Skip to main content

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар қисмати ғизогирии пиряхи Ванҷях (Феченко) стансияи худкори мушоҳидаҳои метеорологиро бо ҷалби шарикони рушд ва олимони Академияи илмҳои Боварияи кишвари Олмон дар доираи экспедитсияи байналмилалӣ насб намуд.

Экспедитсияи байналмилалии мазкур дар пиряхи Ванҷях давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ бо мақсади гузаронидани корҳои инструменталии саҳроӣ дар қисмати ғизогирии пирях, муайян намудани хатсайри экспедитсионӣ барои таҳқиқотҳои минбаъда ва насби стансияи худкори мушоҳидаи шароитҳои метеорологии қисмати ғизогирии пирях гузаронидашуда, тамоми чорабиниҳои банақшагирифташуда пурра иҷро гардиданд.

Стансияҳои мазкур имконият медиҳанд, ки минбаъд дар қисмати ғизогирии пиряхи Ванҷях мушоҳида, мониторинг ва арзёбии ташаккулёбии равандҳои гидрометеорологӣ ва яхбандӣ дар қисмати ғизогирӣ омӯхташуда, амсилаи ташаккулёбии минбаъдаи он таҳия гардад.

Маълумоти аз стансияҳои мазкур дастрасгардида, инчунин барои омӯзиши шароитҳои иқлимии минтақа, тағйирёбии онҳо, таъсири онҳо ба захираҳои пиряхҳои минтақа ва арзёбии таъсири чанг ба таназулёбии пиряхҳои Тоҷикистон ва минтақа ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо қатъномаи махсус Соли 2025 –ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, 21 –уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар шуда, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои барои илмҳои криосфера» эълон гардидааст.

Боиси ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳали масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст, ки қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории кишвари мо