Skip to main content

Инсон чун ба дунё омад, азбаски ҳанӯз ба гуфтану роҳгардиҳо қодир нест, аз дигарон вобаста аст. Бинобар ин, муддате то густариши афкор ниёзманд мебошад ва корҳоеро анҷом медиҳад, ки дигарон ба ӯ тавсия медиҳанд. Ба ин монанд истиқлол аст, ки дар аввал ҳар гуна истидрори дигаронро таҳаммул карда, пасон бо дарки масоили гуногун мустақил мешавад. Истиқлоли давлатӣ ифтихору масъулияти бузурги ватандӯстӣ, сарчашмаи саодат ва шукуфоии тамоми мардуми кишвар аст. 33 сол муқаддам халқи рӯзгордида ва фарҳангии тоҷик ба комёбиҳои бузург, ки истиқлоли давлатӣ аст, ноил гардид. Соҳибихтиёрии давлат, ки бо меҳнату заҳмати пайвастаи мардуми озодихоҳ ва махсусан, заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, оғози марҳалаи сифатии таърихи давлатдории Тоҷикистон ва сарнавишти халқи моро ифода намуда, моро бо иҷрои вазифаи хеле муҳими таърихӣ – бунёди давлати наве, ки ба манфиатҳои халқ ҷавобгӯ бошад, навсозӣ ва вогузор кард.

Аксар кишварҳо дар заминаи муқовимат ба истиқлоли давлатӣ расида, бо мурури замон ин ганҷи асосиро такомул бахшидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири кишварҳои пасошуравӣ дар заминаи пошхӯрии Иттиҳоди қавитарин дар солҳои 90-уми асри XX соҳибихтиёриро ба даст оварда, онро бо гузашти вақт такмил додаанд. Суол матраҳ мешавад, ки чаро дар ҳамаи кишварҳои пасошуравӣ пас аз пошхӯрии он бархурду муноқишаҳои марзӣ рух доданд? Посухи ин суолро мебоист дар тақсимоти миллию марзии соли 1924 ҷустуҷӯ кард. Тақсимоте, ки замоне дар пояи манфиат содир гардида буд, имрӯз аносири кинхоҳиро ба бор оварда, ҳосилаш ҷуз адоват чизе нест. Бинобар ин, раванди истиқлолхоҳии аксар кишварҳои пасошуравӣ бо ҳам иртибот дошта, дар заминаи бархурду мусоидат ба вуқуъ пайвастаанд. Албатта, бархурд бо Маскав ва мусоидат бо қудратҳои ҷаҳонист, ки Русияро рақиби асосӣ пиндошта, бо истифода аз пасошуравиҳо мухолифатро имрӯзҳо ба майдони набард табдил додаанд. Аммо вижагиҳои истиқлоли тоҷикон аз дигар ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои пасошуравӣ фарқ мекунад.

Аввалан, вижагии хос дар раванди такомули истиқлол гузашткории қудрат аст, ки бо мухолифони худ созишномаи сулҳро ба имзо расонида, пасон, сӣ дар сади ваколатҳои вазифавиро барои онҳо тақдим намуд. Чун онҳо ба ниҳодҳои қудратӣ ворид гардиданд, ҳамон ормонҳо ва фаъолияти сиёсии дар заминаи итоат аз қудратҳои сатҳи ҷаҳониро идома дода, оқибат боиси ноором гардидани давлат шуданд. Бинобар ин, дер ё зуд саркуб гардиданд, чунки дар таҳияи кирдорномаҳояшон мустақил набуданд.

Сониян, дигар вижагии хос бобати таъмини истиқлоли Меҳан, ки дар дигарон набуд, паноҳандагии мухолифон дар кишварҳои ҳамзабон чун Эрону Афғонистон аст. Гузашта аз ин, Покистон низ мухолифинро ҷалб карда, ба онҳо терроризмро омӯхт. Аз ҳамин хотир, ин кишварҳо тавонистанд бо истифода аз гурӯҳи мухолиф авзоъро дар минтақа боз ҳам тезутунд гардонанд. Сафари ғайримуқаррарии Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул ба ҳайси Сарвари давлат, ки хеле хатаровар буд, ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд.

