миллӣ оид ба амалинамоии Конвенсия дар бораи маъи коркард, истеҳсол, захирасозӣ ва истифодаи силоҳи химиявӣ ва нобудсозии онҳо ва амалинамоии Конвенсияи оид ба манъи коркард истеҳсол ва ҷамъ намудани захироҳои силоҳи бактериологӣ (биологӣ), токсинӣ ва нест кардани онҳо муайян карда шудааст.

Агентӣ таввасути шуъбаи илмӣ – таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ пешкаш намудани хизматрасониҳо вобаста ба таҳлили радионуклидии намудҳои об, хок, ҳаво, хӯрокаю масолеҳи сохтмон ва дигар мавод, гузаронидани дозиметрии ҷойҳои корӣ, назорати сифати дастгоҳҳои рентгенӣ, омӯзиш дар соҳаи беҳатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, таҳлили криминалистикаи маводщои ядроӣ ва радиоактивиро ба роҳ мондааст.

Барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда Агентӣ ҳамроҳ бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои марбут оид ба риояи меъёрҳои бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, тибқи талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Агентӣ барои татбиқи равандҳои муҳофизати радиатсионӣ талаботҳои зеринро муқаррар намудааст:

- дар ҳолатҳои шуоъхӯрии ба нақша гирифташуда, ҳар як ҷониб, ки масъулияти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиотсиониро ба ӯхда дорад, дар мавриди беасос риоя накардани талаботҳо дахолат мекунад;

- дар ҳолатҳои шуоъхӯрии садамавӣ ва ҳолатҳои шуоъхӯрии мавҷуда, ҳар як ҷониб, ки маъсулияти бехатарии ядроӣ ва радиотсиониро ба ӯҳда дорад, дар мавриди асоснок накардани чораҳои муҳофизатӣ ё тадбирҳои барқарорсозӣ ва тарзи амалисозии онҳо дахолат мекунад;

- дар ҳамаи ҳолатҳои шуоъхӯрии ҳар як ҷониб, ки маъсулияти таъмин бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро ба ӯҳда дорад, ҳангоми таъмин накардани рафти мутобиқгардонии (оптимазатсияи) бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дахолат мекунад;

-дар ҳолатҳои шуоъхӯрии ба нақша гирифташуда, ба ғайр аз шуоъхӯрии тиббӣ, ҳар як ҷониб, ки маъсулияти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро ба ӯҳда дорад, дар мавриди риоя накардани ҳудудҳои дозаҳои муқарраркардашуда дахолат мекунад.

- дастурамалҳои танзимкунандаро вобаста ба масъалаҳои муҳофизат

ва бехатарӣ аз маводи ядроӣ ва радиатсионӣ муқаррар ё қабул мекунад.

Агентӣ барои пешбарӣ, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯӣ ҳуҷҷатҳои ба дастгоҳҳо ва фаъолият дахлдошта, таъсис ва пешбурди феҳристҳои зеринро ба роҳ мемонад:

 

  • феҳристи давлатии баҳособгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти ионофар;
  • феҳристи шуоъхӯрии касбии кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти ионофар кор мекунад;
  • маҳзани донишҳо дар соҳаи ҳастӣ;
  • феҳристи гузоришҳо дар бораи ҳодисаҳои садамавии радиатсионӣ;
  • феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ҳастии истифодашуда;
  • кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовтовҳои радиоактивӣ.

 

Айни замон дар Агентӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода 80 нафар кормандони илмӣ фаъолият менамоянд, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз ҷумла як академики Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, 5 докторони илм ва 16 номзадҳои илм. Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ филиалҳои худро дорад.

Агентӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зеринро амалӣ менамояд:

- тайёр кардани кадрҳои илмӣ, мусоидат намудан ба такмили ихтисоси касбии кормандон, омӯзиши кормандон муассисаю корхонаҳое, ки дар фаъолияташон манбаҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд;

- коркарди комплексии маъдани уран ва партовҳои урандор;

- усулҳои тоза кардани обҳо аз олудагиҳои радиоактивӣ;

- мониторинги радиоэкологии минтақаҳои Тоҷикистон;

- сохтани харитаи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон;

- таҳлили вазъи шуохӯрии радиатсионии кормандон, беморон ва аҳолӣ;

- тадқиқоти мавҷудияти радионуклидҳои табиӣ дар маводи озӯкаворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ;

- ташкил намудан ва гузаронидани корҳои тадқиқотӣ оид ба вазъи бехатарии радиатсионӣ;

- пешниҳод намудани хулоса ба экспертизаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ.

