Skip to main content

(бардош аз сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсия бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 21.09.2024 сол).

Дар ҳаёти инсон садҳо, шояд ҳазорҳо воқеаю ҳаводис рух диҳанд, вале на ҳамаи онҳо хотирнишинанд, бисёрашон зуд ё дер аз дафтари хотирот кӯр мешаванд. Муҳимтаринаш дар ин дафтар нақш гузошта, ба зиндагинома табдил меёбад, як ҷуъзи зиндагӣ шуда мемонад.

Ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мегардад.

Ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ санаи (21.09.2024) мо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбари фарҳангдӯсту илмдӯст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоии бештар ба осору афкор ва шахсияти ин орифи бузург, донишманди беназир аз мавзеи боғи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ва хона-музейи ин чеҳраи тобноки олами илму маърифат воқеъ дар шаҳраки Балх, ки дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, аз наздик дидан намудем.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.

Бо дастгириҳои роҳбарити Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мо олимони ҷавон як сафари бениҳоят хубу хушу хотирмон доштем ва аз сатҳи меҳмоннавозии сокинонаш басо ҳаловат бурдем.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Академияи миллии илҳои Тоҷикистон хело олӣ ва саривақтӣ буда, пеш аз ҳама талқингари дӯстиву ҳамдилӣ ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва созандагиву бунёдкориро дар дили мо олимони ҷавонон бедор месозад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иқдомҳои созанда ва натиҷабахшонро роҳандозӣ менамоянд, ки барои пешрафти илми тоҷик дар оянда имконияти хуб фароҳам меоварад.

Тули ҳашт моҳ аст, ки устоди гиромӣ ба ҳайси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин маркази илми дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад фаъолият доранд. Метавон гуфт, ки дар ин давоми ҳашт моҳ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бисёр аз иқдомҳои созандаву натиҷабахш роҳандозӣ гардидаанд, ки барои пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳанд кард.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт илми тоҷик бениҳоят пешрафт намуда, дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мегардад.

Мо олимони ҷавон ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо миннатдории самимонаи хешро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мерасонем, ки барои мо олимони ҷавон чунин шароитҳоро муҳайё месозанд.

Ростӣ банда натавонистам он ҳама самимияти мардуми ин минтақаро бо сухан иброз дошта бошам, зеро ҳар як шахс баъд аз сафар ба он ҷо худ шоҳиди он ҳама гуфтаҳои боло хоҳад шуд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул корманди Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