Skip to main content

Бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт миёни олимони ҷавон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминарҳои илӣ ва мизҳои мудаввар ба роҳ монда шудааст.

Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони АМИТ дар таърихи 09.10.2024 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ мизи мудаввар дар мавзуи “Сиёсати таърихсозу фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар раисони ШОҶ-Институтҳо иштирок намуданд.

Дар оғоз раиси ШОҶ-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Нуруллозода Ҳангома ҳама меҳмононро муаррифӣ намуд. Сухани ифтитоҳиро Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ н.и.ф Зиёзода Субҳиддин Насриддин ҳусни оғоз бахшид. Баъдан ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Институт Сайдализода Фаррух дар мавзуи “Сиёсати таърихсозу фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баромад намуд.

Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Раҳбари хирадсолор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини роҳбари давлат интихоб гардиданашон дар заминаи бунёди давлати навини тоҷикон аз сиёсати сулҳпарварона, таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз намуда, барои расидан ба ҳадафҳои рушди давлати миллӣ аз таҷрибаи давлатдориву давлатсозии давлатҳои пешрафтаи олам истифода намудаанд.

Бо мақсади гиромидошт, нигоҳубин ва муаррифии бозёфтҳои бошишгоҳҳои бостоншиносии мамлакат, намоиши дастовардҳои таърихии миллати мо бо иштироки Пешвои миллат 7-уми сентябри соли 2001, дар арафаи ҷашни 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои арзишманду меросбари Академияи миллӣ - Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистони назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кушода шуд.

Олимони ҷавони АМИТ баъд аз ҷамъбаст гардидани мизи мудаввар аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дидан намуда, аз ёдгориҳои таърихӣ ва бостонии халқи тоҷик аз наздик ошно шуданд.