Агентӣ корҳои илмию тадқиқотии худро дар асоси ду мавзӯъҳои илмии зерин амалӣ намуда истодааст:

• «Асосҳои физикию химиявии ҷудо намудани консентратҳои уранӣ аз маъданҳо ва партовҳо» (роҳбари лоиҳа профессор Назаров Х.М.), қайди давлатии № 0120 TJ 01030– барои солҳои 2020-2024;

• «Таҳқиқоти радиоэкологӣ дар обектҳои радионуклиддор» (роҳбари лоиҳа д.и.т. И. Мирсаидзода) қайди давлатии № 0120 TJ 01031 – барои солҳои 2020-2024.

Дар асоси натиҷаи корҳои илмӣ тадқиқотӣ аз ҷониби олимони Агентӣ зиёда аз 500 монографиюву мақолаҳои илмӣ чоп шуда, 30 патенти ихтироот ва 3 шаҳодатномаи муаллифӣ ба даст оварда шуданд.

Айни замон дар Агентӣ 10 нафар магистрантҳо аз рӯи ихтисоси "Радиоэкология ИМ-33.01.03" ва се PhD – докторант аз рӯи ихтисоси «ТНВ- 6D072000» ба таъсил фаро гирифта шудаанд.

Дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 2011 Озмоишгоҳи хизматрасонии техникӣ фаъолият мекунад. Вазифаи асосии озмоишгоҳ пеш бурдани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, кӯмак ба мақоми танзимгар ва расонидани хизматрасониҳои техникӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ:

- корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти технологияҳои коркарди махданҳо ва партовҳои урандор, тоза нмудани обҳои радиоактивӣ ва монитоинги радиоэкологӣ;

- гузаронидани экспертизаи ядроӣ ва радиатсионӣ, криминалистикаи ядроӣ;

- хизматрасониҳо вобаста ба таҳлили радионуклидии намунаҳои об, хок, ҳаво,хӯрока, масолеҳи сохтмон ва дигар намунаҳо;

- дозиметрияи инфиродии кормандон, ҷойҳои корӣ ва клибровкаи асбобҳои дозимтетрӣ.

Инчунин, дар нази Агентӣ “Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон” фаъолият менамояд, ки бо тамоми таҷзиҳоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Пояи моддиву техникии маркази мазкур барои омода намудани магистрантон ва PhD -докторантон низ истифода бурда мешавад. Дар маркази мазкур ҳамасола кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ аз давраҳои омӯзишӣ мегузаранд. Дар Маркази мазкур кормандони соҳаи тиб, ки аз манбаъҳои афканишоти ионофар истифода мебаранд, аз давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат дар самти бехатарии радиатсионӣ низ мегузаранд.

Агентӣ бо чунин муассисаҳои давлатҳои ИДМ робитаи илмӣ дорад ва оид ба мубодилаи таҷриба ҳамкорӣ менамояд:

  1. Федератсияи Русия – Иттиҳодияи давлатии «Росатом» ва Ростехнадзор,
  2. Ҷумҳурии Беларус - Департаменти танзими ядроии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Донишгоҳи давлатии Беларус, Муассисаи таълимии "Институти байналмилалии давлатии экологии ба номи А.Д. Сахаров"-и Донишгоҳи давлатии Беларус
  3. Ҷумҳурии Қазоқистон - Институти физикаи ядроии Вазорати Энергетика,
  4. Ҷумҳурии Арманистон – Маркази илмӣ-техникии бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Илова бар ин, Агентӣ бо Агентии байналмиллалии нерӯи атомӣ (АБНА), Комиссияи Ташкили Аҳдномаи манъи кулли озмоишҳои яроқи ҳастаӣ (СТВТО), Комиссияи Аврупо, Комиссияи танзими ҳастаии ИМА, Департаменти энергетикаи ИМА, Маркази байналмилалии илм ва технология (МБИТ), Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) ва Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсиони Норвегия робитаи доимӣ дорад.

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33

Тел:  (+992 37) 227 83 83

E-mail: info@cbrn.tj  

https://www.cbrn.tj/