Сеюмин, сиёсати сулҳҷӯёнаи Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раҳбари сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди истиқлолхоҳии тоҷиконро ба манфиати миллату давлат баррасӣ намуд, ки чунин иқдом дар фаъолияти дигар раҳбарон мушоҳида намешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар воқеъ, поягузори аслии сулҳу Ваҳдати миллӣ буда, кишварро аз нестӣ раҳо намудааст, истиқлоли дилхоҳ давлатеро ба ҳайси “шиносномаи байналмилалӣ” ва ба унвони “эътибори ҷаҳонии миллат” ном мебарад. Ба қавли номбурда, истиқлол неъмати бебаҳо ва рамзи пойдории давлат аст: “Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст” [3, с. 28].

Дар хусуси ба вуқуъ пайвастану идома ёфтани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон анъанаи ёддоштнависӣ идома ёфта, аксар ҳамзамонон хотироти хешро ҷиҳати омилҳои пайдоиш ва паҳншавии ҷанг дар шакли китоб ба қалам овардаанд. Ин хотираҳо нуқтаи назари муаллифонро ба таври мухталиф оид ба вазъияти сиёсии давраи мазкур баён гардидааст. Масъалаи қаламдод намудани сулҳу ваҳдати миллӣ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол намуда, бевосита аз ҷониби афроди иштироккарда дар раванди музокироти сулҳ таълиф гардидаанд, ки дар онҳо ба таври воқеӣ мушкилот, лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирҳалкунандаи тоҷикон тасвир ёфтааст. Оқибат Созишномаи сулҳ дар бораи барқарор кардани ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни қувваҳои даргир ба имзо расид, ки баъдан, ҷаҳониён ин таҷрибаро ба таври муносиб мавриди арзёбӣ қарор додаанд. Маҳз ҳамин сабақҳои таърих бо ташаббуси сарвари давлат боис гардид, ки халқ роҳи сулҳу ваҳдат ва созишро пеш гирифта, давлат ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳо намуд.

Аз мазмуни адабиёти ёддоштӣ дар хусуси сулҳу ваҳдати Тоҷикистони cоҳибиcтиқлол бармеояд, ки ҷумҳурии тозаиcтиқлол тарафдори cиёcaти озоди эътирофу эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, мудохила накардан ба иcтиқлолияти cиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои дигар, гуcтaриши ҳамкориҳову равобити мутақобилан cудманд бо ҳамаи давлaтҳои ҷаҳон баҳри химояи ҳуқуқу манфиaтҳои миллии шаҳрвандон ва марзу бум маҳсуб мешавад.

Қариб дар ҳамаи кишварҳои шомил ба Иттиҳоди Шуравӣ он ҳангом дар заминаи буҳрони сиёсӣ бархурдҳои ақидавӣ пайдо гардида, зимни идора кардани ҳокимияти сиёсӣ мушкил ба вуҷуд омад. Мухолифони қудрат бо ниқоби демократия ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, авзоъро ноором менамуданд. Онҳо ғолибан, ашхоси ранҷида, ё худ аз сохтори давлатӣ рондашуда буданд ва шояд ҳамин омил онҳоро водор сохт, ки ба ақидаҳои хеш хиёнатро раво бинанд. Онҳо зуд ормонҳояшонро фаромӯш сохтанд. Чаро? Чунки онҳоро бо разиши кучактарин чун мавод харидорӣ карда, ба минбарҳо интиқол доданд ва чун баландгӯяк ба манфиати тахрибкорон амр ба маъруф менамуданд. Бинобар набудани барномаи муқовимат ва тафаккури истиқлолхоҳӣ онҳо дар атрофи ҳизби феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ муттаҳид шуда, ҳадафҳои қаблан демократии хешро бар ивази кумакҳои молиявии ин ҳизби мамнуъгардида бохтанд.

Бояд мутазаккир шуд, ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизби мазкур дар заминаи Ҳизби исломии Иттиҳоди Шуравӣ, ки солҳои 70-уми садаи гузашта дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар заминаи кумакҳои молиявию сиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ тавлид ёфта буд, оғоз гардида, ҳеҷ паҳлуи сиёсати муосирро дар бар намегирифт ба ҷуз тероризм ва кирдорҳои тахрибкорона. Шояд касоне пайдо шаванд ин ақидаро дар хусуси аз терроризм сарманшаъ пазируфтани исломи сиёсӣ инкор кунанд, аммо далелҳое ин ҷо пешниҳод мекунем, ки инкори онҳо беақлӣ хоҳад буд. Ин кирдорҳоро дар шакли зерин пешкаш менамоем:

1. Тазоҳуроте, ки дар он одамон назорат мешуданд ва ҳар кӣ муқобил меандешид, ӯро ба канор бурда, мавриди латту кӯб қарор медоданд;

