Skip to main content

25 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботи нуҳмоҳаи Шуъбаи илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории ҷаласа раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва аъзоёни Бюрои Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ Мирзораҳимзода Акобир, Ақназаров Оқоназар, Яқубова Мунавар, Ҳисориев Ҳикматулло, Саидов Абдусаттор ва дигар аъзоён иштирок намуданд.

Нахуст ба кори ҷаласаи ноиби президенти АМИТ дар самти илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода Акобир ҳусни оғоз бахшида меҳмонро муаррифӣ намуда ба кори ҷаласа шуруъ намуданд. Дар рафти ҷаласа директорони институтҳо ва марказҳо оид ба самти фаъолияташон ҳисоботҳои мукаммал дода, аз дастовардҳои дар нуҳ моҳи соли 2024 ба дастовардаашон ёдовар шуданд.

Дар идомаи ҷаласа раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баромад намуда, оид ба пешравию муваффақиятҳои самти илмҳои биологӣ суханронӣ намуда, аз дастгириву таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуда таъкид намуданд, ки мову шуморо мебояд сифатан корамонро хуб намуда, дар таҳқиқҳои илмӣ мавзуҳои мубраму муосирро ба нафъи ҷомеа барои пешрафти илми тоҷик кор карда бошем ва ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳар он камбудиву норасоиҳое, ки дар самти фаолиятамон ҳаст кушиш ба харҷ дода дар кӯтоҳтарин муҳлат сади роҳи ин камбудиҳо гирифта шавад.