Skip to main content

24 сентябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Мавқеъ ва стратегияи кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди “се бадӣ” (терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ ва ҷудоихоҳии этникӣ) » баргузор гардид.

Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд. Р.Ҷ. Ҳайдарзода қайд намуд, ки таҳдидҳои нав дар ҷаҳон иттиҳоди неруҳои солим ҷаҳонро тақозо дорад.

Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, н.и.с., дотсент Мамадазимов Абдуғанӣ дар мавзӯи «Мавқеъ ва стратегияи кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди “се бадӣ” (терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ ва ҷудоихоҳии этникӣ)» суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни хонишҳои сиёсӣ ходимони Институт оид ба нақши Тоҷикистон дар муқовимат бар зидди зуҳуроти манфии ҷаҳон мубодилаи афкор намуданд