2. Дигар ин ки зимни тазоҳур кӯдаку ноболиғро мисли калонсолон гаравгон гирифтанд ва ин ҳодиса тобистони соли 1992 ба вуқуъ пайваста буд;

3. Пасон, татбиқи кирдорҳои террористӣ зимни интирок дар ҷанги таҳмилӣ ва агар инсони соҳибфикр дар воқеъ, ҳадафманд мебуд, дар ҳеҷ сурат алайҳи бародарону хоҳарони худ тир намеандохт;

4. Баъдан, изҳори ширкат доштан дар кирдорҳои нафратовари ДИИШ, ки созмони террористии таҳияшуда дар Пентагон муаррифӣ мегардид;

5. Ҳамакнун, ширкат дар ғасбкориҳое, ки таҳти бахши хуросонӣ дар Украина маскун ҳастанд. Бинобар ин, онҳо бо вуҷуди бастани аҳду паймон ба халқу давлати тоҷикон хиёнат намуда, то кунун дар гӯшаву канорҳои мухталифи сайёраамон тибқи дастурҳои бегонагон амал мекунанд.

Гузашта аз ин, хоинони Меҳан зуд-зуд ақидаи худро иваз намуда, дунболи андешаҳое ҳастанд, ки онҳоро қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои геосиёсии худ таҳия ва роҳандозӣ намудаанд. Таъминшавии гурӯҳи хиёнатпешаи мазкур бо ҷои зист ва бо маблағ бобати роҳандозӣ шудани кирдорҳои террористӣ дар кишварҳои мутараққӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби дилхоҳ қудратҳо суиистифода шуда, ба интиқоли афкори таҳмилӣ муваззаф гардидаанд.

Дар даврони муосир чӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф мухолифати ашхос вижагиҳои сарпарастӣ дошта, бо дарназардошти кумакҳои молиявии нопайдоканор дар дилхоҳ давлат татбиқ мегарданд. Сарпарастони хориҷии гурӯҳҳои тахрибкор зимни омӯзиши аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин хулосаи муқаррар омадаанд, ки қисме аз аҳолӣ, ки афкори дунявиро душмани дин ҳисобида, фақат бобати дину аҳком меандешанд, онҳо дар ҳуҷраҳои маъхуф исломро аз лиҳози сиёсӣ коркард карда, ҷои панисломизми бритонӣ исломи амрикоиро таҳия сохтанд. Маҳз чунин афкори таҳмилшуда ва дар заминаи ҷанги иттилоотӣ тавсеаёфта дар даврони мо мушкилиҳои гуногунро ба бор овардаанд. Гузашта аз ин, бо истифода аз ҳиҷоб татбиқгардии амалҳои ҷосусӣ на танҳо имрӯз, балки дар таърих исбот шудааст. Бинобар ин, кишварҳои Ғарб бобати таҳия ва интиқоли пӯшишҳои таҳмилӣ сахткӯш буда, баробари иҷрои ин амал боз манфиати гӯшношуниде мебинанд. Аммо ҳамаи ин аз хотири як ҳадаф бознигарӣ гардида, татбиқ мешавад ва он низ олуда намудани аҳолии кишвар бо силоҳи маънавии Ғарб аст, ки худи онҳо ба ин таҷҳизоти ихтирошудаашон “исломи сиёсӣ” ном гузоштаанд.

