Skip to main content

Агар ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, давоми 32-сол дар асоси шартномаҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро беҳтару хубтар намуда, зиёда аз 100 санадро ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳоисиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф, саноат ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои мукаммал байни ду давлат дар соҳаи илм ва маориф робитаҳои зич барқарор шудаанд. Ҳуҷҷати аввал ва бунёдӣ ин Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз 13 январи соли 1993 мебошад. Дар моддаи 3-юми ин Созишнома таъкид шудааст, ки ҳарду давлат саъю кӯшиши худро барои “мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона” равона мекунанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушд ва густариши ин муносибатҳо ният доранд, ки байни созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамкори зич намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академияи Тоҷикистону Қазоқистон аҳамияти хоса зоҳир гардад. 13 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника, саноат ва иттилоот ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 13-июни соли 2000 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ба имзо расид.

Дар чаҳорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассиаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду кишвар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ, ташкил намудани намоишҳои илмӣ ва саноатӣ аз тарафи ҳарду кишвар ба роҳ монда шудааст. Ин намоишҳо барои пешрафти ҳар ду кишвари ба ҳам дусту бародар хело муҳим мебошад. Пас аз гузариши ин чорабиниҳо мардум ба худ як маънии нав ва илҳоми тоза барои пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон як ғизои маънавӣ ва илмӣ ба худ мегиранд.

Дар солҳои 2006-2007 - 100 донишҷӯи курси аввал аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон муаррифӣ шуданд. Ин квотаҳо ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз 4 то 6 майи соли 2006 дода шуда буданд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар дар бораи зарурати эҷоди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ташкили мулоқоти мунтазами олимон, намояндагони соҳаи адабиёт ва санъати ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар доираи таҷлили 550-умин солгарди таъсиси хонигарии Қазоқ, 27 ноябри соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби муаррихи асри 16 Муҳаммад Ҳайдар Дулати “Таърихи Рашидӣ” ба забони қазоқӣ сурат гирифт. Маҳз ин асар аввалин сарчашмаи хаттӣ дар бораи муносибатҳои байни қабилаҳои қазоқ ва халқҳои Муғулистон ва дар бораи вазъи таърихии Ҳафтрӯд (Семиречие), инчунин дар бораи замони таъсиси хонигарии қазоқ мебошад. Тарҷумаи китоб аз забони форсӣ, аз ҷониби профессор А.Нуралиев, ки бо забони қазоқӣ ҳарф мезанад ва нависандаи қазоқ, дулатшинос Мухтар Қазибек анҷом дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар Қазоқистон ҳафт мактаби миёна вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Вале дар назди толибилмони тоҷикзабон масъалаи таъмин бо китобҳои дарсӣ ба миён омад. Вазорати маориф ва илмӣ кишвар дар назди сафорати Тоҷикистон чунин шарт гузошт, ки агар Тоҷикистон мактабҳои мазкурро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунад, он гоҳ ин мактабҳо фаъолият менамоянд, дар акси ҳол мактабҳои мазкур баста хоҳанд шуд ва таълим ба забони қазоқӣ сурат хоҳад гирифт. Дар чунин вазъият сафорати Тоҷикистон аз амборҳои “Тоҷикматлубот” китобҳои солҳои пешин чопшударо ба Қазоқистон оварда тавонист, ки мактабҳои зикршударо аз баста шудан боздорад. Бино ба маълумоти собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон А.Искандаров барои дар оянда баста нашудани мактабҳои тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Пас аз муроҷиати сафорати Тоҷикистон Раиси Ҷумҳур бо ҳавопаймо ҳамроҳи худ барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китобҳои дарсӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси миллии тоҷикиро барои 9 ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳамчун ҳадя оварданд.

Олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ҳанўз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқотҳои илмии худ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони руссиягӣ муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ менамуданд.

Дар асоси ин ҳамкориҳои дучониба соли 2023 бо дастгирии президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳамоиши дастовардҳои мардуми тоҷик аз ҷумла дар саноат, илм, фарҳанги либоспӯшӣ, нишон додани маҳсулоти кишоварзӣ. Пас аз гураши ин чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ба хотири ташрифи президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев шоми дӯстӣ дар сатҳи олӣ гузаронда шуд.

Саидмири Убайдулло - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Худойбердизода