ЦЕНТРАЛЬНАЯ АЗИЯ И ФРАНЦИЯ: ГОРИЗОНТЫ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ ОТНОШЕНИЙ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Имрӯз, 4 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии албоми «Ганҷинаи Тахти Сангин», ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва омодагӣ ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” нашр шудааст, баргузор гардид.
Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, бахусус таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат солҳои охир ба масъалаи ҳифз, омӯзиш, муаррифии шоиста ва тарғиби мероси гаронбаҳои аҷдодӣ, бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ, ёдгориҳои нодири таърихӣ ва таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, корҳои назаррасеро дар самти таҳкими худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба сомон мерасонад.
Таъкид гардид, ки рӯйдоди имрӯзаро метавон таърихӣ номид. Бори аввал дар тӯли фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон чунин албоми бунёдӣ ба табъ мерасад, ки ба яке аз муҳимтарин ёдгориҳои қадимаи сарзамини мо бахшида шудааст.
Қайд гардид, ки ёдгории Тахти Сангин яке аз барҷастатарин мероси бостоншиносии Осиёи Марказӣ буда, ганҷинаи нодири тамаддуни ориёӣ маҳсуб меёбад. Ин макон сатҳи баланди фарҳангї, маънавӣ, тасаввуроти динӣ ва тафаккури ҳунарии бохтариёни бостон яъне ниёгони тоҷиконро инъикос менамояд. Маҳз дар ҳамин сарзамин унсурҳои муҳими анъанаи тамаддунӣ, ташаккул ёфтаанд, ки дар таърихи фазои васеи Авруосиё нақши назаррас бозидаанд. Мероси фарҳангии моддии ёдгории Тахти Сангин аз пайвастагии амиқи таърихӣ ва ғановати мероси фарҳангии халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Гуфта шуд, ки иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дурнамои навро барои омӯзиши мунтазам, ҳифз ва тарғиби ин мерос фароҳам меорад. Ин як қарор ва сиёсати стратегист, ки ба рушди илмҳои гуманитарӣ, таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллии мо дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст.
Дар ҳамин замина Албоми “Ганҷинаи Тахти Сангин” нахустин қадами амалӣ дар роҳи таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” ба шумор меравад. Он заминаи устувори илмӣ ва консептуалиро барои фаъолияти минбаъдаи марказ гузошта, равиши муосири таҳқиқ ва муаррифии ёдгориҳои тамаддуни ориёиро нишон медиҳад. Бояд махсус таъкид намуд, ки албоми “Ганҷинаи Тахти Сангин” танҳо як нашрияи пур аз акс нест. Ин муарифии натиҷаи заҳмату меҳнати тӯлонии таҳқиқоти бостоншиносӣ, таҳлили илмӣ ва кори ҳамоҳангии мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки албом дақиқияти академиро бо фарҳанги баланди нашр муттаҳид мекунад. Маводи он на танҳо арзиши ҳунарӣ ва таърихии бозёфтҳоро бозгӯ менамояд, балки рисолати муҳими ҳифзро низ иҷро мекунад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон вазифаи умумимиллӣ ва яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд олимони мо дар омӯзиш, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ саҳми арзанда мегузоранд ва Албоми имрӯза далели равшани ин талошҳост.
Дар идома Юсуфшо Ёқубов — узви пайвастаи АМИТ, Додхудоева Лариса — мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Хоҷаева Наргис — ходими калони илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди ИТБМ ба номи А. Дониш, Кэрси Шроф — пажуҳишгари мустақил аз шаҳри Роквилл, иёлати Мэриленд (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Дружинина А.П. — доктори фалсафа (PhD) аз шаҳри Берлин (Олмон), академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Пӯлотов Абдураҳмон — директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди ИТБМ ба номи А. Дониш суханронӣ намуда, доир ба заминаҳои таърихию фарҳангии ёдгории Тахти Сангин, аҳамияти илмӣ ва арзиши тамаддунии он андешаҳои хешро баён карданд.
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30 январи солӣ ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори Маҷлис Маликшо Неъматзода - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар – муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдураҳмонзода Абдураҳмон-Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷон Ҳакимзода-раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Мунира - узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода- Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни маҷлис масъалаҳои муҳим ҷиҳати иҷрои бандҳои паёми навбатии Пешвои миллат, фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими корҳои ташкилию идеологӣ ва вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2026 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлис як қатор фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тибқи нақша – чорабинии АМИТ ва дастуру супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо барои васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо, ғани гардонидани донишҳои амалӣ ва фундаменталӣ, инчунин вохурӣ бо олимон ва муҳаққиқон, бедор намудани шавқу рағбати ғояҳои илмӣ ба таҳқиқот ва навоварӣ хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии кормандони шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ ба пойгоҳҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, ҳамзамон ба Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ сафарбар карда шуданд.
Зимни вохӯрӣ аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро олимони шинохтаи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 30 январ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардида, саҳми олимон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баръало нишон дода шуд.
Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.
Дар намоиш зикр гардид, ки олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии кишвар мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳалӣ муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон омода гардидааст.
Дар идома дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзе, ки дар боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб парвариш ёфтаанд, низ ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳо ва сифати ин ниҳолҳо шинос шаванд.
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.