Таҳиягарони маводи кашфгардида муътиқиданд, ки агар аз инсон ихтиёрро боз гиред, дер ё зуд истиқлоли ӯ хароб шуда, ҷои онро побандӣ мегирад. Бинобар ин, ягона хатари асосӣ ба истиқлоли Ватан исломи сиёсӣ аст, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати кам кардани майли хурофотпарастии аҳолӣ Қонуни танзимро таҳия намуд. Бо вуҷуди ин, гироиши аҳолӣ, бавижа ҷавонон ба фарогирии исломи сиёсӣ дар дохили кишвар низ мушоҳида шуда, омилҳои хатарзоеро ҷиҳати ҳифзу тақвият бахшидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Ҳанӯз ҳам аҳолии кишвар ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, тавассути он афкореро пайгирӣ мекунанд, ки аз дидгоҳашон барои манфиатҷӯйӣ муносиб мебошад. Майли чапу рост ва миёнаравии дилхоҳ зиёии тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки аз дохил низ баъзе аз ҳамватанон бар манофеи аҷнабӣ фаъол ҳастанд. Маҳз ҳамин гироишҳо, ки дар заминаи бархурду мусоидат пайдо шудаанд, роҳҳои муқовимат бо онҳоро таъмин намуда, рушду пешравиро дар заминаи бархурди афкор ба вуҷуд меоранд. Ин ҷо вазифадор ҳастем тазаккур диҳем, ки чаро гирояндагии бархе аз ҳамватанон ба афкори таҳмилӣ ба вуҷуд омад? Ё ин ки чаро уламову аҳли маорифи мамлакат дар аксар мавридҳо алорағми навиштаҳои худ амал мекунанд? Дар ҳоле ки ашхоси бохабар набояд гироянда бошанд ва барои онҳо майл ба бегона марг аст. Таассуфовар аст, ки инчунин гирояндагӣ на фақат дар кирдори диндорон, балки дар рафтори олимон ҳам мушоҳида гардида, далолат аз ин мекунад, ки ҷаҳонбинии динӣ дар аксар шаҳрвандон ғолиб омада, ҷаҳонбинии илмӣ бошад, ҳанӯз ба ҳадди густариш нарасидааст. Бинобар ин, бобати кам кардани сатҳи гирояндагии аҳолии кишвар ба афкори таҳмилӣ зарур меояд, ки биниши дунявии аҳолӣ таҳия гардида, сипас, ба ҳадди комил тақвият ёбад. Густариши тафаккури дунявӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрванд бобати амнияти хеш бештар мутафаккир бошад, чунки ақидаи эҷоди хатар дар кишвар ва ҷонибдории ақибмондагии он мусоидат ба нестии давлату миллат аст.

Лозим ба ёдоварист, ки истиқлол дар дилхоҳ давлат ҳифз мешавад ва омилҳои хатарзо дар раванди истиқлолхоҳӣ бартараф хоҳанд шуд. Аммо ҷиҳати ҳифзу такомули соҳибистиқлолӣ зарурат пеш омадааст, ки инсонҳо на бо унвони дин, балки чун намоянда аз миллат муаррифӣ шаванд. Бинобар ин, сарвари давлат зимни мулоқот дар соли 2024 тазаккур доданд, ки “аввал тоҷикам, баъдан мусулмон мебошам”.

Баъзан чунин ба назар мерасад, ки шахсиятҳо бо истифода аз қудрати миллӣ бобати татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ сахткӯш мешаванд, аммо ин намунаро мо дар рафтори бархе аз чеҳраҳое, ки дар овони ҷанги шаҳрвандӣ манфиатҷӯ будаанд, собит месозем. Ҳатто манфиатҷӯйӣ бархе аз инсонҳоро водор кард, ки бобати ба ҳадаф расидан қудратҳои ҳамсоякишварро ба дахлварзӣ дар сарнавишти Меҳан ҳидоят бинмоянд. Онҳо фикр накарданд, ки бо истифода аз бегонагон худ низ дар назди онҳо побанд мегарданд. Зимни баррасии ин хусусиёт, ки ба раванди истиқлолхоҳии тоҷикон дахолат дорад, мо мебинем, ки ашхоси мансабпараст побандиро бар ивази кумаки хориҷӣ таманно мекунанд. Бинобар ин, дар ин маврид шоҳсухани Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ба ёд меояд, ки бамаврид гуфтааст:

Ҳар кӣ аввалбин бувад, аъмо бувад,

Ҳар кӣ охирбин, чӣ бо маъно бувад.

Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,

Андар охир ӯ нагардад шармсор.

Аммо соҳибистиқлолӣ фақат ҳаводиси солҳои 90-ум намебошад ва ҳар лаҳзаи ҳаёт бобати таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳмгузор буда, торафт бо гузашти айём вижагиҳои нави он пайдо мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор доранд ва дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои гуногун аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Бо назардошти чунин вазъи ҳассос метавон омилҳои зерини бунёдкунандаи нооромӣ ва бесуботӣ дар кишварҳои мухталифро ишора намуд: қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ; қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда; хариду фурӯши одамон ва одамрабоӣ, бахусус занону кӯдакон; кибертерроризм (амнияти иттилоотӣ); экстремизми сиёсии динӣ; бархӯрди тамаддунҳо; гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ ва ғайра. Амалҳои зикршуда тавассути қувваҳои мухталифи радикалӣ ва террористӣ дар идора мешаванд.

