Skip to main content

Имрӯз (02.10.2024) дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бахшида ба ҳисоботи 9-моҳа бо иштироки ноиби Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шуъбаи илмҳоифизикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласаи васеъ як масъала- ҳисоботи нӯҳмоҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро директори Марказ, н.и.т., Қодиров А.С. оғоз бахшида, ҳамаи меҳмононро хушомадед гуфта, ҳисоботи9 моҳаи Институтро қироъат намуданд. Алалхусус гуфта шуд, ки дар ин мӯҳлат дар Марказ тадқиқот дар 9 самт бурда шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 47 мақола ба табъ расида ва 11 адад аз онҳо дар маҷаллаҳои дар Scopus ба қайд гирифташуда мебошанд. 3 адад патент гирифта шудааст. Инчунин доир ба ҳамкориҳои дохиливу хориҷии Марказ маълумот дода шуд.

Сипас, ноиби Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз камбудиҳою дастовардҳо суханронӣ карда, баҳри боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан ба маъмурияти Марказ ва кормандони он супоришҳои мушаххас доданд.