Агар геополитикаи муосирро аз дидгоҳи сиёсатҳо баррасӣ кунем, пас ба хулосае меоем, ки тамоми афроди ислоҳталаб, ки ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсии мавҷудбуда ба низоми теократии “Хилофат” ҷаҳд намудаанд, мисли Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, Шайх Муҳаммад Абдуҳи Мисрӣ, ҳизбу созмонҳои муосир бо мо аз қабили “Ҳизбуттаҳрир” ва амсолашон маҳсули тафаккури аҳли мустахбираи кишварҳои Ғарб ва қабл аз ҳама, ИМА мебошад. Бинобар ин, терроризм ва шаклҳои мухталифи тахрибкорӣ дар замони муосир бахше аз геополикаи муосир маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуданд: “Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заифшуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст” [4, с. 4].

Ҳамлаҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, махсусан, давлатҳои мусалмоннишин аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир бо истифода аз таассуби динӣ ва майли хурофотзадагии аҳолӣ роҳандозӣ шуда, ҷиҳати паст бурдани сатҳи ҷаҳонбинии дунявии мусалмонони ҷаҳон таҳия ва тадвин гардидааст. Бинобар ин, ғолибан, дар татбиқи амалҳои террористӣ, ки яке аз усулҳои татбиқсозии манофеъи геополитикӣ маҳсуб мешавад, мусалмонон ширкат дошта, қудратҳо онҳоро бинобар гумроҳии беинтиҳо суиистифода мекунанд ва хоҳанд кард. Аз ҷониби дигар, ин кишварҳо бо Афғонистон ҳамарз буда, хатари кучонидани фасоди динӣ аз ҳамсоякишвар ба онҳо таҳдид менамояд.

Агар мо кишварҳои соҳибтаваҷҷуҳро ба минтақа тазаккур дода, ҷиҳати ошкоршавии ҳадафҳояшон бобати чигунагии Осиёи Марказӣ баррасӣ кунем, дер ё зуд ба хулосае меоем, ки онҳо дар минтақа манфиатҳоро дунболгирӣ намуда, иқдоми онро доранд, ки ба кишварҳои минтақа таъсиргузор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, ки дар тӯли зиёда аз сӣ сол гирифтори даргириҳои дохилӣ мебошад. Азбаски вазъи сиёсии ин кишварро пешгӯйӣ кардан ғайриимкон аст, он ҳамчун манбаи низоъҳои минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои Ғарб ва Амрико, новобаста аз эълони таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ягон кори ҷиддие дар ин самт анҷом надодаанд. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати ДИИШ ба марзҳои шимолии Афғонистон оғоз гардидааст, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Чунин раванд метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ ноамн гардонад, вале Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари нисбатан канора буда, ба вазъи минтақа таъсири калон дошта наметавонад. Онро ҳамчун пойгоҳи интиқоли қувваҳои бегона ба дохили минтақа метавонанд табдил диҳанд. Дар айни ҳол чунин барномаҳои геостратегӣ низ аз ҷониби баъзе коршиносон, аз ҷумла коршиноси рус В. Малашенко пешгӯйӣ шудааст.

Яке аз манфиатҳои иқтисодии Россия дар Осиёи Марказӣ афзудани ҳаҷми гардиши молҳо ва густариши иқтисодиёти кишвар дар минтақа вобаста ба низоми иқтисодӣ ва алоқамандии ҳамгироии онҳо бо Россия ба ҳисоб меравад. Бархе аз манфиатҳои иқтисодии Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба манобеъи энергия вобастагӣ дорад. Самти муҳими стратегияи ИМА ин зери назорат гирифтани захираҳои энергетикии ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳавзаи баҳри Хазар дар он нақши калидиро мебозад. Минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳавзаи баҳри Хазар аз ҷиҳати захираҳои нафтӣ баъд аз Шарқи Наздик дар ҷойи дуюм қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ИМА назорати ин захираҳоро яке аз ҳадафҳои асосии хеш қарор додааст.

Қудратҳои манфиатдор баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор карда, барои низоъҳои дохили минтақа замина омода намоянд. Ҳар яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои таъмини нуфуз дар Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардаанд.

Яке аз муҳаққиқони вижаи сиёсати геополитикӣ ва хатару манфиатҳои геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ С. Ятимов мебошад. Номбурда дар мақолаи хеш таҳти унвони “Геополитика: манфиат ва амният” тазаккур медиҳад, ки ҳар навъи таблиғ манфиати гурӯҳеро ҳимоя хоҳад кард. Аз ҷумла, мавсуф бобати геополитика чунин менависад: “Дар чаҳорчӯби нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардумони он кишвар” [5, с. 56].

Мо имрӯз ба ғайр аз он роҳҳое, ки дар таърихи давлатсозӣ маълуманд, роҳҳои дигареро бояд ҷустуҷӯ намоем, ки замон тақозо мекунад. Тоҷикистон барои баромадан аз буҳрон сиёсати бисёрқутбаро амалан татбиқ менамояд. Пӯшида нест, ки дар замони бозиҳои муташанниҷи гуногунраванду берун аз ҳама гуна назарияҳои давлату ҳуқуқ бояд ҳар як давлати хурди рӯ ба рушд аз тамоми имконот истифода бурда, роҳи хосси худро вобаста ба манфиатҳои миллию давлатии худ интихоб намояд. Ба ин таҳдидҳои зерини минтақавие, ки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла ба Тоҷикистон вуҷуд дорад, водор месозад:

- радикализми сиёсии динӣ;

- набудани бахши истеҳсолӣ, хушбахтона дар Тоҷикистон тадриҷан ин раванд рушд ёфта истодааст;

- баҳсҳои ҳудудӣ;

- тақсими захираҳои об;

- мавҷуд будани анклавҳои миллӣ дар кишварҳои ҳамсоя;

- ривоҷи қочоқи маводи мухаддир;

- норасоии бозори дохилӣ;

- хатари паҳншавии вазъи Афғонистон ба давлатҳои ҳамсоя;

- гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ.

Истилоҳи “мустақилият” чандин фаҳмишро дар замони муосир ба вуҷуд оварда, ҳар яке дар асли хеш муҳтавои мушаххасеро фарогир мебошанд. Бинобар ин, дастурҳои амалие, ки ҷомеашиносон дар хориҷу дохили кишвар тадвин намудаанд, бештар бахшҳои илмии мафҳумро дар бар кардаанд. Баъзе аз уламои ҷомеашинос, ин калидвожаро дар иртибот бо суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар матраҳ намуда, ихтиёрро аз дидгоҳи амниятӣ мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Ниҳоят, ин мафҳум дар муқобили ғасбкорӣ низ истифода мешавад ва ин маънӣ ғолибан, вижагиҳои оммавӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки аз лиҳози нажодӣ ва забонӣ аз соири кишварҳои минтақа мутафовит мебошад, аммо шомилшавии кишвари мо ба ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ далолат хоҳад кард, ки ҳар навъи ҳамлаҳои геополитикӣ ба минтақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахолат дорад. Бинобар ин, зимни пажуҳиши мавзуъ мо тасмим гирифтем кишварро аз минтақа ҷудо накарда, онҳоро дар ҳамбастагӣ баррасӣ кунем. Осиёи Марказӣ айни замон мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии халқии Чин, Ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия, Арабистони Суудӣ ва дигар кишварҳо қарор дошта, ҳар яке аз онҳо дар минтақа манфиатҳоеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки ҷиҳати таҳмилу татбиқи онҳо тамоми асолати қудратиро вазифадор сохтаанд. Бинобар ин, таваҷҷуҳи ҳарҷониба ба минтақа ва кишварҳои алоҳида ҷойгоҳи вижаро дар татбиқсозии сиёсати хориҷии ин кишварҳо дар бар карда, ҳар яке бо роҳу равиши махсусе ба минтақа наздик мешавад.

Муҳаққиқи рус Л. Ивашов масъалаи қудратталабиро бо ҳифзи истиқлоли миллӣ баррасӣ намуда, зимнан таъкид мекунад: “Дар сиёсат одамон, ҷуғрофиё, таърих, иқлим ва муҳити инсон бо ҳам зич алоқаманданд. Мавзуи асосӣ инсон аст, ҳарчанд метавон таъсири қавии омилҳои табииро ба ташаккули ӯ, симои ӯ (архетип) ва рафтори ӯ бихонд. Аммо ин агар аз асосҳои илмии материалистӣ баромад карда, чунин далелҳоеро, ки басо вазнин ва ба одам таъсир мерасонанд, ба назар нагирем, масалан, дин, энергияи ченнашудаи экологӣ, энергияи рӯҳ, хотира, шуур ва ғайра, чунки ихтиёрдорӣ барои синтез дар худ тарҳрезӣ шудааст” [1, с. 8].

Навъи муосири татбиқи ҳамлаҳои геополитикӣ дар минтақа суиистифода шудани аҳолии нисбатан гумроҳ ва аҳли илму маориф маҳсуб мешаванд, ки дар қиёс бо соири қишрҳои иҷтимоӣ дар батни ҷомеа ниёзманд ҳастанд ва ақидаҳои хурофотиро паҳн менамоянд. Бинобар ин, абарқудратҳо ҷиҳати дарозумрии манфиатҳои геополитикии худ ҳавасманданд, ки аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд ҳам ғофил монда, дар банди хурофотзадагӣ умри гаронмояро барбод диҳанд. Шояд аз ҳамин хотир аст, ки Ғарб дар зинаи аввал понисломизмро таҳия карда, мунташир сохт ва баъдан дар зинаи дигар, сиёсисозии исломро таҳия намуда, қариб ҳамаи кишварҳои исломиро гирифтор кард. Гузашта аз ин, ҳамаи кишварҳои минтақа нигоҳи хешро ба геополитикаи муосир доро буда, дар иртибот бо қудратҳои ҷаҳонӣ аз он равишҳое истифода мекунанд, ки баъзан, “манфиатҳои миллӣ” номгузорӣ шудааст, аммо гузашта аз он, байни ин кишварҳо, ки як минтақаро ташкил кардаанд, рақобатҳои дохилӣ ва бархурди манофеи геополитикӣ мавҷуд аст, ки мо онҳоро дар моҷароҳои марзӣ мушоҳида менамоем. Дар шароити муосир мо воқеан эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ ҳанӯз аз тактикаи дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашида­анд. Идома ёфтани ин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҳама гуна ҷомеаҳои мусулмонӣ таъсиргузор шудааст ва ҳар лаҳза мета­во­над ҳамзистии тарафайнро халалдор созад, ҳифзи манфи­ат­ҳои давлат­дории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисо­диёт ва иҷтимоиёти ин кишварҳоро зери шубҳа андозад. Ҳоло мебинем, ки маъракаи мавқеъ­гириҳои исломӣ дар пӯшиши ифротгароӣ ва тундга­роии динӣ барои як марҳалаи дарозмуддат пешбинӣ шуда будааст. Бо андаке эҳтиёт тахмин намудан мумкин аст, ки роҳ додан ба густариши даҳшатноки терроризм ва экстремизм дар минтақаи Ховари Миёна дорои ду ҳадафи стратегии ҷаҳонӣ ва минтақавист. Нахуст, шояд он бошад, ки ташкил шудани як созмони сиёсии кишварҳои умумиит­ти­фо­қӣ бо номи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди империяшакли монанд ба Иттиҳоди Шуравӣ дар матни сиёсати абарқудратони ибтидои асри XXI хушбинона пазируфта нашуд. Аз ҷониби дигар дар дурнамои ҳадафҳои ояндаи Иттиҳоди Аврупо низ бо ҳар роҳу равиш таъмин намудани ҳамкории комплексӣ ва густурда бо кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназа­мин пешби­нӣ шуда буд. Ба таъхир афтодани қабули Туркия ба узвияти Иттиҳоди Аврупо аз мавҷуд будани ихтилофоти ҷиддӣ ва дур будани мавқеи тарафҳо дарак медод. Коршиносони аврупоӣ бо ёрии шарикони стратегии ҷаҳонии худ муайян карданд ва вердикт ҳам бароварданд, ки кишварҳои мусулмонии қисмати шарқӣ-ҷанубӣ ва ҷанубии ҳавзаи Баҳри Миёназамин, ба ҷуз Алҷазоир ва Мағриб ба меъёрҳои демократии Иттиҳоди Аврупо ва ормонҳои эҳёи фарҳанги нави ҳеллинистӣ тамоман мутобиқат надоранд. Абарқудра­то­ни ҷаҳон ҳамин баҳогузории ҳассоси сиёсиро зуд ба эътибор гирифтанд ва дар андешаи амалӣ кардани он афтоданд. Онҳо мақсад гузоштанд, ки аз як тараф, бо истифода аз неруи идеологии ислом бо мазмуни террористии даҳшатафканиаш ба сохтори Иттиҳоди Аврупо рахна ворид намоянд, ки ниҳоят дар шакли Брексит ифода гардид ва аз тарафи дигар, ба амалӣ шудани ваҳдати кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин зарбаи ҷонкоҳ ворид карданд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқлоли миллӣ аз сатҳи мафкура ва авомили тағйирёбии низоми геосиёсии минтақа ва ҷаҳон иборат буда, рафъи ақибмондагиро чӣ дар иқтисод ва чӣ дар маънавиёт иқтизо хоҳад кард. Алҳол, истиқлоли давлатӣ аз сатҳи густариши ҳувияти миллӣ вобаста буда, бинобар иқдомҳои нави башар дар шароити ҷаҳонишавӣ шаклу мазмуни васеътаре ба худ касб намудааст. Бинобар ин, ҷаҳониён ба мазмуни “истиқлоли давлатӣ” нигоҳи ҷадиде дошта, онро зимни баррасии ормонҳо муқаддастарин ҳадаф ҷиҳати таъини сарнавишти хеш пиндоштаанд. Гузашта аз ин, ҷомеашиносони Ғарб ва ИМА ба мисли Э. Гидденс ва С. Хантингтон мушкили ҷомеаҳои рӯ ба инкишофро дар сатҳи басе ҳузнангези тараққӣ дида, тарзи тафаккури ғарбиро андешаи ғолиб муаррифӣ намудаанд. Тибқи андешаи онҳо, дар давлатҳои рӯ ба инкишоф ҳанӯз тарзи муосири ҳувияти миллӣ густариш наёфта, аҳолӣ дар доми хурофаҳои динӣ асиранд ва онҳоро бар манофеъ истифода кардан басе осон аст. Воқеан, дар садаи XXI бо тарзи андешаронии асримиёнагӣ зистан, алаккай мағлубист ва ҳеҷ алоқа бо рушду тараққӣ надорад. Аз ҳамин хотир, бобати таъмини пешрафт инсонҳо бояд бо такмили ҷаҳонбинии дунявӣ зиста, ба дигарон имкон надиҳанд, ки аз ғафлаташон истифода кунанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон дар замони муосир бо мушкилиҳое рӯ ба рӯст, ки дар заминаи ақибмонии зеҳнӣ пайдо шудаанд, вагарна ҳеҷ инсони муосир бо мо дар зиёни хеш маблағ сарф намекунад. Ҳамчунин, худро вазифадор намедонад, ки зиндагии дигаронро аз ҳисоби маблағҳои худ тақвият бахшад. Аммо дар кишвари мо аксар шаҳрвандон дар доми хурофот ва зиёдаравӣ гирифтор буда, дар зиёни хеш сахткӯш мебошанд. Ин ба он маъност, ки ҳанӯз ҳам бештари ҳамдиёрони мо худогоҳ набуда, бинобар ғафлат некро аз бад ва судро аз зиён наметавонанд фарқ кунанд. Бинобар ин, дар ояндаи наздик зарурати дигаргун сохтани муҳтавои зеҳнии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омада, истифода аз сабақҳои таърихие, ки бархе аз миллатҳои ҷаҳон бобати таъмини рушди маънавӣ роҳандозӣ намудаанд, лозим мешавад. Зарур медонам тазаккур диҳам, ки хурофотзадагӣ омили асосии ақибмонии мост ва на чвндон муассир хоҳад буд, агар мо бо чунин биниш дар замони муосир қадам занем. Бояд муосир тафаккур кунем ва муосир пӯшем, вагарна раҳо кардани ҷомеаи зидди дунявӣ боз ҳам мушкилтар мешавад.

Ба кишвари сулҳ мубаддал гардидани Тоҷикистон заминаҳои хуби гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Ба раванди ислоҳоти сиёсӣ зарурати қабули конститутсияи нав, ба расмият даровардани санаду қонунҳои ҷадид, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, сохтори бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва кушодани сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлатҳои ба мо дӯст ва баръакс, ба роҳ мондани сиёсати дохилию хориҷӣ марбут аст. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони бовиҷдону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба вуҷуъ пайвастааст. Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии миллӣ тавассути сиёсати Пешвои муаззами миллат таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ” тавонист аз буҳрон наҷот ёфта, кишварро аз нестшавӣ эмин гардонад ва ба пешрафти назаррасе соҳиб гардад, ки дар тӯли ҳафтод соли ҳукуматдории Шуравӣ ба он соҳиб нагардида буд.

Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад. Бинобар ин, сатҳи муосири худогоҳии миллӣ зарур аст, ки вобаста ба он ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои таҳмилӣ эмин нигаҳ дорем. Ҳамин тариқ, чун гавҳараки чашм ҳифз кардани сулҳу суботи кишвар, оромию осудагӣ, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, арҷ гузоштан ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани рукнҳои давлатдории миллӣ аз худшиносии миллӣ, бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих